Муваффақияти мизбонон

Ба қарибӣ дар Самарқанд мусобиқаи қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни калонсолон барои Ҷоми Осиё, чемпионати Осиё дар байни ҷавонони то 23-сола ва параканоэчиён гузаронида шуд.

Дар мусобиқаҳо аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон, Хитой, Япония, Ҳиндустон, Таиланд, Мянма, Шри-Ланка, Филиппин, Ироқ, Камбоҷа, Ҷумҳурияти халқиву демократии Корея ва мамлакатамон қариб 300 нафар варзишгар дар масофаи 200 метр, ҷавонон ва мардҳо дар масофаҳои 200, 500 ва 1000 метр, занҳо дар масофаҳои 200 ва 500 метр қувваозмоӣ карданд. 
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоии Ҷоми Осиё ва чемпионати Осиё қаиқронони мамлакатамон ҷамъ соҳиби 73 медал (29 медали тилло, 25 медали нуқра ва 19 медали биринҷӣ) ва дар мусобиқаҳои параканое соҳиби 3 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд.

З. ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: