МУВАФФАҚИЯТИ ШАМШЕРБОЗОНИ МО

Чемпионати якуми кушоди Конфедератсияи шамшербозии Осиёи Марказӣ байни наврасон ва кадетҳо, ки тӯли се рӯз дар маҷмӯаи Мактаби варзишии бачагону наврасон бинобар гимнастикаи пойтахт баргузор шуд, бомуваффақият ба анҷом расид.

Бояд гуфт, дар ин мусобиқае, ки бо ташаббуси Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Агентии миллии ахбор, Телерадиокомпанияи миллӣ ва Федератсияи шамшербозии Ӯзбекистон роҳандозӣ гардид, ғайр аз варзишгарони мо шамшербозони кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон низ барои пирӯзӣ талош варзиданд.  
Бинобар маълумоти хидмати матбуоти Федератсияи шамшербозии кишвари мо, Зайнаб Дайибекова бинобар намуди шамшер байни кадетҳо ва наврасон рақибони худро мағлуб намуда, ба ҳисоби ҷамоаи мунтахаби кишвар 2 медали тиллоиро ҳамроҳ кард. 
Дар талоши намудҳои рапира, шпага ва шамшер байни наврасон Санҷарбек Собиров, Аҳмадиллохон Солиҳоҷиев, Позилбек Генҷебоев, Ҷасмина Сувонова барин варзишгарони мо аз зинаи баландтарини шоҳсуфа ҷой гирифта бошанд, аз кадетҳо Шерзод Мамутов, Илёс Молина, Шаҳзода Эгамбердиева, Лолита Зиёхӯҷаева ва Марҷона Усмонова соҳиби медалҳои тиллоӣ шуданд. 
Бо ҳамин ҷамоаи мунтахаби Ӯзбекистон дар чемпионати номбурда 11 медали тилло, 9 нуқра ва 16 медали биринҷӣ, ҷамъ 36 медалро ба даст оварда, аз рӯи ҳисоби умумиҷамоавӣ ҷойи якумро ба даст овард. Ҷамоаи мунтахаби Туркманистон бо як медали тиллоӣ соҳиби ҷойи дуюм шуда бошад, шамшербозони Қазоқистон бо 2 медали нуқра ва 7 биринҷӣ аз рӯи ҳисоби умумиҷамоавӣ соҳиби ҷойи сеюм шуданд. 
Бинобар гуфти раиси Конфедератсияи шамшербозии Осиёи Марказӣ Р.Шоабдураҳмонов бо вуҷуди тӯли чанд моҳ аз рӯйхати давлатӣ гузаштани фаъолияти Конфедератсияи мазкур аз ҷониби кишварамон, мо хостем чунин як чемпионатро роҳандозӣ кунем. Фикр мекунам,  чемпионати нахустини он ба маҳорати шамшербозии варзишгарони аъзои конфедератсия афзуд ва дар фаъолияти минбаъдаи онҳо нақши муҳим мегузорад.  
– Ман аз ташкил гардидани Конфедератсияи шамшербозии Осиёи Марказӣ хеле хурсандам ва фикр мекунам чунин мусобиқаҳое, ки бо ташаббус ва зери нишони он баргузор мешаванд, дар фаъолияти минбаъдаи варзишгарони мо нақши муҳим мегузоранд, – мегӯяд президенти Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон Т.Абдураҳмон. – Барои ин ташаббус ба президенти Федератсияи байналхалқии шамшербозӣ А.Усмонов, ҳамчунин, президенти Федератсияи шамшербозии Ӯзбекистон Р.Шоабдураҳмонов ва раисони федератсияҳои минтақа, ки дар инкишофи ин намуди варзиш саҳми худро мегузоранд, миннатдории худро иброз медорам.  
Бинобар маълумоти саркотиби конфедератсия, президенти шамшербозии Афғонистон А.Тариқ ба наздикӣ ташкил намудани чемпионати конфедератсияи номбурда ба назар гирифта шудааст.

М. ҚОДИРЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: