МУВАФФАҚИЯТҲОИ ҚАЗОҚИСТОН ӮЗБЕКИСТОНРО ЧУН ДӮСТ ВА ҲАМСОЯИ НАЗДИК ХУШҲОЛ МЕНАМОЯД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бино бар даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 6 июл аз Қазоқистон боздид ба амал овард ва дар ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 20-солагии шаҳри Остона иштирок намуд.

Президентҳо аз маркази байналхалқии молиявии «Остона» боздид намуданд, ки ба қарибӣ кушода шудааст. Онҳо бо шароите, ки барои соҳибкорон дар ин ҷо ба вуҷуд оварда шудааст ва нақшаҳои ояндаи он шинос гардиданд.
Фаъолияти марказ дар асоси таҷрибаи институтҳои байналхалқии молиявӣ роҳандозӣ гаштааст. Барои иштирокдорони марказ имтиёзоти андоз ба муҳлати то 50 сол, режими оддии виза, асъор ва дар фаъолияти тиҷоратӣ пешниҳод намудани преференсия пешбинӣ гаштааст.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки ин маркази замонавӣ ва инноватсионии молиявӣ барои Қазоқистони бародарӣ дастоварди бузург ба шумор меравад.
Дар қасри Истиқлолият чорабинии тантанавӣ бахшида ба 20-солагии шаҳри Остона барпо шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев мардуми Қазоқистон ва Президент Нурсултон Назарбоевро бо ин санаи таърихӣ самимона табрик намуд. Остона рамзи равшани Қазоқистони нав, мустақил ва муттасил ривоҷёбанда аст. Дар симои он маданият ва анъанаи ғанӣ, дастовардҳои меъмории замонавии мардуми Қазоқистон таҷассум ёфтааст. Ин шаҳр маркази бузурги иқтисодӣ ва молиявӣ, майдони баргузории анҷуман ва мулоқотҳои байналхалқӣ гардид, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид ёфт, ки муваффақиятҳои Қазоқистон Ӯзбекистонро чун дӯст ва ҳамсояи наздик хушнуд месозад. Боварӣ изҳор гардид, ки мулоқот ва чорабиниҳои мунтазам дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳоямонро ба дараҷаи боз ҳам баланд мебардорад.
Тавре ки маълум аст, 6 июли соли 1994 Шӯрои Олии Қазоқистон дар бораи аз шаҳри Остона ба Оқмола кӯчондани пойтахт қарор қабул намуда буд. Бино бар фармони Президент Нурсултон Назарбоев аз 10 декабри соли 1997 шаҳри Оқмола расман пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон эълон гардида буд. 6 майи соли 1998 номи Оқмола ба Остона табдил дода шуд. Бино бар қонуне, ки соли 2008 қабул гаштааст, ҷашни давлатӣ – Рӯзи пойтахт муқаррар гардид, ки 6 июл қайд мегардад.
Дар давраи гузашта ҳудуди шаҳр ба андозаи зиёд васеъ гардида, биноҳои замонавӣ қад афрохтанд. Остона нафақат ба маркази сиёсӣ, балки ба маркази иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мадании мамлакат табдил ёфт.
Дар ин ҷо чорабиниҳои дараҷаи минтақавӣ ва байналхалқӣ баргузор мегарданд. Ҳамин тариқ, пойтахти Қазоқистон намоишгоҳи махсуси байналхалқиро соли 2017 қабул намуд.
Дар таърихи Остона бисёр ҷиҳатҳои барои Ӯзбекистон низ муҳим вуҷуд дорад. Аз ин шаҳр чандин бор президентҳои Ӯзбекистон, ҳайатҳои парлумонӣ ва ҳукуматии мамлакатамон боздид ба амал овардаанд.
Президент Шавкат Мирзиёев 22-23 марти соли 2017 бо ташрифи давлатӣ аз Остона боздид ба амал овард. Дар натиҷаи ин ташриф ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон таҳрики нав касб намуда, зарфияти бузурги мавҷуда татбиқ гардид. Ҳаҷми табодули моли тарафайн ва номгӯйи онҳо афзуд.
Байни минтақаҳо ва доираҳои корчаллони ду мамлакат алоқаҳо фаъол гардид. Ҳамкории маданиву инсонпарварӣ мустаҳкам гардид. Дар доираи Соли Ӯзбекистон дар Қазоқистон, ки соли ҷорӣ баргузор мегардад, бисёр мулоқотҳои маданиву маърифатӣ ва адабӣ баргузор мегарданд.
Роҳбари давлатамон инчунин дар ҳамоишҳои Созмони ҳамкории Шанхай моҳи июни соли 2017 ва Ташкилоти ҳамкории исломӣ моҳи сентябри соли 2017, ки дар Остона баргузор гардиданд, иштирок намуд.
Остонаи расмӣ аз аввалинҳо буд, ки ташаббуси Шавкат Мирзиёевро дар бораи ташкили мулоқоти сарони давлатҳои минтақа дастгирӣ намуд. 15 марти соли  ҷорӣ дар Остона мулоқоти  нахустини машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барпо шуд. Ин ҳамоиши таърихӣ дар марҳалаи шарикии минтақавӣ, некҳамсоягӣ ва боварии ҳамдигар чун нуқтаи ибтидоии нав гардид.
Чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии шаҳри Остона барои табодули самимии афкор боз як сабаб гардид. Ба ин ҷашн инчунин Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварданд.
Дар маросими тантанавӣ бо суруд ва рақсҳои худ устодони санъати мамлакатамон низ баромад намуданд. Чорабинии идона таҷассуми навбатии дӯстӣ ва қаринии мадании мардумамон гардид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни боздид дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вохӯрд. Дар мулоқот масъалаҳои минбаъд васеъ намудани ҳамкории Ӯзбекистону Тоҷикистон ва ҳамчунин масъалаҳои молики хусусияти минтақавӣ ва байналхалқӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо қарор доранд, муҳокима гардиданд.
Роҳбарони давлатҳо инчунин ҷадвали чорабиниҳои ояндаро дар дараҷаи олӣ баррасӣ намуданд.
Бо ҳамин ташрифи Президент Шавкат Мирзиёев ба Қазоқистон ба поён расид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: