Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 марти соли 2020-ум № ҚҶӮ-609

ТАСДИҚ ШУДААСТ ТАВСИФИ

ТАСДИҚ ШУДААСТ
ТАВСИФИ
ордени «Олий Даражали Дӯстлик»
Ордени «Олий Даражали Дӯстлик» аз нуқраи тамғаи 916 тайёр карда мешавад, ки вазнаш 110 грамм буда, бо тиллои иёраш 999-и ғафсиаш 1 микрон пӯшонда шуда, аз чаҳор рӯкаши медалонҳо иборат аст.
Медалонҳои якум ва дуюм дар маҷмӯъ ситораи шонздаҳқирраро мемонад, ки рамзи офтобро нишон медиҳад.
Ҳар як қирраи ситораи якуми ҳашткунҷа, ки аз нуқраи оксиди бо диаметри 63,4 миллиметр тайёр карда шудааст, се нур дорад.
Ситораи дуюми  ҳаштқирраи диаметраш 70 миллиметр аз нуқраи тобони беҷило омода шуда, аз шуоъҳои нақши муқарнаси зарҳалкоришуда ҳошиядорӣ шудааст. Дар болои шуоъҳо  баргҳои муқарнаси тобнок бо дарозии 7,8 миллиметр хобонда шудааст.
Медалони сеюм ситораи ҳаштқирраи тиллоии диаметрашон 42,1 миллиметрро бо шуоъҳои дуқирра мемонад, ки болои он ситораи ҳашткунҷаи диаметраш 39,5 миллиметр бо шуоъҳои чоркунҷаи иборат аз нуқраи  ҷилодор ва сангҳои хотамкоришуда  воқеъ гардидааст.
Медалони чорум, ки дар маркази орден  ҷойгир аст, доираи диаметраш 24,6 миллиметраи бо сири кабуд пӯшонида, бо ҳошияи доираи зарҳалишуда печонда шудааст ва гӯшаи поёниаш доираи бо 6 бриллианти андозаашон 2,4 миллиметраи 0,96 карата нақшбандишударо ифода менамояд. Дар қисми болоии медалон навиштаҷоти тиллоии “OLIY DARAJALI DO‘STLIK” навишта шудааст. Баландии ҳарфҳо 2,3 миллиметр мебошанд.
Дар маркази медалон тасвири барҷастаи тиллоии  кафи кушода ва кабӯтаре, ки дар минқораш шохаи зайтунро нигоҳ медорад, ки рамзи сулҳ ва дӯстӣ мебошад, бо доираи зарҳалии диаметраш 17,2 миллиметр ҳошиядорӣ шудааст.
Орден ду васлкунак дорад:
1) пайвандаки винтдор бо тофта маҳкам кардан ба гайка;
2) чангаки ҷудошаванда, ки ба занҷири орден пайваст карда мешавад.
Дар тарафи дигари орден рақами ҷоиза бо ҳарфи ба андозаи 2 миллиметр фурӯхамида навишта шудааст.
Занҷираи орден бо дарозии 700 миллиметр аз пробаи 916-и нуқраи вазнашон 170 грамм, бо тиллои пробаи 999-и ғафсиаш 1 микрон тайёр карда шудааст. Занҷир ба пайвандҳои калон ва хурд тақсим мешавад. Пайвандҳои калони диаметрашон 45 миллиметр тасвири медалони марказии орденро ифода менамояд, ҳалқаҳои хурд аз ситораҳои ҳаштқирраи  18 миллиметра иборат мебошад. Занҷир аз 22 ҳалқа, аз ҷумла, бандак иборат аст.
Ҳалқаи марказии занҷири орденро ду ҳаштқирраи бо доираи дарунтасвири бо сири кабуд пӯшондашуда ташкил медиҳад. Дар паси ғуруби офтоб паррандаи Humo тасвир ёфтааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: