МУҲАББАТ, САРВАТ ВА ОМАД

(Тамсил)

Зане аз дари хонааш баромад ва дар саҳни назди дарвоза се нафар пирамардро дид.
Вай онҳоро намешинохт, бо вуҷуди ин гуфт:
– Шумо ба ман шинос нестед, шояд гурусна ҳастед. Марҳамат, ба хонаи мо  дароед ва хӯроке хӯред.
– Шавҳарат дар хона? – пурсиданд онҳо.
– Не. Вай нест, – ҷавоб дод зан.
– Ин хел бошад, мо даромада наметавонем, – гуфтанд онҳо.
Бегоҳӣ, вақте ки шавҳараш баргашт, зан ба ӯ дар бораи он чизе, ки воқеъ гардида буд, нақл кард.
– Рав, гӯй, ки ман дар хонаам ва онҳоро  даъват кун, – гуфт шавҳараш.
Зан ба берун баромад ва мӯйсафедонро  даъват кард.
– Ҳамаи мо якҷоя ба хонаат даромада наметавонем, – гуфтанд онҳо.
– Барои чӣ? – ҳайрон шуд зан.
Яке  аз мӯйсафедон фаҳмонд:
– Номи ӯ Сарват, –  яке аз дӯстони худро нишон дода гуфт ӯ. – Ин, – ба рафиқи дигараш ишора карда гуфт мард, – Омад ном дорад. Номи ман бошад, Муҳаббат аст.
Баъди ин илова кард:
– Ҳозир ту ба хонаат рав ва бо шавҳарат маслиҳат кун, ки кадоме аз моро дар хонаатон дидан мехоҳед.
Зан рафт ва ба шавҳараш ҳар чизе, ки шунида буд, нақл кард. Шавҳараш бисёр хурсанд шуд.
– Чӣ хел нағз! – гуфт ӯ. – Агар интихоб кардан даркор бошад, биё, Сарватро даъват кунем. Бигузор ба хона биёяд ва хонаи моро аз амвол пур кунад!
– Азизам, барои чӣ мо Омадро даъват накунем? – зид баромад занаш.
Ҳамаи ин гапҳоро духтархонди онҳо, ки  дар гӯшаи хона нишаста  мешунид, ба назди онҳо давида омад:
– Чаро Муҳаббатро ҷеғ назанем? Он гоҳ дар хонаи мо меҳру муҳаббат ҳукмрон мегардад!
– Биё, ба гуфтаи духтарамон розӣ мешавем, – гуфт шавҳар ба занаш. – Рав ва хоҳиш кун, ки Муҳаббат дар хонаи мо меҳмон шавад.
Зан ба берун баромад ва аз ҳар яки он се мӯйсафед пурсид:  
– Кадоме аз шумо Муҳаббатед? Ба хона дароед ва меҳмони мо шавад.
Мӯйсафеде, ки Муҳаббат ном дошт, табассум кард ва ба сӯйи хона равон шуд. Ду нафар мӯйсафеди дигар ҳам аз паси вай равон гардиданд. Зани ба ҳайратафтода аз Сарвату Омад пурсид:
– Ман танҳо Муҳаббатро даъват кардаму чаро шумо низ ҳамроҳаш медароед?
Мӯйсафедон гуфтанд:
– Агар шумо Сарват ё Омадро даъват мекардед, ду нафари дигари мо дар кӯча мемонданд, вале, вақте Муҳаббатро даъват мекунанд, мо доимо аз паси вай равон мешавем. Дар он ҷое, ки Муҳаббат бошад, Сарват ва Омад ҳам мешавад!

Таҳияи Бахтиёри ҶУМЪА.

 

 

Латифаҳо

– Ту девона шудаӣ, – бонг зад падар ба духтар. – Бубин, аз ҷумраки водопровод об меравад, девори  хона рехтааст, телевизор нишон намедиҳад, яхдон кор намекунад, вале ту бо шоир издивоҷ карданӣ ҳастӣ.
***
Шоире забони шиква кушод:
Аламовар аст шоири классик будан. Тамоми умр ранҷ мекашӣ, саъю кӯшиш ба харҷ медиҳӣ, ки шеъри хуб нависӣ, вале эҷодиёти туро дар синфи сеюм меомӯзанд.
***
Шоире аз шоире пурсид:
– Ту шеъри аҳди нуқраро дарк мекунӣ?
– Бале.
– Ахматоваро низ аз Северянина фарқ карда метавонӣ? 
– Бе душворӣ! Ку, аксҳояшонро бубинам! 
***
Шоире ба шоири майзадае гуфт:
– Муҳаббат паҳлуҳои зиёд дорад. Тамъи он талх аст, вале моро як умр ба сӯйи худ мекашад. Аз муҳаббат хушам меояд, вале гоҳо балои ҷон аст.
Дӯсташ:
– Ба фикрам, ту дар бораи майи ноб ҳарф мезанӣ.
***
Дар маҳфил шоирае бо ҳаяҷон сатри аввали шеърашро хонд ва дигар чизе гуфтан натавонист. Дами аҳли толор ба дарун зад. Зеро шеър бо ин сатр оғоз меёфт: «Бибур сари бадкирдорро...»

Тарҷума ва таҳияи К. ҲАКИМЗОДА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: