Модаре ҷарроҳӣ шуд.
Духтари хурдсолашро наздаш оварданд. Духтар ба назди модар даромаду захмҳои ӯро беист бӯсидан гирифт.
Модар гуфт:
– Духтарам, чӣ кор мекунӣ?
Духтар гуфт:
– Модарҷон, замоне, ки ман меафтидаму ягон ҷоям захмдор мешуд, шумо онро мебӯсидеду сиҳат мешуд. Ман ҳам захмҳои шуморо бӯсидам, то зудтар шифо ёбед.
Ҳолатҳои ғариб
Бачае дар саҳро ба модар гуфт:
– Маро дар шаби торик аз сиёҳии ҳавле монанди деве рӯй менамояд ва аз ин метарсам.
Модар гуфт:
– Матарс. Чун он суратро бубинӣ, далер бар вай ҳамла кун, то ки маълум шавад, ки хаёл аст, на ҳақиқат.
Гуфт:
– Эй модар, агар он сиёҳро модараш васият карда бошад, ман чӣ кунам?
Таҳияи Д. ШУҲРАТЗОД.