МУҲАББАТИ КАСБ

Вақте дар саҳифаи «Ҷаҳони зан»-и рӯзнома рукни нави «Бонувони сухангӯ» ташкил гардид, беихтиёр симои дилкаш ва зебои муҳаррири гуфторҳои бахши тоҷикии радиоканали “Маҳалла” Муҳаббат Ҷиянбоева намоён гашт.

Бо Муҳаббат наздики 15 сол дар шуъбаи тоҷикии радиоканали “Тошканд” ҳамроҳ ифои вазифа намудем... 
Вақте дар оилаи амаки Ҷӯрабой ва холаи Умурҷон фарзанди ҳаштум – духтарчаи дӯстрӯяке ба дунё омад, ӯро Муҳаббат ном гузоштанд. Муҳаббат маъноҳои зиёде дорад – муҳаббат ба Ватан, муҳаббат ба падару модар, муҳаббат ба фарзанд, ба халқу диёр, ба касб... Ҳамаи ин хислатҳо дар симои Муҳаббат таҷассум аст. 
Муҳаббат соли 1970 дар деҳаи зебоманзари Нанайи ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд дида ба дунё кушодааст. Мактаби миёнаи рақами 44-умро бо медали тилло хатм намуда, ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии маданияти Тошканд ба номи Абдулло Қодирӣ супурд ва донишҷӯ гардид. Ба туфайли дониши аъло, одобу ахлоқи ҳамидааш дар чорабиниҳои адабӣ, маънавию фарҳангии донишкада садри маҳфилҳо буд.
Сухани бурро ва талаффузи ширин дорад Муҳаббат. 
– Ин истеъдод аз волидайн ба шумо гузаштааст. Ҳамин тавр? – пурсидем аз ӯ.
– Бале, сухандониву сухангӯӣ ба ману хоҳари калонам Шарофат аз падару модарам гузаштааст. Аз хурдӣ ба наттоқӣ таваҷҷуҳ доштам. Китобу рӯзномаҳоро гирифта, дар назди оина ба наттоқони телевизион тақлид карда мехондам. Падарам инсони маърифатпарвару равшанфикр буд. Аз ашъори Бедил, Машраб хиргоҳӣ карданро дӯст медошт. Дар тӯю маъракаҳои ҳамдеҳагон ғазалхониву достонхонӣ мекард. Модари 93-солаам низ китобдӯст аст, фориғ аз кору бори рӯзгор ва тарбияи фарзандон китоб мехонд. Ба мо низ инро талқин менамуданд. Ҳангоми ба бародаронам арӯс ҷустан, таъкид мекард, ки арӯс бояд илмдӯст, аз оилаи зиёӣ бошад, ҳамон вақт ба фарзандон тарбияи дуруст медиҳад, ба аҳли оилаи шавҳар муносибат ва рафтори хуб мекунад. Модарам бадеҳахону қиссагӯи моҳир. Аз ҳаёти гузаштааш саргузаштҳои хотирмонро бисёр ҳикоя мекунад. Назар ба нақли модарам солҳои мактабхонӣ духтарону писарони деҳаро барои пахтачинӣ ба Мирзочӯл мебурдаанд. Модарам шӯхиомез ба бригадир, ки Аҳмедов будааст, бахшида шеър гуфтааст:
Оқ шапка, қизил шапка, Аҳмедовга ярашган.
Боғистонни қизлари Мирзочӯлга адашган... 
Муҳаббат фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун сухангӯйи гуфторҳои тоҷикии таҳририяти “Дӯстлик”-и Ширкати телевизион ва радиои ҷумҳурӣ оғоз намуд. Дертар дар кафедраи радио ва телевизиони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон чанд муддат кор кард. Аз соли 2017 то ҳол муҳаррири калони гуфторҳои тоҷикии барномаи ахбору таҳлилӣ ва мусиқии “Меҳрангез”-и радиоканали “Маҳалла” мебошад. Аз ҳаёти инсонҳои меҳнаткаш, саховатпеша, ватандӯсту халқпарвар суҳбату лавҳаҳо омода месозад. “Меҳрангез” ҳафтае се маротиба: сешанбе, панҷшанбе ва шанбе соати 22.30 – 22.45 пахш мегардад.    
– Солҳои охир бо ташаббуси Президент ба муносибати дӯстиву бародарии халқу миллатҳо эътибори алоҳида нигаронда мешавад. Барои рушди забон, фарҳанг, урфу одат ва арзишҳои миллии онҳо майдони васеъ омода карда шудааст. Пӯшида нест, солҳои охир шунавандагони барномаҳои радио ба дараҷае коҳиш ёфтаанд. Дар ин хусус чанд сухан мегуфтед.
– Бале, дуруст гуфтед. Вале ҳар як матоъро харидори худаш ҳаст. Дар мамлакат миллату халқиятҳои гуногун дӯстона ҳаёт ба сар мебаранд. Чи хеле ки гуфтем, солҳои охир дар қатори дигар миллатҳо ба фаъолияти мактабу маориф, рӯзномаву маҷалла, китоб, барномаҳои телевизиону радиои тоҷикӣ майдон фарохтар шуд. Радио мактаби маҳорати сухангӯӣ аст, ҳар як ҳарф, ҳар як суханро фикр карда, санҷида баъд баён намудан лозим меояд. Муштариён  ба гуфторҳои тоҷикӣ занг зада, дархост менамоянд, ки гуфторҳои адабӣ, намунаҳо аз панду андарзҳои бузургон, суруду таронаҳои дилангез бештар садо диҳанд.
– Чи тавре ки роҳбари давлат хотиррасон мекунад, занону духтаронро ҳамқадами замон бояд тарбия намуд, онҳоро ҳарчи бештар ба кору лавозими давлатӣ ҷалб намуд, ки ҳамон вақт оилаҳои замонавӣ ба миён меоянд, фарзандони солим, ҷаҳонбиниашон васеъ тарбия меёбанд. Оё дар ин хусус шуморо муҳити оила дастгирӣ мекунад?
– Албатта, зан аввало кадбону, корҳои рӯзгор, тарбияи фарзандон вазифаи аввалиндараҷаи ӯст. Агар муҳити оила созгор бошад ва дар оила сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмӣ бошад, корҳо бомуваффақият пеш мераванд. 
Муҳаббат ҳамсари меҳрубони Баҳодурҷон, модари ғамхори Беҳруз, Сиёвуш ва Самирҷон мебошад. Беҳрӯз ва Сиёвуш муассисаҳои таълими олии кишварро хатм намуда, ҳоло таҳсилро идома медиҳанд.           
Рӯзе ҳамдеҳаам Муртазо Раҳимов, ки ронанда асту вақти зиёди худро дар роҳ мегузаронад, гуфт, ки барномаи тоҷикии “Меҳрангез”-ро дар сари чанбари мошин бисёр мешунавам. Барандаи он хеле зебо ҳарф мезанад, шеъру ғазалҳоро ифоданок қироат мекунад. 
Ногуфта намонад, ки Муҳаббат дар тарҷума ва овоздиҳии як қатор филмҳои бадеӣ ва мултипликатсионӣ маҳорати худро нишон додааст.
Бале, бахти журналист ё эҷодкор дар он аст, ки шунаванда ё хонанда ба эҷодаш ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намояд, ба муаллифи офаридаҳояш баҳои баланд диҳад. 

 Суҳбаторо
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.      
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: