Ҷаҳонро нест зиннат, бе муҳаббат,
Надорад умр лаззат, бе муҳаббат.
Таги боли Ҳумо гар лона созӣ,
Наёбӣ бахту давлат, бе муҳаббат.
Дар доманаи деҳ, дар бари роҳ дарахте буд танҳо. Дар баҳорон чунон гулафшон мешуд, ки шабона шахси раҳгумкарда нуру рӯшнойии онро қиёс карда ба деҳа мерасид. Аммо сад афсӯс, ки ин гулҳои рангину тасхиркунанда бор наоварда, пажмурда шуда мерафтанд. Мегуфтанд, ки ин дарахтро аз кишвари дуре овардаанд. Шахси онро оварда, хеле ҷоҳил будааст. Лаззату ширинии зиндагиро танҳо дар пулу мол ва зӯроварӣ медонистааст. Ба пиндораш ишқу муҳаббат як сухани беарзиш ва пуч будааст. Вақте ки ба ин кишвар меравад, айёми гулрез будааст. Дар ин фасли шукуфтанҳо гулбезии ин дарахт диққати мардро ба худ ҷалб мекунад. Ҳарчанд соҳиби дарахт розӣ намешавад, ки маҳсули меҳнати боғашро ба кишвари бегона баранд, лек марди ҷоҳил яктои онро аз дасти соҳибаш мегирад. Шарикаш дар боғ танҳо мемонад. Рӯз ба рӯз аз ғами ҳиҷрон баргҳояш зард шуда, сипас ба замин рехтан мегиранд. Шамоли бераҳм бошад, баргҳои зарди дар зери дарахти аз ғусса заъфаронгаштаро ба ҳар тараф, ба чуқуриҳо бурда мепартояд. Билохир дарахти танҳо хушк шуда, ба замин меафтад.
Ин манзараи мудҳиш қалби бинандаро реш-реш ва хотирашро ошуфта мекардааст. Гулбезон ва нурафшон будани ин дарахти дур аз ватан афтода бошад, аз ҳамон лаҳза оғоз шуда буд...
Одаме, ки ин дарахтро аз ёраш ҷудо карда оварда, дар кишвараш шинондааст, кайҳо боз дар қайди ҳаёт нест, фарзандонаш низ ба пирӣ расида аз олам гузаштаанд. Аммо дарахт ҳоло ҳам дар доманаи деҳ, дар бари роҳ шабҳои баҳорон роҳи ёри дурафтодаашро, ки рӯзе ба бари он хоҳад омад, нурборон мекард. Роҳгузарон ин мӯъҷизаи ишқро дида дар ҳайрат мемонданд ва ба якдигар нигоҳ карда мегуфтанд: «Як даме таваққуф фармой ва ба ин муҳаббати пок саҷда бинмой!»
Саодат САНГИНОВА,
муаллимаи мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё.