МУҲАММАДТОҲИР ҒАНИИ КАШМИРӢ

(Ба ёди устоди зиндаёд Шавкат Шукуров)

Ёддошт. Муҳимтарин дороие, ки аз падар чун мерос бо ман мондааст, ин: ному насаби табаррук ва чанд нусха китоби арабихатест, ки ба туфайли эҳтиёткории модари муштипарам осебе надидаанд.
“Девони Ғанӣ” яке аз он китобҳост. 
Хаёлан изи дастони падар мекобам, аз ин китоб. Хотира зинда мешавад, ки ин девон воситаи дӯстии ман бо устод Шавкат Шукуров буд. Баробари варақ задан ба гӯшам садои устоди зиндаёд меояд, ки мисраи “Бат асири байзаи  фӯлод гардид аз саҳоб”-и Ғаниро  қироат дорад. Мисле ки дар аснои қироати дарс сӯи ман ишора намуда, бо овози баланд мехонд...
Оре, ҳангоми донишомӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1966-69), бо супориши эшон, ки аз адабиёти классикӣ ба мо дарс мегуфтанд, аз ашъори Ғанӣ “кори курсӣ” навишта ба таҳлили маънои “бат”-и арабӣ (зимни “Қасидаи зимистон”-и шоир), дар монда  будам, ки  устод ҳам ин вожаро дар аввал мисли ман “батосири” хонда, баъди фурсате табассум карда, ислоҳ намуда буданд, ки “бат”-и арабӣ мурғобии мост.”   
Хушо, ки  дӯстии вобаста ба шеъри Ғанӣ то охири умри устод давом кард...
Ғании Кашмирӣ дар адабиёти  асри ҳабдаҳи форс-тоҷик ҷойгоҳи сазовор дорад. Шоир ҳамагӣ 38 сол (1631-1669) умр дида бошад ҳам, дар майдони шеъру шоирӣ (дар “сабки ҳиндӣ”) хеле шӯҳрат ёфтааст. Гузашта аз қитъаи Ҳинду Хуросон то ба қаламрави Бухоро паҳн шудани ашъораш далели ин даъвост.
Сарчашмаҳои муътамад  бар онанд, ки Мулло Тоҳир Ғанӣ аз устод Шайх Мӯҳсини Фонӣ (1615-1671), ки  аз шахсиятҳои донишманд, адиби шинохтаи замон буд, таълим гирифтааст. Дар тазкираи «Миръот-ул-хаёл»-и Шерхони Лудӣ “Ба мадади табъи даррок дар фунуни улум бар устод чирадастӣ”  намудани Ғанӣ маълумот дода шудааст. 
Ғанӣ мусалмони пурқаноат, муаддаб, собир ва мавридшинос будааст. Шеърҳои ӯ аз ин хислатҳояш гувоҳӣ медиҳанд: 
Дар умр бас бувад дами сарде ғизои мо,
Сӯзад зи нони гарм, чу субҳ, иштиҳои мо.
Дар илми фақр ҳар кӣ шуд устод чун Ғанӣ,
Бардошт нусха зи варақи бӯрёи мо.  
Аз ғазалу рубоӣ ва дигар  шеърҳои Ғанӣ фаҳмидан душвор нест, ки вай  шахси озодандеш ва матинирода низ будааст. Бо вуҷуди тангдастию муҳтоҷӣ ба мадҳи амалдорон қасида нанавишта, бо қаноат зиндагӣ кардааст.
Овардаанд, ки овозаи шоир ба гӯши подшоҳи вақт Шоҳҷаҳон мерасад ва Шоҳҷаҳон ба ҳукмдори вилояти Кашмир Сайфхон нома ирсол менамояд, ки Ғаниро  ба пойтахт (Деҳлӣ), ба хидмати дарбор роҳӣ бисозад. Аммо Ғании озодандеш ба ҳукмдор ҷавоби рад дода, аз Сайфхон хоҳиш мекунад, арзашро ба  шоҳ бирасонад, ки  вай девона аст. Баъди се рӯзи ин воқеа аз ҳаёт чашм пӯшидани шоир халқро мутаассир сохт ва ба ҳайрат овард.
Чуноне ки дар китоби “Эрони сағир, ё тазкираи шуарои порсигӯйи Кашмир” навиштаанд: Ғанӣ вақте берун равад, дари хонаашро қулф намекардааст. Ва дар ҷавоби саволи дигарон фармудааст: “Дар хона ба ғайр аз худам чизе, ки қобили арзиш  бошад, надорам. Модоме ки ман дар хона набошам, эҳтиёҷ ба қуфл кардан ҳам нест.” Ҳамин маънӣ, бо килки  Аллома Иқболи Лоҳурӣ, ба сурати зерин, хирқаи назм ба бар кардааст:
Ғанӣ, он сухангӯи булбулнафир,
Навосанҷи Кашмири минупазир.
Чу андар саро буд, дар баста дошт,
Чу рафт аз саро тахтаро во гузошт...
Ба посух чӣ хуш гуфт марди фақир,
Фақиру ба иқлими маънӣ амир:
– Зи ман он чӣ диданд ёрон, равост,
Дар ин хона ҷуз ман матое куҷост?...
Воқеаи ҳайратангези дигар, нисбати Ғании Кашмирӣ дар тазкираи Мирҳусайни Дӯст зикр шудааст. Мусанниф менигорад, ки Ғанӣ дар давоми нуздаҳ сол тақрибан сад ҳазор байт шеър гуфта. Аз ин сафинаи маънӣ фақат ду ҳазор байт баргузида, абёти боқӣ  ба дарё ҳавола кард ва гуфт:
Талаб аз ман чӣ кунӣ девонро,
Ки баёзест ҳама ашъорам! 
Шоири нисбати худ серталаб, тавассути ташбеҳҳои обнорасида, бо камоли итминон изҳори ақида менамояд, ки ояндагон ҳатман ба қадри ашъораш хоҳанд расид:
Тиҳӣ кун, эй дил, аз парвардаи худ зуд паҳлуро,
Ки охир нофа то куштан бувад ҳамроҳ оҳуро.
Нагардад шеъри ман машҳур то ҷон дар танам бошад,
Ки баъд аз марги оҳу нофа берун медиҳад бӯро!
Сарфи назар аз нокомиҳои рӯзгор ашъори Ғанӣ обрӯ ва мартабаи ӯро баланд намуд, ки ағлаби бузургони сухан эътирофаш кардаанд. Адиби  ҳамзамонаш Муҳаммад Афзали Сархуш (1641-1714) дар тазкираи  худ “Каламот-уш-шуаро” ин тавр тавсифаш менамояд: “Муҳаммадтоҳири Ғанӣ соҳиби табъи баланд буда, пояи суханвариро ба дараҷаи камол расонида. Аз хиттаи Кашмир, балки тамоми Ҳинд ҳамчу вай суханваре  хушхаёл ва нозукбанди маъниёб барнахоста”.
Дигар ҳамзамонаш, шоири рангинбаёну нуктасанҷ Мирзо Соиби Табрезӣ (1602-1677) низ мафтун ба ашъори  Ғанӣ будааст. Ҳар гоҳ аз мулки Ҳинд ба Эрон касе ояд, Соиб ҳатман пурсон мешудааст, ки оё аз бисоти Ғании Кашмирӣ барояш китобате наёвард? Ба ҷуз ин мазмун, ки баргирифта аз тазкираи “Маҷмаъ-ун-нафоис”-и Сироҷиддин Алихони Орзуст, маълумоти дигаре ҳам дар ин тазкира ҷой дорад: “Ғанӣ дар бастани мазомини тоза ва банду басти маъонию сафои иборат аз ҳамасрон, балки аз аксар гузаштагон пешқадам аст. Ҷаноби Мирзо  Соиб 200 байт аз девони ӯ интихоб зад ва дар сафинаи худ навишт...”
Тибқи маълумоти баъзе манобеъ (Тазкираи Ҳусайнӣ)  Соиб то ба ҳадде мутаассир аз як байти Ғанӣ шудааст, ки иҷолатан Табрезро ба қасди Кашмир тарк гуфта, бо Ғанӣ мулоқот оростааст. Дар сурати ба инобат гирифтани маълумоти адабиётшинос Абдулғанӣ Мирзоев, ки аз мукотибаи Соиб бо яке аз шайхони Ҷӯйбории Бухоро далолат карда, дар хусуси  ба Бухоро омадани Соиб хабар додааст, ба Кашмир рафтани Соиб  ҳақиқат дорад.
Ҳамин ҷо, мебояд арзи таъкид намуд, ки Мирзо Соиб  дар тарғибу ташвиқ ва густариши услуби тозабунёдии шеъри форсӣ, ки бо номи “сабки ҳиндӣ” қобили қабули аҳли сухан гардид, пешсафи шуарои давр буд. Соиб дар Бухоро ҳам пайравони бисёр дошт. Минҷумла, Шавкати Бухороӣ эътироф кардааст, ки маҳз ба туфайли пайравӣ карданаш ба ашъори  Соиб  шиновар ба дарёи “сабки ҳиндӣ” гардидааст.
Аз маълумоти  баъзе тазкираҳо метавон пай бурд, ки Ғанӣ ҳангоми ҳаёт буданаш соҳибдевон будааст. Аммо, ағлаби муҳаққиқон бар онанд, ки девони мукаммали Ғанӣ аз ҷониби яке аз шогирдонаш (Муҳаммад Алии Моҳир), баъди вафоти шоир, танзим ва соли 1898 дар Лакҳнав рӯйи чопро дидааст.
Чанд ҳарф аз сарсухани “Девони Ғанӣ”, чун намуна, баҳри рӯнамо сохтани нақди тоҷикии адабиёти Ҳиндзамин.
“...Нақди сухан нақдест равон ва ганҷест аз махозини яздон, ки...таровати гуфтору гармии бозори ин матоъ сухан аст...
...Устухонбандии ашъораш ҷони маънӣ ба қолаби лафз меандозад ва банду басти каломаш шикастагии забони қалам дуруст месозад ва назмаш матлаъи девони суханҳост. Ва насраш байтулғазали ҷаридаи иншо. Ҳар байташ ба забони ҳол ба камоли суханфаҳмии ӯ қоил аст. Ва ду мисраи расидааш бар ин даъвӣ ду шоҳиди одил..
Каломи сеҳройинаш муҳим, ғайбӣ аст, ба ин маънӣ нотиқ гардида. Агарчи он маҷмаи камолот бештар ба шоирӣ шуҳрат ёфта ва шеъраш дар ин боб тездастӣ ба кор бурда, аммо камолоти шоирии ӯ намунаест аз камолоти дигар суханони рангинаш, гунаест аз ҷамоли маънии он некӯ. Сайри  табъи бадеҳаёбаш ҳаргиз ба фикри шеър сар фуруд наёварда ва тадвини девонро таҳсили ҳосил шумурда, илмро ниқоби ирфон сохта буд. Ва шеъраш пардадории ҳар ду маънӣ намуд: маорифи ҳақиқӣ дар либоси улуми расмӣ рӯпӯш месохт...,ки шоир (Ғанӣ) гӯяд:
Зи шеъри ман шуда пӯшида фазлу дониши ман,
Чу мевае, ки бимонад ба зери барг ниҳон.
Агар Афлотун нашъае аз фаросаташ медошт, ҳаргиз дар хум наменишаст ва дар тарк ва таҷрид чунон мекӯшид, ки аз пайкари ҳайюлоияш пӯсту устухоне монда буд ва аз асбоби ин ҷаҳонаш коғазе ва қаламдоне аз узлат ва инзивои зотӣ ба ғайр аз суханони ваҳшӣ ба касе ром намешуд ва ба ҷуз маънии ягона бо ҳеҷ касе ошноӣ намекард, муншии Румӣ буд. Муҷассам, ки суханони борикаш ойинаи ҳоли ӯст». 
Баргузидаи ашъор аз гулистони  Ғанӣ

Мо – булбулон, баланд насозем хонаро,
Хуш кардаем хонаи якошёнаро.
Сангиндил аст, ҳар кӣ ба зоҳир мулоим аст,
Пинҳон даруни пунба нигар пунбадонаро.
Шуд санг остонаи дин, ҳайрате, ки буд,
Кофар биёву саҷда кун, ин остонаро.
Дандони мор гарчи ба афсун тавон кашид,
Аз зулфи ӯ ҷудо натавон кард шонаро.
Рӯзе, ки гул зи боғ ба ғорат барад сабо,
Булбул ба бод диҳад сабади ошёнаро...
Андеша зи тангии гӯрат бувад, Ғанӣ,
Дар зиндагӣ зи хок баровар хазонаро.
***
Баски пастию баландӣ шуд зи шеърам бартараф,
Мешавад ҳар мисраам бо мисраи дигар тараф.
Саркашӣ бо зердастон боиси шармандагист,
Обрӯ резад чу гардад шиша бо соғар  тараф.
Охир аз беҷавҳарӣ бояд сипар андохтан,
Гӯ, машав оина ҳар дам бо рухи дилбар тараф.
Иззате дорем дар шаҳри ҷунун к-аз роҳи дур,
Санг меояд ба истиқболи мо аз ҳар тараф.
Сӯзи ишқи мо зи ҳарфи  сарди носеҳ кам нашуд,
Гармии оташ чу мегардад зи сармо бартараф...
***
Фурӯғи шуълаи идрок дар пирист кам пайдо,
Бувад ин маънии пинҳон зи шамъи субҳидам 
пайдо.
Зи хатти лаб намегардад даҳони он санам пайдо,
Ки пинҳон аст мазмун, гарчи мебошад рақам 
пайдо.
Қалам бошад ба ҷойи шамъ базми аҳли маъниро,
Бувад ин маънӣ аз торикии  пойи қалам пайдо.
Намебошад мухолиф қавлу феъли ростон бо ҳам,
Ки гуфтори қалам бошад зи рафтори қадам 
пайдо.
Ба даст аз зулфи  ӯ то сархати девонагӣ дорам,
Чу килкам шакли занҷир аст, аз нақши қалам 
пайдо.
Ғанӣ, то чанд пурсӣ дастгоҳи аҳли дунёро,
Ки бошад вусъати он аз ҳисори Ҷоми ҷам пайдо.
 
Қасидаи зимистон

Мавсими сардисту саргарми яхбандист об,
Бат асири байзаи фӯлод гардид аз саҳоб.
Баски ҳар дам менишинад бар рухаш гарди 
саҳоб,
Шуд чароғи осиё дар чархи гардон офтоб.
Бо забони теша яхро сарзанишҳо мекунанд,
Гар набудӣ сахтрӯ аз шарм мегардид об.
Ҳалқаҳои чашми моҳӣ ҳамчу айнак шуд зи ях,
Кош бинад чашми ӯ хатти шуъои офтоб.
То зи сармо ларза бар андомҳо афтодааст.
Нест ғайр аз мавҷ эмину ҳама дар изтироб,
Барф шабҳо чун чароғи субҳ ояд дар назар.
Партави барқ аст гӯё ҷонишини офтоб,
Кас дар ин шабҳо намеёбад нишони равшанӣ.
Осмон тире ба торикӣ фикандаст аз шаҳоб.
То набинад аз нигоҳи дур осебе зи барф.
Ҳар замон хуршед гирад парда бар чашм аз 
саҳоб.
Садди роҳи турктози лашкари гармист, ях,
Пунба аз оташ ҳаросад, барфу ях аз офтоб.

Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: