МУҲАНДИСИ РӮҲ

Адибоне ҳастанд, ки якбора дар чанд жанр ва навъҳои адабӣ эҷод ва муваффақ мегарданд.

Ҳамид Ғулом низ аз ҳамин гуна соҳибқаламон буд. Вай чун шоир, нависанда, драманавис ва публисист ба тараққиёти адабиёти муосири ӯзбек саҳми муносиб гузошт.
Ҳ.Ғулом соли 1919 дар шаҳри Тошканд таваллуд ёфт, дар дабистони ба номи Форобӣ воқеъ дар маҳаллаи Арпапояи даҳаи Бешёғоч таҳсил гирифт. Дар понздаҳсолагӣ ба факултаи коргарии Институти политехникии Осиёи Миёна дохил шуда, баробари азхудкунии фанҳо ва барномаҳои таълимии муҳандисӣ ба эҷоди бадеӣ машғул гашт. Дар маҷаллаи адабии «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» («Шарқ юлдузи»-и ҳозира) нахустин падидаҳои қаламиаш рӯи чоп диданд. Баъде достони «Толеъ ва қасд»-и ӯ эълон гашт, аз рӯи ҳавас не, бо саъй ва иродаи ҷиддӣ по ба майдони адабиёт гузоштани боз як истеъдоди ҷавон равшан ҳис гашт.
Солҳои сиюми қарни сипаришуда нашри осори шоирони рус А.Пушкин ва М.Лермонтов бо ӯзбекӣ ба нақша дароварда шуд. Тарҷумаи «Мтсири»-и Лермонтов ба шоири ҷавон Ҳамид Ғулом супурда шуд.
Ҳ.Ғулом бо вуҷуди ҳанӯз навниҳоли боғи адабиёт будан, аз ӯҳдаи ин кори масъулиятталаб баромад ва боварии устодонро сазовор гашт. Ин корҳо дар ниҳоят барои ҳамаи адибон мактаби калони эҷодӣ шуданд, навиштааст вай дар хотираҳои худ.
Соли 1941 Ҳамид Ғуломро ба узвияти Иттиҳоди нависандагон пазируфтанд ва ӯ, аз ибтидои Ҷанги дуюми ҷаҳон, дар даврае, ки аз ноҳияҳои ғарбӣ ҷамоаҳои эҷодӣ ба Тошканд эвакуатсия карда мешуданд, дар ташкил ва пешбурди корҳои ташкилоти адибон чун яке аз ёварони Ҳамид Олимҷон камарбаста гардид. Вай дар як вақт ҳамчун мудири шуъбаи газетаи «Қизил Ӯзбекистон», ҳам ба сифати барандаи радиои ҷумҳурӣ фаъолият бурд.
Баъди пирӯзии бузург ва фарорасии рӯзҳои осуда Ҳамид Ғулом дар сафи эҷодкороне, ки ҳаёти худро ба адабиёт бахшидаанд, бо масъулияти том дар ҷамоаҳои эҷодӣ фаъолият намуд. Солҳои 1971-1981 ба Хонаи эҷодии табъу нашри ба номи Ғафур Ғулом сарварӣ кард. Солҳое, ки ӯ роҳбарӣ менамуд, идораи номбурда осори бисёрҷилдаи Алишери Навоӣ, китобҳои беҳтарин ва нодири намояндагони адабиёти классики Шарқу Ғарбро ба чоп расонд. Дар ташкили фаъолияти ноширӣ низ қобилияти нотакрори Ҳ.Ғулом ба зуҳур омад.
Баробари шеър, роман ва қиссаҳои дилошӯб Ҳамид Ғулом дар эҷоди осори саҳнавӣ низ комёб шудааст. «Тошболтаи ошиқ»-и ӯ дар Театри драмавӣ-мусиқии ба номи Муқимӣ ва чандин театрҳои дигар бомуваффақият намоиш ёфта ва насли калонсол аз тамошои он чӣ тавр завқ бурдани худро ҳоло ҳам бо эҳсоси ширин ёд меоварад.
Ҳаёт ва роҳи эҷоди Ҳамид Ғулом тахту ҳамвор набуд. Вай чун Элбек, Чӯлпон, А.Қодирӣ, Усмон Носир, Шуҳрат, Саид Аҳмад азоб ва изтиробҳои тазйиқи ғоявии сохти ҳукмронро дар охири солҳои сиюм аз сар гузаронд.
Тӯфони табъид ӯро ба Душанбе афканд ва, ба бахташ, тоҷикон ӯро бо самимияти том истиқбол карданд. Чанд муддат дар пойтахти Тоҷикистон ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият кард. Он вақт идораи рӯзномае, ки ӯ хидмат менамуд, бо Иттиҳоди нависандагон дар як бино – «Хонаи матбуот» ҷой гирифта буд. Вай дар ин ҷо бо Ҳоҷӣ Содиқ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ ва дигар шоиру нависандагони тоҷик аз наздик шинос шуд. Аз дастгирӣ ва меҳрубонии Бобоҷон Ғафуров баҳраманд гардид. Таассуроташ аз Тоҷикистон ва халқи тоҷик дар қиссаи «Роҳи дарози вафо»-и ӯ, ки ба ҳамсари азизаш Манзурахонум бахшида шудааст, равшан баён ёфтааст.
Ҳамид Ғулом дар китоби худ «Солҳо, роҳҳо ва устодон» қайд кардааст: «Дар Душанбе вақте назди қабри устод Турсунзода сукут меварзидам, солҳои нотакрору пурхурӯши ҷавониам ва шеъре, ки тобистони соли 1938 навишта будам, ба ёдам мерасид. Он шеър «Варзоб ҷӯш мезанад» унвон дорад:
Як қадам болотар аз шаҳри Душанбе,
Дар паноҳи қуллаҳои сабзпӯш,
Мезанад Варзоб ҷӯш.
Кӯфта сар аз санг бар санги дигар,
Аз паи эҷоди оҳанги дигар,
Мезанад Варзоб ҷӯш,
Мавҷҳои он дил орад бар хурӯш.

Ҷовидон дарёи Варзоб,
Чун саманди бодпой
навҷавонӣ дар шитоб.
Лаҳзае оромӣ дар ҷону дили 
Варзоб нест,
Чашми ӯро хоб нест.
Чун дили ман шӯхшангу беқарор он доимо,
Гӯиё чобуксавор он доимо.
Байни Ҳ.Ғулом ва Мирзо Турсунзода риштаҳои меҳру оқибат як умр мустаҳкам монданд.
Маълум, ки устод Турсунзода дар Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд хонда ва минбаъд низ борҳо меҳмони азизи ин шаҳри азим, гули сари сабади анҷуманҳои бонуфузе гардида буд, ки дар ин ҷо барпо мешуданд. 
...Бегоҳирӯзие телефони хонаи Ҳамид Ғулом занг зад. Ӯ аз гӯшӣ садои хастаи Мирзо Турсунзодаро шунид, ки мегуфт: «Аз Индонезия баргаштам, бояд ба Маскав рафт, лекин саломатиам хуб нест. Ба Душанбе баргардам, гӯям дер шудааст». Ҳамид Ғулом «ҳозир ба фурудгоҳ расида меравам» гӯён гӯширо гузошт. Ва зуд ба аэропорт рафта, шоири тоҷикро ба хонааш овард. Турсунзода худро беҳол ҳис мекард. Баъди тановули мастобаи мурчдору истироҳати бофароғат дар манзили дӯст ба худ омад. Аз шохи дарахте хониши булбул ба гӯш мерасид. Садои роҳатбахши шаршара низ шунида мешуд. «Шаршара наздик аст?» – пурсид Турсунзода. Ҳ.Ғулом меҳмонашро ба оғӯши табиат раҳнамоӣ кард. Ҳарду ҷое рафтанд, ки гулдурросзанон обшор мефуромад. Аҷиб, роҳатбахш, масарратзо буд манзараи маҳтобшаби лаби шаршара дар фасли тобистон.
Устод Турсунзода дастҳои худ ба ду ҷониб ёзонд, аз ҳавои наму серун чуқур-чуқур нафас кашид, ба ваҷд омад ва гуфт: «Бисёр зебо!»
Ҳамид Ғулом поягузори адабиёти тоҷик дар давраи навин Садриддин Айниро чун устод ҳурмат мекард. Хотираҳояш дар бораи Айнии бузургвор низ қобили таваҷҷуҳ аст. Соли 1950, асное дар Эски Олмазор истиқомат  мекард, бо ҳамроҳии Ғафур Ғулом ба Самарқанд, ба зиёрати устод Айнӣ рафтан, чи тавр аз меҳмоннавозии ин пири хирад як умр сипосгузор монданашро Ҳамид Ғулом таъсирбахш қаламдод намудааст.
Нависандаи мардумии Ӯзбекистон, арбоби санъати Ӯзбекистон бо шахсият ва фазилатҳои наҷиби инсонӣ низ ба дили хурду калон роҳ ёфта буд. Дар ин бобат Саид Аҳмад чунин зикр намуда: «Ҳамид Ғулом дар ҳама ҷо, дар ҳама маврид халқашро ҳурмат кардааст, дар бораи халқи худ суханҳои зебо гуфтааст. Ӯ маънавият, арзишҳои миллӣ, оинҳои мардумиро хуб медонист. Шоире буд, ки бо суханони самимӣ ва нияти нек қалбҳоро лабрези сурур мегардонд».
Оне, ки солҳои ҷавонӣ дар муҳандисӣ хонд, аз сафи адибони номвар ҷой гирифт – муҳандиси рӯҳ қарор гирифт.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: