МУҲАҚҚИҚИ ҶОННИСОРИ ИЛМ

Тадқиқотчии хастанопазири адабиёт ва фарҳанги Шарқу Ғарб Фозила Сулаймонова соли 1919 дар шаҳри Марғелон дар оилаи зиёӣ ба дунё омад.

Ӯ, баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1937-1941 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Низомии Ганҷавии Тошканд таҳсил гирифт. Ф.Сулаймонова фаъолияти омӯзгории худро дар Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло ДМӮ) оғоз намуд, дертар дар Донишкадаи давлатии забон ва адабиёти ба номи Алишери Навоии Академияи илмҳои Ӯзбекистон, Осорхонаи давлатии адабиёти Институти дастхатҳо чун ходими калони илмӣ кор кард.
Олима, ки фаъолияти илмии худро аз тадқиқи таърихи адабиёти Ғарб оғоз намуда буд, дар солҳои 60-уми асри гузашта рисолаҳои «Люсен-Левен»-и Стендал ва «Шекспир дар Ӯзбекистон»-ро офарид. Олима дар китоби аввалини худ ба офаридани биографияи эҷодии Стендал муваффақ гардид. Дар асари дуюмаш бошад, хонандаи ӯзбекро бо ашъори Шекспир ошно намуд. Хусусан, фикрҳои муаллиф доир ба таърихи ба кишвари мо ворид шудани асарҳои Шекспир, рангорангии тарҷумаҳои он ҷолиби диққатанд.
Олима дар тӯли 30-40 соли баъдӣ адабиёти Шарқу Ғарб, робита ва таъсири байниҳамдигарии тамаддуну илму фан, дар ташаккули маданияти Аврупо таъсири Шарқро омӯхт. Ба ин мақсад аз мамлакатҳои Шарқу Ғарб дидан кард, даҳҳо дастхатро аз назар гузаронд, дар анҷуманҳои байналхалқӣ бо маърӯзаҳои худ баромад кард, бо забонҳои русӣ, франсузӣ, англисӣ ва ғайра мақолаҳо навишт. Натиҷаи заҳматҳои бисёрсолаи ӯ буд, ки китобҳои «Шарқ ва Ғарб», «Данте ва маданияти Шарқ», «Восток и Запад» рӯйи чопро диданд.
Маълум аст, ки дар адабиёт ва шарқшиносии давраи шӯро доир ба таъсири тамаддуни Ғарб ба Шарқ фикр рондан расм шуда буд.
Ф.Сулаймонова дар рисолаи «Шарқ ва Ғарб» чунин нохолисиро дар асоси манбаъ ва далелҳои ашёвии бостоншиносӣ таҳлил намуда, рад намуд. Мавқеи Ал-Хоразмӣ, Ал-Фарғонӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ибни Синоро дар инкишофи илму фанни Аврупо бо далелҳои равшан собит намуд.
Дар ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта як гурӯҳ олимон таҳти роҳбарии адиб Ҳамид Сулаймон ба нашри осори мукаммали Навоӣ оғоз намуданд. Дар ин ҷараён Ф.Сулаймонова низ чун матншинос фаъол иштирок кард. Аз Париж, Лондон, Ленинград садҳо дастхатҳои қадимӣ, фотоаксҳои нодири дастхатҳои Навоӣ оварда шуданд.
Дар таҳлили қиёсӣ ва хондани дастхатҳо Ф.Сулаймонова саҳм гузошт.
Бо иштироки бевоситаи олима девони (иборат аз ду китоб) Ҳофизи Хоразмӣ, ҷилдҳои 3, 4, 5, 6-уми маҷмӯи асарҳои Навоӣ, нусхаи ду дастхати «Хазоин-ул-маонӣ» мукаммал омӯхта шуд. Хулоса, олима дар соҳаи манбаъшиносӣ ва матншиносӣ тадқиқотҳои ҷолиби диққатро анҷом дод.
Дар Шарқ, баробари шеърият, жанри санъати тасвирӣ ва минётураи он рушд кардааст. Назар ба тадқиқотҳо санъати минётура аз замони Рӯдакӣ пайдо шуда, дар асрҳои X-XII ташаккул ёфтааст. Дар асрҳои XIV-XVI бошад, жанри портрет-тасвири нимтана ба миён омад.
Ба достони «Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ кашида шудани беш аз 200 сурати намояндагони табақаҳои гуногун, аз ҷониби Дорошукӯҳ кашида шудани 14 сурати темуризодаҳо тасдиқи фикрамон мебошад. Дар таркиби манбаъҳое, ки экспедитсияи таҳти роҳбарии Ҳамид Сулаймон ба даст даровардааст, садҳо минётураҳо ҳам мавҷуд буданд. Фозилаапа ҳангоми азхуд кардани матнҳо ба мӯъҷизаи ин санъат таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Минбаъд ӯ ҳамчун санъатшиноси нозукбин мактабҳои санъати тасвирии Ҳирот, Табрез, Самарқанд, Бухоро ва Ҳиндро омӯхта баромад, бо мероси Беҳзод, Нодирмуҳаммади Самарқандӣ, Муҳаммадмуроди Самарқандӣ аз наздик ошно шуд.
Дар дили ӯ хоҳиши ҷамъ кардан ва нашр намудани минётураҳои осори бузургон пайдо шуд. Бо ҳамин мақсад, минётураҳоро доир ба асарҳои «Тасвирҳо аз рӯйи осори Навоӣ», «Тасвирҳо аз рӯйи осори Амир Хусрави Деҳлавӣ», «Тасвирҳо аз рӯйи «Хамса»-и Низомӣ» ҷамъ карда, албом тартиб дод.
Фозила Сулаймонова устоди ғамхор ва меҳрубони ҷавонон буд. Таҳти раҳнамоии бевоситаи ӯ даҳҳо ҷавонон рисолаи номзадӣ ва докториро ҳимоя намуданд. Меҳнати фидокоронаи олима дар рушду равнақи илм аз ҷониби давлат муносиб қадр гардидааст. Ӯ бо орденҳои «Соғлом авлод учун» (1994), «Буюк хизматлари учун» (1999) ва ордени «Палмаи академия»-и Фаронса (1994) мукофотонида шудааст.
Тадқиқотчии ҷонфидои илму фан соли 2010 аз олам чашм пӯшид.

Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: