МУҲАҚҚИҚИ ЛАҲҶАИ ЭРОНИҲОИ БУХОРО

Моҳи ноябри соли гузашта як гурӯҳ меҳмонони ба дилу дида наздики тоҷикистонӣ ба маҳаллаи мо ташриф оварданд.

Дар байни онҳо олими шевашинос Сабур Носиров низ буд. Рисолаи номзадиашро соли 2013 дар мавзӯи «Таҳлили системавии лаҳҷаи эрониҳои  Бухоро» ҳимоя кардааст. Ӯ ҳоло устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ходими калони илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон аст. 
Мо – зирободиён Сабур Носировро аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта ин ҷониб ҳамчун муҳаққиқи лаҳҷаи зодгоҳи худ хуб мешиносем.
Маълум аст, ки дар шаҳри Бухоро ва маҳалҳои атрофи он монанди шаҳрҳои Самарқанд, Шаҳрисабз, Қаршӣ, Кармана, Тирмиз ва дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна эрониҳо низ умр басар мебаранд. Онҳоро «эронӣ», «форс», «маврӣ» меноманд. Мардуми Бухоро онҳоро, ки нисбатан сонитар ба Бухоро кӯч бастаанд, «пирсиён» ва «машадӣ» мегӯянд.
Эрониҳо дар шаҳри Бухоро асосан дар маҳаллаи Ҷӯбор ва гузарҳои Чақар, Абдуллохӯҷа, Чуқурмаҳалла, Вақо, Ҳавзи баланд, инчунин атрофи Бухоро – Афшормаҳалла, Тортормаҳалла, Шергирон, Шалғамхӯрон, Кунҷи қалъа, Работи Қозӣ ва Зирободи шаҳри Когон зиндагӣ мекунанд. Онҳо ба забони форсии тоҷикӣ ҳарф мезананд ва шеваи ба худ хос доранд. Муҳаққиқи лаҳҷаи эрониҳои Бухоро Сабур Носиров то соли 1992 се бор ба Бухоро (аз ҷумла ба Зиробод) омада, муддати зиёд бо омӯхтани шеваи эрониён машғул гардида буд.
Сарфарозам, ки дар ин ҷараён дар қатори бародарам Абдураҳим Қурбонӣ (раҳматӣ) ва олимони зирободӣ Азизаи Мардон, Шарофати Ғуломризо ва Маҳмуд Қосимов (шодравон, хабарнигори «Ҳа-қиқати Ӯзбекистон» ва мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики собиқи ДДБ) ба вай қадри ҳол кӯмак расонда будам. Солҳои зиёд гузаштанд. Аниқтараш бештар аз чоряк аср мо аз ҳамдигар дур шудем. Аз комёбиҳои тайи солҳо бадастдаровардаи муҳаққиқи лаҳҷаи мо С. Носиров огоҳ гардида, хеле шод шудем.
Вай бо туҳфаҳои арзанда – китобҳояш «Лаҳҷаи эрониҳои Бухоро» (дар мисоли лаҳҷаи  эрониҳои маҳаллаи Зирободи шаҳри Когон), Душанбе, «Ирфон», 2014, «Деҳаи зебои Сангистони ман», (Душанбе-2017) моро хушнуд кард. Бояд таъкид намуд, ки рисолаи «Лаҳҷаи эрониҳои Бухоро» аз муқаддима, чор боб иборат аст.
Ӯ дар муқаддимаи рисолааш овардааст: «... эрониёни Бухоро бар хилофи эрониёни Самарқанд ва баъзе минтақаҳои дигари Осиёи Миёна, ки туркзабон ҳастанд, бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Дар натиҷаи ҳамзистии чандсола бо тоҷикон, ки қисмати асосии аҳолии Бухороро ташкил медиҳанд, унсурҳои зиёди маданияти моддиву маънавии эрониёни Бухоро бо унсурҳои маданияти тоҷикон сахт омезиш ёфтааст. Ин раванд, яъне раванди ҳамгуншавии эрониёни Бухоро бо мардуми маҳаллӣ, хусусан бо тоҷикон барвақт оғоз гардидааст, вале бинобар мавҷуд будани омили мазҳабӣ он пурра ба охир нарасидааст.
Мушоҳидаҳои шахсии мо ва маълумоти сарчашмаҳои таърихию этнографӣ гувоҳи онанд, ки аз эрониҳои Бухоро танҳо эрониҳои Зиробод ном маҳаллаи шаҳри Когон, ки дар гузашта маркази аҳли ташаййун (мазҳаби шиа)-и вилояти Бухоро будааст, тавонистанд хусусиятҳои маданияти моддиву маънавӣ, хусусан шеваи гуфтори худро, бештар нигоҳ доранд. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки лаҳҷаи эрониҳои Бухороро маҳз дар мисоли лаҳҷаи эрониҳои ҳамин маҳал мавриди таҳқиқ қарор диҳем»... Рисола дар асоси беш аз ду ҳазор ибора ва ҷумлаҳои шевагӣ, 3 афсона, 10 нақлу ривоят, якчанд зарбулмасалу мақол ва сурудҳои халқӣ, ки дар давраи се сафари илмӣ ба шаҳри Когони Ӯзбекистон аз ҷониби муаллиф сабт карда шудаанд, таълиф гардидааст.
Дар рисола бобати маънои луғавӣ (этимология)-и маҳаллаи мо низ фикрҳои ҷолиби диққат ба чашм мерасад: «Номи маҳалла дар ҳуҷҷатҳои расмӣ дар шакли Зиробод (баъзан Зеробод) ояд ҳам, мардуми маҳаллӣ... бар ин ақидаанд, ки шакли дурусти номи маҳалла Зӯробод (яъне мавзеи бо зӯру тавон ободшуда) буда, ҳамном бо номи деҳи аввалин муҳоҷирони хуросонист, ки дар ин мавзеъ маскан гузида, онро обод ва ба номи зодгоҳи худ номгузорӣ кардаанд. Эҳтимол ин андешаи мардуми маҳаллӣ асоси воқеӣ дошта бошад, зеро чунон ки иттилоъ пайдо кардем, дар устон (вилоят)-и Хуросони Эрон ва ҳам дар шаҳраки Сарахси Туркманистон, ки дар сарҳади Эрон воқеъ аст ва дар гузашта тобеи шоҳигарии Эрон будааст, воқеан ҳам бо ҳамин ном, яъне Зӯробод маҳаллаҳо мавҷуданд. Вале ба назар чунин мерасад, ки решаи ин ном ба давраҳои нисбатан дуртари таърихи забонамон рафта мерасад, зеро дар ноҳияи Айнии вилояти Суғди Тоҷикистон, дар 13 километрии қисмати ғарбии маркази ноҳия, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон низ бо ҳамин ном деҳае мавҷуд аст ва нафарони аз таърихи деҳаву ноҳия бехабар онро низ ба ҷузъҳои «зир», «зер», «зӯр» ва «обод» ҷудо намуда, ин ё он тавр шарҳу эзоҳ медиҳанд. Ҳол он ки ин ном шакли вайроншудаи номи суғдии Зароватк буда, дар ҳуҷҷатҳое, ки аз кӯҳи Муғ ёфт шудаанд, маҳз дар ҳамин шакл омадааст. Зимнан мехостем ёдовар шавем, ки дар номи деҳаи Зирободи ноҳияи Айнӣ танҳо чанд сол қабл чунин дигаргунӣ ба вуҷуд омадааст. Мардуми куҳансоли ноҳия имрӯз ҳам номи деҳаи мазкурро дар шакли ибтидоияш, яъне Зароватк ба забон мегиранд».
Муаллифи рисола шумораи аҳолии маҳаллаи мо – Зирободро 4000 нафар нишон додааст. Имрӯз аҳолии ин ҷо тақрибан ба 12-15 ҳазор нафар расида, он чоряки аҳолии шаҳри Когонро ташкил мекунад.
Хулоса, эҳё гардидани алоқаҳои дӯстӣ, илмию фарҳангии ду давлати ҳамҷавор баҳри болоравии ҳамкориҳои судовари тарафайн ва ба ҳам наздикшавии халқҳоямон хидмат мекунад.
Ҳақ бар ҷониби Хоҷа Ҳофиз аст, ки мегӯяд:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Юсуф РАҶАБЗОДА ҚУРБОНӢ,
роҳбари ҷамоатии осорхонаи кишваршиносии Зирободи шаҳри Когон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: