МУҲАҚҚИҚИ НАМОЁНИ ИЛМИ АДАБИЁТШИНОСӢ

Яке аз симоҳои намоён дар риштаи адабиётшиносии ӯзбек Наим Каримов мебошад, ки бештар аз ним аср инҷониб ба таҳлилу тадқиқи паҳлӯҳои гуногуни нақди адабӣ, дар солҳои истиқлолият бошад, асосан ба равшан сохтани рӯзгору фаъолияти адабию эҷодии адибони ба табъид дучоршуда машғул аст.

Вай ба наздикӣ навадсола шуд, вале дар арсаи тадқиқу пажӯҳиш ҳамон дар сафи пештозҳост.    
Бачагиаш дар маҳаллаи Каллахона, воқеъ дар Шаҳри куҳнаи Тошканд, гузаштааст. Падараш зиёӣ буду мутахассиси соҳаи физика, вале ба адабиёт шавқи баланд дошт. Бо таъсири ӯ ва китобҳои пурарзиши куҳнае, ки дар хонадон нигоҳ дошта мешуд, дар қалби Наим нисбати асарҳое, ки классикҳоямон офаридаанд, муҳаббат пайдо шуд. Дурдонаҳои маънавиро дар ҳолати китоб ва дастнавис, ки бо ҳуруфи арабиасос таълиф ёфта буданд, мутолиа менамуд. Ба нақлҳои падараш дар бораи донишмандоне, ки аз маҳаллаашон баромадаанд, бо диққат гӯш мекард. Бачаи хурдсол бошад ҳам, муяссар шуд аз суҳбати қисмате аз онҳо бархурдор бошад. 
Яке аз маърифатпарварон, ки замонҳое дар мадраса мударрисӣ кардааст, Сидқӣ Хандойлиқӣ ном дошт. Ӯ аз шоирони маъруфи давр низ буд. Ба ӯ аҳли маҳалла мефахрид. Вале дар давраи бачагии Наим Каримов мадрасаҳо аллакай аз дасти аҳли зиё кашида гирифта шуда буданд. Мадрасаи воқеъ дар маҳалла акнун ба ҳарбиёне, ки аснои ҷанг аз Русия омада буданд, ҳамчун хобгоҳ хидмат менамуд.
Мушкилоте, ки Ҷанги дувуми ҷаҳон эҷод мекард, ба маҳаллаи Каллахона ва гирду атрофи он низ таъсир гузошта буд. Аҳвол хеле вазнин. Бинобар тақозои ҳаёт Наим маҷбур буд дар якчанд дабистони Тошканд, ки фаъолияташон гоҳ боздошта ва гоҳ барқарор карда мешуд,  таҳсил намояд. Эшелонҳо пайиҳам ярадорҳоро ба пойтахти ҷумҳурӣ мекашонданд. Аз сангарҳои хунин ё мактубҳои сиёҳ меомаданд ё маслуқон. Қисме аз мактабҳоро ба госпитал табдил дода буданд. Дар атрофи пойтахт, ки омӯзгорон намерасиданд, муаллимони шаҳрӣ ба деҳот рафта дарс медоданд ва ҳамон ҷо бо деҳқонӣ низ машғул мешуданд. Падари Наим Каримов ба Ӯнқӯрғон ном деҳа рафта, бо киштукор машғул гашт. Наим ба ӯ ёрӣ мекард, якҷо бо бачаҳои деҳа гӯсфандбонӣ менамуд.
Навъе Наимака ба хотир меорад, — нафақат падараш, ки аз физика дарс медод, одамони касбу кори гуногун, чи муҳандису чи табиб, ҳама ба адабиёт ва санъат шавқ дошт, китоб мутолиа мекард. Ҷуз физика дар ҷевони китобҳои ӯ асарҳои Абдулло Қодирӣ, Садриддин Айнӣ ва дигар адибони номвари давр нигоҳ дошта мешуданд. Наимака аз онҳо истифода мекард. Бародари ӯ, ки баъди таҳсил дар Боку ба Тошканд баргашта буд, ба Фузулӣ бештар дилбастагӣ дошт. Вай ба спектаклҳое, ки дар театри ба номи Муқимӣ намоиш дода мешуданд, додарашро ҳамроҳ мебурд. Таассуроти калон мебардошт Наими он вақт хурдсол. Имрӯз мӯйсафед аст, ба писарҳояш, ки яке энергетик, дувумӣ духтур буда, кайҳо ба камол расидаанд ва соҳиби фарзандони зиёд, ҳамон батакрор гӯшрас мекунад бо илм, адабиёт, санъат ҳамеша ҳамнафас бошанд. Ба китобдӯстии набераҳо низ, бешак, Наимбобо сабабгор аст. Худаш, бо вуҷуди солхӯрдагӣ, ҳамон сермутолиа. Хусусан адабиёти мансуб ба давраи табъидро аз даст намегузорад.
Солҳое, ки дар Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (САГУ) таҳсил мекард, вазъият як дараҷа нарм шуда бошад ҳам, ҳарос ҳамон қалбҳоро тарк накарда ва номи зиёиҳои ба  табъид дучоршуда бо эҳтиёт ба забон оварда мешуд. Баъде донишгоҳро хатм кард, муяссар шуд ба шаҳрҳои Қазон ва Маскав сафарҳои илмӣ карда, аз он ҷо бо нусхаи китобҳои табъидшудагоне баргардад, ки дар Тошканд ёфт намешуданд. Соли 1999 Кумитаи абадисозии хотираи қурбониёни давраи табъид ташкил ва Наим Каримов ба он раис таъин гашт. Баъдтар маҷмӯъи “Хотираи қурбониёни табъид” барпо шуд. 
Қаҳрамони лавҳаи мо бахшида ба фаъолият ва рӯзгори пурошӯби адибоне, ки гирифтори туҳмат ва шиканҷаҳои тоқатфарсо шуда, ҳаёти худ хазон кардаанд, якчанд мақола навишт. Бахшида ба Усмон Носир ду китоб чоп кунонд. Алалхус равшансозии солҳои охири ҳаёти қурбониён дар ҳабсу бадарға кори осон набуд. Дар ин хусус ҳатто қарибони табъидшудагон чизе намедонистанд. Наим Каримовро лозим меомад дар архивҳо шабу рӯз кор кунад, ба нусхаи “номаи аъмол”-у сиёҳномаҳо аз наздик шинос шавад. Дар поёни матнҳои тафтишӣ, ки бояд “айбдор” даст гузорад, нақши оби чашмро баръало дидан мумкин буд – коғазҳо доғдор ба назар менамуданд. Ин ба муҳаққиқ таъсир мекард, оби дида нигоҳ дошта наметавонист. Айни замон ба сафарҳои дур (Русия) мебаромад. Вале барои ин аз идораҳои Маскав рухсатномаи алоҳида лозим буд. Ба Кемерово рафт дар ҷустуҷӯйи қабри Усмон Носир. Оромгоҳро ёфт ва зиёрат кард. Қабри дигар ҳамватанони он ҷо хокшударо низ. Дар архиви шуъбаи корҳои дохилии Кемерово бо “дело”-и Усмон Носир шинос шуд, ки аз наздик 10 ҳазор варақ иборат буд... Душвор, вале кори саршударо то охир расонд Наим Каримов.
Назар ба нақли қаҳрамони лавҳаамон, мӯйсафеде аз вай мепурсад,ки шумо дар бораи ваҳшонияти давраи шӯравӣ чизҳои бисёр навиштед, намегӯем, ки нодуруст навиштед, вале бигӯед, давраи шӯро, ки насли мо дар он ба дунё омад, хонд, оламу одам шинохт, наход ягон ҷиҳати хуб надошт? Адабиётшинос ҷавоб медиҳад, агар гӯем корҳои сохтори шӯравӣ куллан нодуруст, хато мекунем, дар он давра сохтори хуби таълим, тандурустӣ, истироҳати меҳнаткашон ва ҳоказо офарид шуда буд, аз ин чашм пӯшем, ноинсофӣ мешавад. Вале сиёҳкорӣ низ ба чашм мерасид, чӣ тавр будани муносибат ба маданият, маънавиёт ва арзишҳои миллию диниамон ба ҳама маълум, хусусан табъид ба шиканҷа ва уқубати сахти ҳамаи халқҳо, дар ин қатор ба азоби халқи рус сабаб гардид, вале пештар рухсат набуд дар ин хусус чизе нависӣ. Ҳоло даврае фаро расида, ки рӯйдодҳоро, тавре ба вуқуъ пайваста буданд, қаламдод карда, ба сояҳо равшанӣ андозем...    
Наим Каримов мегӯяд, адабиётшиносҳо асри понздаҳуми Алишер Навоиро “асри тиллоӣ” меноманд, ман фикр мекунам асри бистум низ барои адабиёти ӯзбек ин гуна асри бобарор буд...
Воқеан дар садаи бистум адабиёти халқи бародар ба комёбиҳои бемисл ноил гашт, ҳарчанд кулли асарҳо дар як поя набуданд ва ба сари беҳтарин адибон бинобар ноадолатиҳои давр балоҳо борид. 
Вай солҳои дароз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Навоӣ ҳамчун муҳаққиқ фаъолият бурд, даҳҳо китоб, садҳо мақола оиди илми адабиётшиносӣ ба табъ расонд, баҳри ривоҷи матншиносӣ саҳми муносиб ҳамроҳ кард. Дар омодасозии асарҳои бисёрҷилдаи Ҳамза, Ойбек, Ҳамид Олимҷон, Ғафур Ғулом, Мақсуд Шайхзода сарубар гардид. Маълумотҳои зиёд оиди ҳаёт ва фаъолияти Беҳбудӣ, Чӯлпон, Абдулло Қодирӣ, Усмон Носирро ошкор намуд, бахшида ба ҳар кадомашон китобҳо баровард. Дар ташкил карда шудану ҷозибадории экспонатҳои музейи “Хотираи қурбониёни табъид” нақши муҳим бозид. Нафақат чун олим, балки ба сифати адиб эътироф гашт.
Доктори илмҳои филологӣ академик Наим Каримов лауреати Мукофоти давлатии ба номи Берунӣ, соҳиби ордени “Эл-юрт ҳурмати” аст. Соли 2022 бо муносибати 90-солагӣ ба Мукофоти давлатии дараҷаи аввал тақдир шуд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: