МУҲАҚҚИҚИ ОМӮЗГОР ВА АДИБИ РАВШАНЗАМИР

Дар суннати мардуми мо мазкур аст, ки худованд ҳар бандаи мӯъминро бо ризқаш меофаринад.

Маънии таҷрибии ин ҳарф он аст, ки дар ҳама гуна низоми иқтисодиву иҷтимоӣ тақсимоти меҳнат сурат мегирад ва ҳар шахс дар ҳамин чаҳорчӯб мувофиқи қобилияту майли фардӣ ва шароиту зарурати иҷтимоӣ шуғли муносиб меёбад ва дар ҷомеа ҷойгоҳу манзалат пайдо мекунад, ҳамчунон ки Ҳофиз фармуда:
Яке теғ донад задан рӯзи кор,
Якеро қаламзан кунад рӯзгор.

Малики Кабирро рӯзгор қаламзан ва омӯзгор офарид. Ӯро, ки ба тасодуф дар ин ҷода гом барнадоштааст, саводи комил, таҷрибаву малака ва истеъдоду маҳорат комёб намуд. Малик зода ва парвардаи деҳаи Бурчимуллои ноҳияи Бӯстонлиқ буда, мактаби миёнаро дар ҳамин ҷо ба поён бурдааст. Баъди хатми мактаб як сол дар мактаби ибтидоии рақами 30-юми Шунгак муаллимӣ карда, сипас ба бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоӣ дохил мешавад ва онро соли 1967 бо дипломи аъло ба итмом мерасонад. 
Соли 1986 қисмат ӯро ба ноҳияи Бохтари вилояти Хатлони Тоҷикистон меоварад ва дар мактаби рақами13-уми ҳамин ноҳия омӯзгорӣ кардааст. Соли 1989 дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба ҳайси омӯзгор ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ҳамин давра ҷиддан ба таҳқиқи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ пардохта,  дар мавзӯи «Лексикаи  лаҳҷаҳои тоҷикони Чирчиқи вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон» рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд ва ҳамвора фаъолияти омӯзгориву илмиашро дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа идома  мебахшад.
Ӯ аз соли 2002 фаъолияташро дар кафедраи «Таълим бо забони тоҷикӣ»-и Донишкадаи давлатии омӯзгории вилояти Тошканд (шаҳри Ангрен) идома додааст. 
Фаъолияти ӯ се паҳлӯ дошта, заҳматҳои босамарашро дар соҳаи таълиму тарбия, илми забоншиносӣ ва адабиёту фарҳанг дар бар мегиранд. 
Малики Кабир бори нахуст таҳқиқи ҷомеъро дар боби шеваи тоҷикони Чирчиқ анҷом дод, ки дар шинохт ва арзёбии хусусиятҳои хоси таркиби луғавии ин шева бесобиқа мебошад. Дар ин замина муҳаққиқ калимаро чун воҳиди асосии шеваи мазбур тадқиқ карда, ҳаммонандиҳои маъноӣ ва сохтории онҳоро қиёсан бо забони меъёрӣ  арзёбӣ ва фарқиятҳояшонро муайян менамояд, ки арзиши хоси таҷрибавӣ ва таълимӣ дорад.
Шинохт ва арзёбии хусусиятҳои шеваи тоҷикони Чирчиқ, дастабандии калимаҳои мустақил, иқтибосӣ ва муайян намудани таркиби луғавии ин лаҳҷа, нақши калимаҳои решагӣ дар он ба масъалаи муҳими асолати забон ва ҳуввияти миллии соҳибонаш бармегардад, ки мутаассифона, дар забоншиносии тоҷик то ин тадқиқот мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифтааст. Ин донишманд ҳам дар таҳқиқоти рисолавии номзадӣ, ҳам дар мақолаҳои баъдиаш, аз ҷумла «Аз асолати хеш дур нашавем», «Мулоҳизаҳо оид ба таркиби луғавии лаҳҷаҳои тоҷикони Чирчиқ», «Тарзи таълими мавзӯи ҳарфи «ъ» дар муҳити лаҳҷа», «Истифодаи маводи лаҳҷавӣ ҳангоми таълими садонокҳо», «Корбурди унсурҳои луғавии лаҳҷа дар тадриси забони адабӣ» ва ғайра асолати бунёдӣ ва миллии шеваи сокинони Чирчиқро исбот кардааст, ки хидмати таҳсиномез мебошад.
Тадқиқи масъалаи забон ва услуби шоиру нависандагон аз мавзӯъҳои дигарест, ки дар давоми солҳо мавриди таваҷҷӯҳи Малики Кабир будааст. Дар мақолаи пурмуҳтавои «Қатраборон  ё қатра борон?» ӯ мубоҳисаҳоеро, ки дар атрофи калимаи «қатраборон» дар як байти  қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и  устод Рӯдакӣ солҳои ҳаштодуми садаи гузашта воқеъ шуда буд ,  ҷамъбаст карда, дар заминаи назарияи «зуҳури маъниҳои мухталиф дар вожаҳои мутазодӣ» фарзияи унвони гиёҳ будани вожаи қатраборонро, ки Р. Мусулмонқулов ба миён гузошта буд, рад ва «қатра  борон»-ро шакли саҳеҳи тасвири шоиронаи Рӯдакӣ медонад. 
Бисёре аз мақолаҳои ӯ ба таҳқиқи забон ва услуби шоиру нависандагони гузашта ва муосир бахшида шудааст, ки таҷрибаи судманди ӯро дар ин замина собит месозанд. Аз ҷумла дар мақолаҳои «Забон ва услуби як  ғазали Шамсиддин Шоҳин», «Забон ва услуби тамсили «Аз мост , ки бар мост»-и Носири Хусрав» ва «Забон ва услуби як ғазали Камоли Хуҷандӣ» дар заминаи таҷрибаи шоирони тавонои гузашта костагиҳои забонро аз лиҳози фонетикӣ, луғавӣ, қолабҳои сарфиву наҳвӣ ва корбурди таъбирот ба миён мегузорад, ки арзиши муҳими таҷрибавӣ ва таълимӣ дорад. 
Хидмати Малики Кабир дар таҳқиқ ва арзёбии забон ва услуби нависандагони тоҷик Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ ва Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ низ тоза ва пурарзиш  аст. Агар муҳаққиқ дар мақолаи «Муродифоти ҷуфт дар очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-и Садриддин Айнӣ» дар заминаи тарзи нигориши муродифоти ҷуфт хусусиятҳои забону услуб ва маҳорати Айниро дар тасвири воқеияти таърихӣ нишон дода бошад,  мақолаи «Мавриди истифодаи калимаҳои куҳна дар очерки адабии таърихии С. Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» нақши забони нависандаро дар баён ва тасвири ҳақиқати таърихӣ дар заминаи корбурди калимоти куҳна собит месозад.
Дар ин равиш ду мақолаи  ӯ – «Манбаи пайдоиш ва дараҷаи истеъмоли муродифоти луғавӣ дар романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода» ва «Муродифоти луғавии ҳаммаъно ва наздикмаъно дар романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода» ҳам аз ҷиҳати назарӣ ва ҳам амалӣ  дар шинохти сабки нигориши нависанда мушоҳидаҳои ҷолиб доранд, ки марбут мешавад ба масъалаҳои таносуби воқеият ва тасвир дар корбурди калимот, дастабандии вожаҳо аз рӯйи мансубияташон, муродифоти луғавӣ аз нигоҳи манбаи пайдоиш ва дараҷаи истеъмолашон ва нақши ин унсурҳо дар такмили балоғату фасоҳати романи нависанда.
Муҳаққиқ дар мақолаҳои  «Вулгаризмҳо ва хусусиятҳои услубии онҳо» ва «Варваризму экзотизмҳо ва хусусияти услубии онҳо» нақши ин воҳидҳои забониро дар такмили сабки нависанда ва симои қаҳрамонони асари бадеӣ нишон дода, дар мақолаҳои «Ҳарфи «е» садонок аст ё ётбарсар?» , «Таҷдиди назар ба имлои забони тоҷикӣ» ва «Аз асолати хеш дур нашавем» ва ғайра масъалаҳои мубрами имлои забони тоҷикӣ ва усули ислоҳу такмили онро ба миён мегузорад, ки бо гузашти замон куҳна нашуда ҳамчунон арзиши раҳнамоӣ доранд.
Ӯ муаллифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ»-и синфҳои 6,9,10,11 ва ҳаммуаллифи китоби дарсии «Адабиёт»-и синфи 7 аст. Ғайр аз ин, ӯ барои донишҷӯёну омӯзгорони мактаби олӣ китобҳои дарсии «Забони адабии ҳозираи тоҷик» (Луғатшиносӣ, луғатнигорӣ, фразеология) ва «Забони адабии ҳозираи тоҷик» (сарф)-ро таълиф намудааст. Зиёда аз ин, китоберо бо унвони «Талаботи технологияи педагогӣ — тақозои давру замон» навиштааст, ки ба усули таълим марбут аст.
Малики Кабир аз оғози фаъолиятҳои эҷодиаш ба эҷоди осори манзум ва наср  машғул шуда, дар ин замина низ истеъдод ва маҳорати худро нишон додааст, ки сазовори таҳсин мебошад. 
Дафтари ашъораш – «Субҳи вафо» бо ғазали «Худоё, шаби ялдои ҷафоро саҳаре нест» шурӯъ шуда, бо чанд шеъри барои наврасон эҷодкардаи ӯ ба поён мерасад, ки аз чанд ҷиҳат диққатангезанд. Аввал ин ки ӯ дар шеър гуфтан воқеанавис набуда, ба тасвиргарӣ, ки рисолати аслии шеъри шоир аст, эътибор медиҳад, сониян, шеъраш дар заминаи мушоҳидаҳо ва таассуроти бевоситаи шоиронааш рӯйи коғаз омадаанд ва диди хоси бадеӣ ва натиҷагириҳояшро аз воқеият собит месозад.
Пораи зер аз як ғазали ӯ таассуроти шоиронаашро аз воқеиятҳои ахлоқии муҳити зиндагӣ ва дору надори мо ифода мекунад, ки арзиши ахлоқӣ дошта, чашми ибрати хонандаро ба воқеияти муҳит мекушояд. Зайли намуна чанд байтеро аз ин ғазал иқтибос мекунем:
Наҷӯям дасти ёрӣ, гарчи дарвешам,
Бупарҳезам зи бори миннати хешам,
Мазан санги маломат дар сари хонам.
Дили хуш дорам аз моли каму бешам,
На ҳар дасти расо боли саховат шуд,
Зи чини ҷабҳаи мумсик биандешам.

Ин ва бисёре аз ғазалҳои дигари шоир  дар заминаи таассурот ва ҳиссиёти фардӣ андешаҳои муҳимми умумиятёфтаи ахлоқиро ба хонанда талқин мекунанд, ки ҷанбаи таълимии онҳо қавӣ буда, ба хонанда таъсири амиқ мегузоранд.
Ашъори Малики Кабир аз шавқи дил, муҳаббати рӯзгор, талқини покизагӣ ва бузургӣ, аз меҳрубониву дилсӯзӣ, зебошиносиву покизакорӣ паём меоваранд. Тасвир ба андешаи шоир нируи тоза ва фарохии маънавӣ бахшида, завқи хонандаро таҳрик мебахшад. 
Ҳарчанд гоҳо дар навиштаҳои Малики Кабир заъфе дар вазн ва мантиқи баён ба мушоҳида мерасад, дар маҷмӯъ ӯ ба корбурди огоҳонаи аҷзои зоҳирии шеър- вазну қофия ва санъатҳои зебои бадеӣ сахт пойбанд мебошад. Самимияти эҳсосу андешаи шоир дар ин чаҳор мисраи зерин ба ҳаддест, ки гӯё фосилаи маъмули байни қаҳрамони ғиноӣ ва шахсияти шоирро аз байн бурдаву муҳаббати ӯро ба забони модарӣ ҳамчун муҷассамаи нотакрори зебоӣ ва ҳуввияти миллӣ шукӯҳи ҷовидона бахшидааст:
Лафзи модар дар ниҳодам гавҳари якдона шуд,
Дар сиришти миллатам бо хуни дил дурдона шуд.
Дар ҳавои қудсиён дурри  дариро суфтаанд,
Дафтари ҳусни баёнам олами фарзона шуд.

Малики Кабир дар наср низ қувваозмоӣ  карда, чанд ҳикояву масал таълиф кардааст, ки чеҳраи ҳунарии ӯро такмил бахшидаанд. Дар ин замина метавон аз ҳикояи ҷолиби ӯ «Кори савоб» ва масалҳояш «Себи хубонӣ ва пораҳои он», «Зоғи айбҷӯ», «Қиссаи баргак», «Зоҳирпарастони худбин», «Мошони одатқарин», «Чинори солхӯрда», «Сабақи мурғи куку» ва ғайра ёд кард, ки дар маҷмӯъ баёнгари заҳматҳо ва поймардии ин фарди донишу ҳунар мебошанд. Вай дар ҳикояву масалҳо асосан масъалаҳои ахлоқӣ ва таълимиро мавриди тасвир қарор дода, воқеиятҳои номатлуби ҳаёти инсонҳо ва ҷомеаро матраҳ кардааст, ки арзиши фаровони тарбиявӣ доранд. 
Он чи гуфтам дар ҳаққи Малики Кабир мухтасар буд. Чеҳраи комили инсонӣ ва ҳунарии ӯро хонандаи огоҳ метавонад дар паси навиштаҳояш ба таври ҷомеъ дарёбаду шиносаду арҷгузорӣ кунад. 

Ҷумъақул ҲАМРОЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, 
доктори илмҳои филология, профессор. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: