Ба муносибати 80-солагии адабиётшинос, нависанда ва публитсист Ҳотам Умуров
Ба муносибати 80-солагии адабиётшинос, нависанда ва публитсист Ҳотам Умуров
Ҳотам Умуровро ҷомеаи кишвари мо ҳамчун олими адабиётшинос, муҳаққиқи фидоии таърихи адабиёт ва назарияю амалияи танқиди адабӣ, омӯзгори соҳибравия, муаллифи даҳҳо осори илмӣ-методӣ, дастурҳои таълимӣ ва ниҳоят чун нависандаи хушсухан хуб мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Мактаберо, ки пешгузаштагони ӯ Абдураҳмон Саъдӣ, Иззат Султон, Нуриддин Шукуров, Тӯхта Бобоев, Дилмурод Қуръонов, Эркин Худойбердиев ва Абдулло Улуғов бунёд ниҳодаанд, имрӯз ин марди шариф давом дода ва дар пешрафти он саҳм мегузорад, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад.
Ҳикмати халқие ҳаст, ки мегӯянд: он чи киштӣ, ҳамон даравӣ. Воқеан ҳам ин марди донишманд, омӯзгори асил, садрнишини маҳфилҳои илмию адабӣ ба ҳикмати падару модари арҷмандаш (руҳашон шод бод!) ва саъю кӯшиши бевоситаи худаш дар давоми умри ҳафтодсолаи бобаракаташ тавонист, ки аз киштаҳои худ ҳосили дилхоҳ ба даст оварад.
Ҳотам Умуров ҳанӯз солҳои аспиранти Институти забон ва адабиёти ба номи Пушкини Академияи фанҳои Ӯзбекистон буданаш истеъдодашро дар самти таҳқиқ зоҳир карда буд ва аз нахустин таҳқиқотҳояш сар карда, донишмандони маъруфе мисли М. Қӯшҷонов, М. Шукуров, Б.Валихоҷаев ва дигарон он касро дастгирӣ ва ба фаъолияти илмиашон баҳои муносиб додаанд. Аз ҷумла, Академик Матёқуб Қӯшҷонов ба нахустин қадамҳои домулло дар илми адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ баҳои баланд дода, андешаҳои ҷиддии Ҳотам Умуровро, сарфи назар аз ҷавониаш эътироф ва китоби пурарзиши «Эъҷози эҷоди бадеӣ»-и ин донишмандро ҳамчун назари мустақил оид ба балоғати тасвир арзёбӣ карда буд.
Профессор Ҳ. Умуров воқеан ҳам яке аз фидоиёни тадқиқу таҳқиқи соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабии муосири ӯзбек мебошад. Тадқиқотҳои ӯ «Масъалаҳои маҳорат дар танқиди адабӣ» ва «Мушкили равоншиносӣ дар насри ӯзбек» барои ӯ фақат унвонҳои номзадӣ ва доктори илми филологияро савғо наовардаанд. Балки ин тадқиқотҳо, бахусус, рисолаи докториаш равиши тозаи инкишофи насри бадеии ӯзбекро кашф ва муаррифӣ кард, ки аз ҷониби аҳли илм бо қаноатмандӣ пазируфта ва қадр карда шуд.
Профессор Ҳотам Умуров узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон аст. Ӯро ҳам барои осори таҳқиқӣ ва танқидиаш дар соҳаи адабиёт ва ҳам фаъолияти бевоситаи нависандагиаш ба узвияти ин ташкилоти баобрӯ қабул кардаанд, ки сазовори ӯст.
Мо дар давоми солҳое, ки гузашт, аз саҳифаҳои матбуот ва китобҳои зиёди ӯ, ки нашр шудаанд, осори ҳаҷвӣ, луқмаву ҳикоёти таълимии ӯро хондаем ва лаззати бадеӣ бурдаем. Дар ин гуна асарҳояш Ҳотамака ба воқеаҳои ҳаёти рӯзмарраи мо нигоҳи танзомези танқидгароёна дорад. Вай бо чашми мушоҳидагар ба ҳодисаву воқеаҳои муҳит нигариста, ноҷӯриҳоеро, ки мебинад, тасвир мекунад. Мақсадаш аз намудани ноҷӯриҳои зиндагӣ, пеш аз ҳама ислоҳи омилҳоест, ки ба зиндагии осуда халал мерасонанд ва монеи пешрафт мешаванд. Аз ин нуқтаи назар, навиштаҳояш мухотаби аниқ доранд.
Ҳикояи ҳаҷвии «Билсалар ҳазил, билмасалар чин» ҳамин гуна рисолат дорад, яъне ислоҳи инсон, ба роҳи камолот ҳидоят кардани ӯст. Мисли «Дакан», «Обком калла» даҳҳо ҳикоя ва луқмаҳои ӯро метавон ном бурд, ки ба хонанда дарси бошарафона зистан меомӯзанд.
Фаъолияти омӯзгорӣ ва тадқиқотии ӯро дар соҳаи таълиму тарбия метавон ба ду давра тақсим кард: якум давраи шӯравӣ аз ибтидои солҳои шаст то давраи истиқлолият ва дигаре аз давраи истиқлолият то имрӯз.
Дар давраи аввали фаъолияташ ӯ дар заминаи дастовардҳои илмии педагогикаи шӯравӣ тадқиқотҳои дар ин соҳа анҷомгирифта як қатор корҳои шоистаро ба анҷом расонд. Ҳотамака илова ба он, ки дар соҳаи таълиму тарбия омӯзгори ботаҷриба ва обрӯманд буд, ҳамчунин фаъолияти амалиаш аз назарӣ ҷудо набуд. Ӯ дар баробари таълиму тарбия аз оғоз ба таълифи рисолаҳо, дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ машғул шуда, як силсила осори пурарзиш ба вуҷуд овард.
Мақола ва рисолаҳои домулло дар боби тарзи таълим дар асоси назарияи омӯзишу парвариши замони шӯравӣ таълиф шуда бошанд ҳам, масъалаҳои назарӣ ва амалии бамиёнгузоштаи муаллиф имрӯз низ кӯҳна нашудаанд. Асарҳои ӯ «Доир ба корҳои тадқиқотии студентон» (1980), «Таҷрибаи фолклоршиносӣ» (1981), «Асрори эҷоди бадеӣ» (1984), «Назарияи танқиди адабӣ» (1987) ва ғайра имрӯз низ барои омӯхтани тарзу тариқи таълими дуруст ва манфиатнок аҳамияти калон доранд. Дар осори дастурии дар замони шӯравӣ таълифкардааш низ муаллиф, пеш аз ҳама ба усулҳои таълиму тарбияи анъанавии миллӣ такя карда, дастурҳои қобили мулоҳизаеро оид ба усули омӯзиши адабиёт ба миён мегузошт. Дар таълифотҳои илмӣ-методиаш домулло аз суннатҳои омӯзишу парвариши мероси ҳадафмандона низ истифода мекард, ки намунаи ин гуна осори ӯро мо зикр кардем.
Давраи дуюми фаъолияти Ҳотамака дар ин самт аз рӯзҳои аввалини истиқлолияти кишвар шурӯъ шуда, то имрӯз идома дорад. Дар ин давра донишманди муҳтарам ва ватандӯст Ҳотам Умуров ба тақозои вақт фаъолияти илмӣ-методиашро ба ҳадафҳои истиқлолхоҳии роҳбари давлат ва сиёсати пешгирифтаи ӯ мутобиқ сохт. Таълифотҳои ӯ дар ибтидои солҳои навад, монанди «Амалиёти адабиёт» (қисмҳои 1 ва 2, 1991), «Усули навиштани лексия» (1996), «Вақте адабиёт ва мусиқӣ якҷо шуд» (1989) ва ғайра дар ҳамин равиш ва бо дар назардошти воқеияти тозаи сиёсии ҳаёти кишвар таълиф ва нашр шудаанд.
Дар маҷмӯъ тадқиқотҳои муаллифро дар ин самт ба се даста метавон ҷудо кард: яке китобҳои дарсӣ, монанди «Эҷоди бадеӣ» (2001), «Назарияи адабиёт» (2002), «Назарияи адабиётшиносӣ» (2004); дигаре осори омӯзишӣ, аз ҷумла, «Адабиётшиносӣ» (2001), «Қоидаҳои адабиёт» (2002), «Асосҳои тадқиқоти илмӣ» (2005), «Мушкили таҳлили психологӣ дар романи А. Қаҳҳор «Сароб» ва ниҳоят осори бахшида ба тарзи таълим, ки иборат аст аз «Усули таҳияи лексия» (1996), «Курси асосҳои эҷоди бадеӣ» (1998), «Лексияҳо оид ба таълими олӣ» (1995) ва ғайра.
Домулло Ҳотам Умуров вобаста ба тақозои замон дар кори ворид сохтани дастовардҳои техникӣ дар таълим низ аз пешкорон аст ва дар ин самт дастурҳое низ таълиф ва нашр намудааст. Аз ҷумлаи чунин иқдомҳои ӯ нашри дарси электронии «Назарияи адабиёт», дарси электронии «Асосҳои тадқиқоти илмӣ» ва ғайра.
Самти дигар ва муҳими фаъолияти Ҳотамака тарбияи кадрҳои илмӣ мебошад. Зери роҳбарии бевоситаи ӯ чандин нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуда, дар пешрафти илми филологияи ӯзбек саҳми босазо гузоштаанд. Аз ҷумла, шогирди домулло Файзулло Бойназаров дар мавзӯи «Танқиди адабӣ ва жанри трагедия» рисолаи номзадӣ ва баъдтар бо номи «Шарҳи бадеии шахсияти таърихӣ» (Дар бораи юриши Искандари Мақдунӣ ба Осиёи Миёна дар насри таърихии советӣ), рисолаи докторӣ ҳимоя кард, ки бахусус, тадқиқоти охир дар адабиётшиносӣ бесобиқа аст. Ҳамчунин Ш. Ҳасанов, Э. Қодиров, А. Нурматов, И. Икромов ва дигарон бо роҳбарии бевосита ва ғамхории Ҳотамака рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд.
Ҳ. Умуров ба масъалаҳои сабк, яъне дарси назарияи адабиёт ба тарзи сода, фаҳмо бо сароҳият сухан меронад. Академик Б. Валихоҷаев дар тақризе, ки ба китоби дарсии Ҳ. Умуров навиштааст, арзиши онро бо далелҳо собит менамояд.
Ҳамин тариқ, фаъолияти омӯзгории ин донишманд дар макотиби олӣ ва заҳматҳои илмии ӯ дар таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва васоити таълимӣ гувоҳи фидокориҳояш дар соҳаи маориф ва пешрафти назариёти илмии ин соҳа мебошад. Марҳилаи имрӯзаи усули таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ ва тадқиқотҳои соҳа, пешрафти мактаби миллӣ ва ба шароити имрӯза мутобиқ кардани он аз бисёр ҷиҳат ба хидматҳои профессор Ҳ. Умуров вобастагӣ дорад.
Ҷумъа ҲАМРОҲ,
мудири кафедраи филологияи тоҷик ва
забонҳои шарқи хориҷаи Донишгоҳи давлатии
Самарқанд, доктори фанҳои филология, профессор.