МУҲИДДИН АМИНЗОДА ВА МАСЪАЛАИ ЗАБОНИ ТАЪЛИМ

Муҳиддин Аминзода (1904. Хуҷанд – 1966. Душанбе) журналист, шоир, тарҷумони тоҷик буда, дар оилаи мударрис таваллуд шуд, то солҳои 20-уми садаи ХХ дар мактаби куҳна, сипас дар мактаби нав таълим гирифтааст.

 Баъди хатми курси омӯзгории Самарқанд дар ҳамин ҷо муаллимӣ кард. Дар давраи омӯзгории ӯ бисёр мактабҳои таълимашон ӯзбекии шаҳри Самарқанд ба забони тоҷикӣ табдил дода шуданд.

Солҳои 1928-29 дар Институти мусиқии хореографии Самарқанд таҳсил намуд. Маҳз дар ҳамин давра аввалин мақолаву шеърҳояш дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ва маҷаллаи ҳаҷвии «Мулло Мушфиқӣ» чоп шуданд. Дар матбуоти даврии Тоҷикистон – маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ва рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» низ шеърҳо, мақола ва ҳаҷвияҳояш рӯйи чопро диданд.
Маҷмӯаҳои ашъораш «Шеърҳо», «Чаман», «Садои зафар», «Баҳори Ватан», «Шеърҳои мунтахаб» ва «Баҳори дил» аз чоп баромадаанд. Мутарҷими соҳибистеъдод буд. Асарҳои шоирону адибони русу украин – Пушкин «Борис Годунов», »Лӯлиён», масалҳои Крилов, шеърҳои Лермонтов, Шевченко, ҳамчунин достони«Фарҳод ва Ширин»-и Алишери Навоӣ (бо Раҳим Ҷалил) ва дигарҳоро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Зимни варақгардонии дӯхтаҳои «Овози тоҷик» дар Китобхонаи миллии ба номи Навоӣ ба «Масъалаи забон дар мактабҳои Бухоро» («Овози тоҷик», № 251, аз 12 августи соли 1928) ном мақолаи М. Аминзода дучор омадам, ки боиси таваҷҷуҳ буд. Дар мақола аз таҷрибаи ба тоҷикӣ табдил додани мактабҳои шаҳри Самарқанд сухан меравад. Мақола ҷавоби маслиҳатӣ буд ба мақолаи Б. Икромӣ (нигаред: «Овози тоҷик», № 46, 12 июни с. 2024), ки дар поён зикраш меравад. 
Ба гуфтаи «Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст» такя карда, онро пешкаши хонандагон менамоем.  
«Дар шумораи 245-уми соли 1928 рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолаи рафиқ Б. Икромиро, ки дар бораи Маҷлиси маслиҳатии якумин, ки дар бораи ба забони тоҷикӣ давом кунонидани мактабҳои Бухоро дар 8 моҳи июл дар Бухоро шуда будааст, тавонад илова бо он дар ин мақолачаи худ камтар аз таҷриба, ки дар мактабҳои Самарқанд дида шуд, гуфта гузаштанӣ ҳастам.
Мувофиқи музокираҳои Маҷлиси маслиҳатии  якумин дар ин бора фикри таълиму тарбияро гирифтан даркор аст. Дар Самарқанд ҳам, пеш аз ин, мактабҳо ба забони ӯзбекӣ давом мекард. Лекин пас аз тақсимоти ҳудуди миллӣ бисёри мактабҳои Самарқанд ба забони тоҷикӣ давом карда истодааст. Дар бораи аз як забон ба забони дигар гузаронидани мактабҳо чигунагии муаллимонаш ва ба кӯдакон сабукӣ ва осонӣ карданашро гуфта гузаштанӣ ҳастам. Дар аввал мактабе, ки ман худ муаллим будам, ба забони ӯзбекӣ буд ва ҳамин таҳсили 27-28 (соли таҳсили 1927-1928 – Ӯ.Р.) ба забони тоҷикӣ табдил ёфт. Назар ба таҷрибаи ман ин хеле сабаби тараққӣ ва пешрафти талабагон гардид. Бо вуҷуди ба лисони ӯзбекӣ одат кардан  бачаҳо дар андак вақт забони тоҷикиро ҳам ёд гирифта, нағз мехондагӣ шуданд. Бо муваффақиятҳои бисёр таҳсил гузаронида шуд. Ин ҷо масъалаи имло ҳаст. Имлои кӯҳнаи тоҷикӣ хеле душвор хаёл карда мешавад, лекин ин қадар ҳам не. Ҳақиқатан имлои куҳнаи тоҷикӣ дорои як қадар сахтиву камбудӣ аст, лекин бачаҳо дар андак муддат бисёр нағз мехондагӣ ва менавиштагӣ мешаванд. Хусусан, акнун масъалаи имлои тоҷикӣ осон шуд, ки тоҷикон ҳам ба имлои нав гузаштанд ва аз имлои куҳнаи пӯсидаи заҳролуди фалокат халос шуданд.Ҳатто таълим додан ва ёд гирифтан бо имлои нави тоҷикӣ аз имлои нави ӯзбекӣ ҳам осонтар шуда монд. Дар бораи имло он қадар ҳам ҳоҷати бисёр таваққуф кардан нест.
Ин ҷо масъалаи забон ҳам ҳаст, аз Шарқ то ба Ғарб ҳама медонад, ки аҳолии Бухоро ба кадом забон гуфтугӯ мекунанд. Албатта, ба забони тоҷикӣ! Фарзанде, ки аз хурдӣ бо гуфтугӯи тоҷикӣ калон шудааст, албатта, дар бораи таълим гирифтан бо дигар забон як қадар мушкилӣ мебинад. Агар аз бисёрии аҳолии Бухоро ба забони ӯзбекӣ чизеро пурсанд: «Ин чӣ гуфта гӯён, ака?» – гуфта ҷавоб бидиҳанд. Албатта, бачае, ки аз хурдӣ ба як забон гуфтугӯ карда бошад, дар бораи ба дигар забон хондан ва таълим гирифтан хеле ҳам душвориҳое бинад.
Дар Самарқанд дар хусуси ба забони тоҷикӣ табдил додани мактаб бо ҳамроҳии падарону модарони талабагон маслиҳат карда, фикр ва маслиҳати онҳоро талаб карда будем. Дар он маҷлис ҳамагӣ чунин ҷавоб доданд: «Худи шумоён аз ҳама нағзтар медонед, ки мо аҳолии Самарқанд ба кадом забон гуфтугӯ мекунем. Албатта, ба забони тоҷикӣ! Акнун фарзандони мо, ки ба ҳамин забони тоҷикӣ калон шуда ва дар ҳавлӣ ҳам иброз ба тоҷикӣ, дигар забонро гуфтан наметавонанд. Ба кадом забон таълим гирифтанаш беҳтару кадом забонро нағз медонад ва муаллим як чизро пурсад, ба кадом забон ҷавоб додан метавонад? Албатта, ба забони модарии худаш. Мо ҳамагӣ аз тоҷикӣ шудани ин мактаб бисёр хурсандем. Чунки фарзандони мо ба забони модарии худамон хонда, зудтар илмнок мешаванд».
Инчунин аҳолии Бухоро ҳам аксарият ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд ва фарзандони онҳо низ ба забони модарии худ таълим гиранд, чӣ қадар боиси пешрафти онҳо хоҳад шуд.
Масъалаи китоб бошад, ҳамин таҳсили гузашта мактабҳои Самарқанд бо китобҳои тоҷикӣ нағз таъмин шуда буд. Баъзе камӣ дошта бошад ҳам, умед ҳаст, ки дар таҳсили соли 28-29 (соли таҳсили 1928-1929 – Ӯ.Р.) тамоман таъмин карда мешавад. Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар ин бора аҳамияти бузург дода, бисёр китобҳои даркориро чоп карда истодааст, ки дар оянда аз хусуси китоб ҳам камӣ нахоҳем дид. Дар ин бора ҳам хотирро бояд ҷамъ дорем, ки мактабҳои мо тамоман бо китобҳои тоҷикӣ ва адабиёти лозимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар бораи таълим додани муаллимон ба забони тоҷикӣ. Ин масъала худ аз худ ҳал шудааст. Муаллимони Бухоро, ки аз ҳамон оилаи тоҷикзабонанд, иқтидор доранд, ки ба забони тоҷикӣ ҳам мисли забони ӯзбекӣ, балки зеботар таълим бидиҳанд. Чунки ҳар кадоми онҳо бо аҳолии тоҷикнуфус ошно ҳастанд ва бо ҳамин имло хонда ва навиштаанд. Муаллимони Самарқанд ҳам ба андозаи ба тоҷикӣ гузаштани мактабҳои Самарқанд ба осонӣ мисли ӯзбекӣ таълим доданд, балки аз як кор зуд халос шуданд: тарҷума кардани калима ва ё ҷумлаҳои ӯзбекиро ба тоҷикӣ буд.
Назар ба мақолаи Б. Икромӣ дар якуми моҳи август Маҷлиси бузург дар бораи ҳамин масъала мешудааст. Бинобар ин андаке аз таҷриба фикрро дар ин ҷо гузоштам.
М. Аминзода».
Бешубҳа, М. Аминзода дар ин мақола моҳият ва аҳамияти ба забони тоҷикӣ табдил додани мактабҳоро бо тамоми ҷузъиёташ пешбарӣ намудааст. Дигар баҳрабардорӣ аз мақола ба зиммаи хонанда.

Матн ва таҳияи Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: