Муҳим будани амиқсозии минбаъдаи кооператсияи саноатӣ таъкид гардид

  • Муҳим будани амиқсозии минбаъдаи кооператсияи саноатӣ таъкид гардид
  • Муҳим будани амиқсозии минбаъдаи кооператсияи саноатӣ таъкид гардид
  • Муҳим будани амиқсозии минбаъдаи кооператсияи саноатӣ таъкид гардид

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 апрел муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, вазири саноат ва савдо Денис Мантуровро, ки ба ҳайати Русия дар намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром. Осиёи Марказӣ», ки дар ин рӯзҳо дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, раҳбарӣ мекунад, қабул кард.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷонибаи иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.

Сарвари давлатамон ташкил ва бомуваффақият баргузор намудани форуми «Иннопром»-ро бо иштироки беш аз 5 ҳазор намояндагони соҳибкорӣ аз 35 кишвар бо мамнуният қайд кард.

Ба нигоҳ доштани динамикаи гардиши мол ва амиқсозии кооператсияи саноатӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт эътибори алоҳида дода шуд.

Имкониятҳои васеи рушди минбаъдаи шарикии амалии минтақаҳои ду кишвар ва бо лоиҳаҳои дақиқ ғанӣ гардондани рӯзномаи ҳамкорӣ таъкид гардиданд. Ҳафтаи ҷорӣ ба кор дароварда шудани парки технологӣ дар вилояти Ҷиззах ба тариқи мисол оварда шуд.

Муҳимияти суръат бахшидани омодагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар доираи фаъолияти Идораи лоиҳавӣ, аз он ҷумла дар энергетика, мошинсозӣ, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, дорусозӣ ва дигар соҳаҳо таъкид гардид.

Инчунин шавқу рағбат ба ҷорӣ намудани таҷрибаи Русия дар соҳаи дастгирии истеҳсолоти саноатӣ ва зарурати пурзӯр гардондани механизмҳои институтсионалии пешбурди лоиҳаҳои муштарак қайд карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: