15-16-уми апрели соли равон сарвари давлат бо мақсади аз наздик шинос шудан бо тағйирот дар ҳудудҳо, беҳдошти зиндагии мардум, корҳои бунёдгарона, рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят ба Самарқанди бостонӣ ташриф овард.
15-16-уми апрели соли равон сарвари давлат бо мақсади аз наздик шинос шудан бо тағйирот дар ҳудудҳо, беҳдошти зиндагии мардум, корҳои бунёдгарона, рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят ба Самарқанди бостонӣ ташриф овард. Бо фаъолон вохӯрда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳрамон ва ба таври муносиб пешвоз гирифтани ҷашни сиюмин солгарди Истиқлолияти Ӯзбекистон вазифаҳои таъхирнопазир дод.
Хӯш, имрӯзҳо супоришу пешниҳодҳои Президент чӣ гуна иҷро мешавад? Барои ба ин суол ҷавоб ёфтан бо ташаббуси ҳокимияти вилоят пресс-тур ташкил гардид.
«Бандари ҳавоӣ» – мӯъҷизаи заминӣ
Мо чанд нафар назди бинои ҳокимият ҷамъ омадем ва ҳисси кунҷковиамон боло гирифту бо лифти замонавӣ дар як лаҳза ба боми бинои 12-қабатаи ҳокимият расидем. Аҷаб манзараи дилангез пеши назар ҷилвагар шуд. Нурҳои хуршеди оламафрӯз ба маҷмӯаи Регистон, мақбараи Амир Темур, гунбази Бибихонум бархӯрда, чашмро мерабуд. Аз дуру наздик иншооти навбунёди пасту баланд, экскаваторҳои борбардор, нақлиёти гуногун диққати касро ба худ мекашид.
– Самарқанд корҷома пӯшидааст, – гуфт кадоме, – ана сохтмону бунёдкорӣ!
– Шунидан кай бувад монанди дидан, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд дигаре. – Ҳозир назди иншоот рафта, як-як бо чашми сар мебинем.
Ҷонишини ҳокими вилоят Акмал Шукуров роҳбалад таъин гардид ва ӯ ҳамроҳаш масъулони сохтмон, лоиҳакашӣ, таъминот бо нерӯи барқ, оби нӯшиданӣ, гази табиӣ, ободонӣ, инчунин, мутахассисони соҳаҳои дахлдорро гирифт, ки ба пурсишҳои ҳозирон ҷавоби саҳеҳ диҳанд.
Воқеан, Президент шиносоӣ бо корҳои ободониро аз «бандари ҳавоӣ»-и Самарқанд оғоз намуда буд. Ҳоло барои ба яке аз беҳтарин аэропортҳои Осиёи Марказӣ, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалии авиатсионӣ намудани он бунёдкорӣ дар авҷ аст.
– Имрӯз сохтмони хати парвоз бо тӯли беш аз се километр, ки бараш 60 метр мебошад ба итмом мерасад, – гуфт сармуҳандиси тайёрагоҳ Зафар Гапиров. – Дар атрофи он барои бехатарии парвоз чароғҳои равшандиҳанда гузошта шуданд. Аввал дар як соат ба 400 нафар мусофир хизмат карда бошем, ин нишондиҳанда ба 1200 нафар мерасад. Ҳоло барои сайёҳони хориҷӣ 8 адад ва маҳаллӣ 4 адад гузаргоҳ тайёр аст. Дар ин ҷо беш аз 800 нафар бинокорон дар се баст кор мекунанд. Мутахассисони Русия, Туркия, Англия барои хушсифат ба поён расонидани сохтмон маслиҳатгару раҳнамо ҳастанд.
Хотиррасон бояд кард, ки мо минбаъд ғайр аз аэробус ҳама гуна ҳавопайморо қабул хоҳем кард. Аз ҳама муҳимаш, беш аз ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин мешаванд.
«Ширин»– дар лаби дарёи заррин
Дар соҳили дарёи Зарафшон аллакай чанд нафар бо лоиҳаҳо ҳозир буданд. Акмал Шукуров таъкид кард, ки дар мавзеи Қаросув аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Agromir Buldings» 116 хонаи истиқоматии 16, 15, 14 ва 12 қабата бунёд гардидаанд. Инчунин, мактаб барои 1600 нафар хонанда, кӯдакистон барои 120 нафар, майдончаҳои варзишӣ, дӯконҳои савдо сохта шудаанд. Минбаъд боз 7 хонаи 16 қабата қад хоҳанд афрохт.
– Президент ҳангоми тақдимоти сарнақшаи шаҳри Самарқанд бо лоиҳаи маҳаллаи Ширин, ки барои 90 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст, шинос шуда буд, ки ин ҳамон лоиҳа аст, – ба чанд коғази калон ишорат намуд Акмал Шукуров. – Аз он соҳили рӯди Зарафшон 270 гектар замин ба тасарруфи шаҳр гузашт. Акнун аз болои рӯд кӯпруке месозем, ки ду соҳилро пайваста, роҳи рафту омадро наздик мекунад. Ҳоло дар ин ҷо қариб ду ҳазор хонаи гуногуни шахсон арзи вуҷуд дошта, дар асоси шартнома соҳибони онҳоро розӣ карда, иншоотҳои нави замонавӣ барпо мекунем. Мақсад, ба шаҳри миллионнафара табдил додани шаҳри Самарқанд ва барои мардум фароҳам овардани шароити муфиду замонавӣ аст.
Маркази сайёҳии Самарқанд
Солҳои 80-уми асри сипарӣ дар ҳудуди ноҳияи Самарқанд канали заврақронӣ бунёд гардида, заводи заврақи варзишӣ сохтанд, ки маҳсулоти он на танҳо ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди шӯравӣ, балки ба давлатҳои хориҷӣ экспорт мешуд. Бо тавсияи сарвари давлат, ки аллакай се маротиба ба ин ҷо ташриф овард, маркази сайёҳии Самарқанд бунёд мегардад.
Сардиректори сохтмони маҷмӯа Ӯктам Латифов иттилоъ дод, ки дар 212 гектар майдон ҳашт меҳмонхонаи чор ва панҷ ситорадори 16-22 қабата, маҷлисгоҳ, шаҳраки кӯҳна (андозаи хурдакаки Регистон), ки дар атрофаш тарабхона, чойхонаи миллӣ, ҳуҷраҳои таомхӯрӣ, саҳнача барои рақсу бозӣ қад рост мекунанд.
Нақлиёт роҳҳои пурсангу қумро гузашта, дар назди ҳавлии деворҳояш баланд ва болояш бо тӯрхалта пӯшида қарор гирифт. Чанд нафар бо об додану нарм кардани таги ниҳолҳо банд буданд. Ба машом бӯйи гулҳои рангоранг зад.
– Ҳоло дар боғи мо беш аз 2600 ниҳоли сояафкану зебо, 12 ҳазор бех гулбутта парвариш карда мешаванд, ки аз Италия ва Туркия овардем, – гуфт агроном Ёрқин Хоҷаев. – Мо барои маҳаллигардонии рустаниҳо мамнӯъгоҳ ташкил кардем. Чанде пеш дар Италия бо парвариши ниҳолҳо шинос шудам. Рӯзҳои наздик ба Туркия сафар дорам. Мақсад – омӯхтани парвариши ниҳолҳо. Дар фасли тирамоҳ ва баҳор беш аз 30 намуди дарахти сӯзанбарг ва 50 хел гули рангорангро дар атрофи маҷмӯаи сайёҳӣ сабзонидан пешбинӣ шудааст.
Пули яклухт – гиреҳкушои муаммо
Аз сабаби афзудани нақлиёт дар роҳҳо тирбанд гардидан бисёр ба назар мерасад. Барои пешгирии он пулҳои замонавӣ ва роҳгузарҳои бехатар бунёд мегарданд, ки ин навид аз ҷониби корхонаи унитарии «Кӯпрукқурилиштрест»-и назди ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» ба ҳаёт татбиқ мегардад. Дар ин кор таҷрибаи кӯпруксозӣ ва ҷалб кардани техникаву технологияи замонавӣ, алалхусус ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ самараи хуб медиҳад. Боиси хурсандист, ки дар кишвари мо бори нахуст дар 1083-ум километри шоҳроҳи автомобилии М-39-и «Алма-ато – Бишкек – Тошканд – Тирмиз» аз ҷониби Русия ва Туркия пули яклухти дарозиаш 110 метр, бараш 29 метр бунёд мегардад.
– Афзалияти кӯпруки яклухт он аст, – гуфт муҳандис аз Туркия Фрад Коҷ, – бетон дар ҳамин ҷо тайёр шуда, болои панҷараи оҳанини пуриқтидор рехта мешавад. Пулро устунҳои мустаҳкам дошта, байни онҳо 32-42 метр аст. Онҳо 4 ҳазор тонна вазнро бардошта метавонанд. Агар сохтмон ба поён расад, дар як соат 600, дар як шабонарӯз беш аз 14 ҳазор мошин аз ин ҷо хоҳад гузашт. Боз як афзалияти пулу роҳгузарҳо аз он иборатанд, ки дар ягон ҷойи кӯчаҳо сечароғ – светофор нест ва мусофирон дар тӯли 10-12 дақиқа аз майдони Регистон ба шаҳраки сайёҳӣ омада метавонанд.
Барои халқ баъди нон – мактаб!
Устод Садриддин Айнӣ таъкид кардааст, ки «Одам нашавад касе, магар аз мактаб».
Сарвари давлатамон ба саводнокии насли наврас аҳамияти калон медиҳад. Ба ин мақсад барои толибилмони болаёқат дар ҳама вилоятҳо, аз ҷумла Самарқанд мактаби Президентӣ бунёд мегардад.
– Барои сохтмон аз маркази шаҳр ду гектар майдон ҷудо шуд, – хабар дод сардори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Иннаграфт» Соҳибҷон Маҳмудов. – Бинокорони мо дар ду баст меҳнат мекунанд, ки иншоот то оғози соли хониши нав ба истифода супурда шавад. Бо ин мақсад 76 миллиард сӯм ирсол гардид. Масолеҳи бинокорӣ аз Ҳиндустон, Русия, Венгрия оварда шудаанд. Мактаби нав, ки барои 168 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, аз толори варзиш, китобхона, ҳавзи оббозӣ, ошхона, хобгоҳ барои талабагону сӣ нафар омӯзгорон иборат мебошад.
– Як донишманд гуфта будааст, ки барои халқ баъди нон аз ҳама зарураш мактаб аст, – иброз дошт сардори садорати таълими халқи вилоят Зебуннисо Шодиева, – дар таълимгоҳи мазкур баробари муаллимони беҳтарини Ӯзбекистон, мутахассисони хориҷӣ ба насли наврас таълиму тарбия медиҳанд.
Воқеан, ҳангоми хатсайри матбуотӣ маълум гашт, ки Самарқанд ва самарқандиён ба иди истиқлол ҳаматарафа тайёрӣ мебинанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.