МУҲИМТАРИН МИЗОН – ТАЪЛИМИ ХУШСИФАТ

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълими умумии ҷумҳурӣ 6 миллиону 287,9 ҳазор нафар толибилмон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълими умумии ҷумҳурӣ 6 миллиону 287,9 ҳазор нафар толибилмон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз он ҷамъ 3 миллиону 52,9 ҳазор нафарро духтарбачаҳо ташкил менамоянд. Ҷамъи муассисаҳои таълими умумӣ – 10 ҳазору 181-то.
Назар ба соли таҳсили 2016-2017 ин миқдор 4,8 фоиз афзудааст, яъне шумораи дабистонҳо 462 адад зиёд шудааст.
Назар ба маълумоти Кумитаи омори ҷумҳурӣ, миқдори хонандагони мактабҳо танҳо тӯли як соли охир 1,9 фоиз афзудааст.
507,7 ҳазор нафар муаллимон ба таълиму тарбия машғуланд. Қисми асосии устодону мураббиҳоро кадрҳои маълумоти олинок ташкил менамоянд.
Ба ҳисоби миёна ба як нафар муаллим 12 нафар донишандӯз мувофиқ меояд. Вале ин таносуб дар ҳудудҳои ҷумҳурӣ  ҳар хел аст. Масалан, дар шаҳри Тошканд ба як омӯзгор 18 нафар, дар ҳудуди Қароқалпоқистон ба як муаллим 9 нафар хонандаи мактаб рост меояд. Қабул ба синфҳои якум дар вилоятҳои Самарқанд, Қашқадарё ва Фарғона ба таври ҳисшаванда афзояд, дар вилоятҳои Навоӣ ва Сирдарё, баръакс, камтар шудааст. 
Вале рақамҳои оморӣ чизи муҳим не. Вақтҳое гузашта рафтанд, ки мо аз торафт болоравии рақамҳо ифтихор намоем. Имрӯз аз ҳама муҳим – болоравии натиҷаи кор. Дар дабистонҳои таълими умумиамон машғулотҳо сифатан беҳтар шуданд ё не? 
Мо дар навбати аввал бояд ҳамин ҷиҳатро бо камоли диққату эътибор омӯзем. Роҳҳои ноил шудан ба комёбиҳоро ҷустуҷӯ ва дарёб созем. Норасоиҳоро бартараф намоем. Таълим дар муассисаҳои таълими умумиро ба талаботи замон созгор гардонем. 
Дар соли хониши 2020-2021 дар муассисаҳои таълими умумии ҷумҳурӣ таълим бо 8 забон ба роҳ гузошта шудааст. Қисми асосии хонандагони мактабҳо, яъне 5 миллиону 352,1 ҳазор нафари онҳо бо забони давлатӣ таҳсил менамоянд. Миқдори умумии донишандӯзоне, ки бо забони қароқалпоқӣ таҳсил доранд, 126,5 ҳазор нафаранд.
Дар муассисаҳои таълимии русӣ 642,5 ҳазор нафар мехонанд. Назар ба маълумотҳое, ки қайд ёфтаанд, 69,4 ҳазор толибони илм дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил мегирифтаанду халос. Кас намедонад ба ин рақамҳо бовар кунад ё не. Охир дар Ӯзбекистон тоҷикон аз ҷиҳати нуфус ҷои дуюмро ташкил менамоянд. Бармеояд, ки қисме аз тоҷикон дар дабистонҳое, ки таълимашон  ғайритоҷикӣ аст, таҳсил менамоянд.  
Тӯли 50 соли охир дар як қатор вилоятҳои ҷумҳурӣ мактабҳои тоҷикӣ баста шуданд. Танҳо дар се-чаҳор соли охир ин ҳолат то дараҷае боздошта шуд: дар баъзе ҳудудҳо синф ва мактабҳои тоҷикӣ барқарор гардиданд. Вале наметавон гуфт бо ҳамин муаммо ҳал гашт. 
Зимнан, дар торафт камшавии миқдори дабистонҳои тоҷикӣ падару модарон низ сабабгор. Бефарқӣ ва лоқайдӣ ҳамзабонҳои моро иллати куҳна аст. Наход нафаҳмем, ки фарзандони мо бо хатм кардани  мактаб бо забони модариашон низ ба мактабҳои олӣ дохил шуда метавонанд. Ҳазорҳо хатмкардагони мактабҳои  тоҷикӣ дараҷаҳои баланди илмӣ доранд, дар идораҳои бонуфуз кор мекунанд, кайҳо шахсони шинохта шудаанд.
Фақат то имкон ҳаст дараҷаи сифат дар мактабҳои таълимашон тоҷикӣ ва дигар мактабҳои гуногунзабонро бардоштан лозиму халос.
Баланд бардоштани  сифати таълим ва таъмини ба дараҷоти стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани он, воқеан, дар маркази эътибори роҳбари давлат қарор гирифтааст. Президент барои ин аз кулли имкониятҳо истифода бурданист. Масалан, ваъда медиҳад ба 1000 доллари ИМА расондани маоши омӯзгорро таъмин созад. Ин ба армияи бисёр адади омӯзгорон ва алоқамандони таълиму тарбия рӯҳбаландӣ мебахшад. Водор месозад муаллим аз усули шахшудаи пештара даст кашад, методологияи пешқадамтаринро дар машғулотҳо истифода кунад, маошеро, ки барояш ҷудо шудааст, ҳалол карда хӯрад. Вале оё гуфта метавонем, ки ҳамаи муаллимон ҳам аз ғамхориҳо мамнун шуда, кулли маҳорат, малака, ҳаракати худро ба ин ҷода сафарбар месозанд? Маош, ки даҳ баробар (тӯли солҳои охир) зиёд шуд, ақаллан дучанд ё сечанд меҳнат кардани омӯзгорон ва натиҷаҳои хуб ба даст овардани онҳо ба назар мерасад ё не?
Дар мактабҳоямон омӯзгорони бовиҷдон ва маҳоратнок ҳастанд. Онҳо ҳама чизро ҳам ба манфиатҳои моддӣ чен ва баркаш намесозанд. Солҳое ҳам, ки маоши омӯзгор хеле ночиз буд, фидоиён дар соҳаи маориф кам набуданд. Тавре ба назар мерасад, дар баъзе ҳудудҳо толибони илм назар ба ҳозира дониши хуб ва ҷаҳонбинии васеъ доштанд. Ҳоло ҳама шароит ва имкониятҳо муҳайё, вале дониш ва бинише, ки талабагон доранд, дар ҳама дабистонҳо ҳам қонеъкунандаанд? Дигар, ҳамаи онҳое ҳам, ки дар мактабҳо дарс медиҳанд, ба номи пуршарафи омӯзгорӣ сазоворанд?
«А, бе, те – маориф пула те»-и мозӣ, дар рӯзгори мо низ фақат ба хотири маош дар мактабҳо  рӯзкӯркунии як зумра ходимони педагогиро ифодагар нест?
Даврае фаро расида, ки фарзандони мо дар озмун-азназаргузаронӣ, зӯрозмоии дониш ва олимпиадаҳои фаннӣ худро нишон диҳанд. Ноил шудани намояндагони мо ба натиҷаҳои баланд дар олимпиадаҳои байналхалқӣ обрӯи мамлакат низ ҳаст. Баробари иштирокдорони ғолиб омӯзгорони онҳо низ муносиб тақдиронида мешаванд. Мактабе ҳам, ки ғолибон таҳсил мекунанд, холҳои сазовори рейтингӣ ба даст меорад.
3 апрели соли 2019 қарори Президент «Дар бораи чораҳои аниқсозии ҷавонони иқтидорнок ва ташкили сохтори пайдарпаи кадрҳои баландмалака» ба имзо расид. Мувофиқи он ба моҳонаи омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои фаннии анъанаваӣ пирӯз шудаанд, 100 фоиз, ба муаллимоне, ки дастпарвари онҳо дар олимпиадаҳои фаннии байналхалқӣ комёб гаштаанд, 150 фоиз ҳамроҳ карда, яъне иловапулӣ дода мешавад.
Тақрибан аз рӯи 13 фан зӯрозмоиҳои фаннӣ дар дараҷаҳои гуногун рӯи кор меоянд. Муаллимоне, ки бо саъйи комил ҳаракат ва шогирдони сазовор мебароранд, тавре ки мебинем, аз эътибор дур нестанд. 
Дар омодасозии хонандагони соҳибиқтидор роҳбарони синф низ нақши муҳим бозида метавонанд. Аз 1 феврали соли равон низоми ягонаи таъинсозии роҳбари синфҳо амал менамояд. Баробари дучанд шудани масъулият дар назди муаллимоне, ки роҳбари синф ҳастанд, ҳақи меҳнате, ки барояшон дода мешавад, ба таври ҳисшаванда зиёд мегардад.
Ба мактабҳое, ки дар онҳо сифати таълим паст аст, аз мактабҳои дигар омӯзгорони пешқадам ҷалб карда мешаванд. Аз 1 марти соли ҷорӣ ҳисобу китоби ба ин гуна омӯзгорон додани иловапулӣ татбиқ ёфта истодааст. Акнун муаллими пешқадам ва ташаббускор, ки худро нишон медиҳад, метавонад аз рӯйи имконият дар мактабҳои дигар низ кор кунад, мувофиқи меҳнаташ рағбатонида шавад. Тавре мебинем, барои омӯзгоре, ки кор карданист, майдон васеъ.
Бо баҳисобгирии ба муассисаҳои таълими олӣ дохилшавии миқдори хатмкардагон ба муассисаҳои таълими ҳамагонӣ баҳо дода мешавад. Ин хуб аст. Вале бояд ҳаминро низ ба эътибор гирифт, ки вазифаи мактаб танҳо омодасозӣ ба мактабҳои олӣ нест. Муҳимтарин вазифаи он додани дониш ва малакаи замонавӣ ба донишандӯз. Мактаб набояд танҳо ба хонандагони алоҳида, ки оянда хондан рафтанианд, сарукор дошта бошад. Як синф, мисолан, 30 нафар хонанда дошта бошад, он 30 нафар бояд то дараҷаи имкон будан бо асосҳои дониш мусаллаҳ шаванд. Оянда хондан мераванд ё не, кори онҳост. Дигар, на ҳама хатмкардагон имконияти хонданравӣ доранд, ки ин чиз то андозае ба моддиёт вобаста...
Ҳамин низ сир нест, ки донишҷӯшавиҳо то дараҷае ба ҳаракату хоҳиши падару модароне ҳам вобаста, ки ҳарҷиҳата таъмин мебошанд.
Эътибор ба таълим дар мамлакати рӯ ба ривоҷи мо умед мебахшад, ки ояндаи наздик масъалаҳои дардноки вобаста ба моддиёт ҳалли худ меёбанд, танҳо дар асоси грантҳои давлатӣ донишандӯзии фарзандонамон дар мактабҳои олӣ, хусусан, донишкадаҳои омӯзгорӣ ба роҳ гузошта мешавад. Он вақт майнаи донишҷӯро танҳо як фикр банд мекунад – фикри аъло хондан, бо асосҳои дониши замонавӣ мусаллаҳ гаштан.
Мақсади ниҳоӣ – омодасозии кадрҳои миллии ҳарҷониба ташаккулёфта. Аз ҷумла, кадрҳое, ки оянда ба онҳо тақдири мактабро супурдан мумкин. Таълиму тарбияи фарзандонро ба онҳо бовар кардан мумкин.
Бо мақсади таъмини музди муносиб ва рағбатноксозии омӯзгорони пешқадам ба фондҳои минтақавии ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи таълими халқ соли равон 330 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад. Танҳо барои роҳбарии синф ба зиёди аз 240 ҳазор нафар муаллимони мактабҳо аз буҷа иловагӣ 400 миллиард сӯм ҷудо мегардад, ки ин, албатта, ба алоқамандони соҳа рӯҳбаландӣ мебахшад. Вале хуб мешуд ҳама не, танҳо сазоворҳое, ки ба қадри ғамхориҳои давлат мерасанд, мувофиқи меҳнат музд ва иловапулиҳо гиранд – об оварда ва кӯзашикаста баробар нагардад. 

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: