МУҲОФИЗИ ВАТАН МЕШАВАМ

Камина соли 1998 дар деҳаи Машҳади ноҳияи Чуст, дар оилаи зиёиён таваллуд ёфтам. Падару модарам омӯзгорони фанни физикаанд.

Ҳангоми таҳсил дар мактаби таълими умумии ихтисосонидашудаи давлатии рақами 52-уми деҳаи Тошқӯрғон баробари дигар фанҳо ба физика ва математика шавқи баланд доштам. Баробари иштирок дар санҷиши фаннии ноҳиявӣ ва вилоятӣ, бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шуғл меварзидам.
Баъди хатми мактаби номбурда бе ҳеҷ гуна дудилагӣ ҳуҷҷатҳоямро ба литсейи академии телекоммуникатсияи Тошканд (ҳозира мактаби Темурбекҳо) супурдам. Аз имтиҳонҳои қабул муваффақиятнок гузашта, таҳсилро идома додам. Се соли таҳсил бароям мактаби обутоб гардид. Соли 2017 баъди хатми литсей, ба омӯзишгоҳи қӯмондонию муҳандисии олии танки Чирчиқ қабул шудам. Соли гузашта ба рӯям бахт хандиду ба факултаи мудофиаи зиддиҳавоии (ПВО) Академияи ҳавоии кайҳонии Твер қабул гардидам.
Дар рафти таҳсил баробари соҳиби дониши амиқ гардидан бо техника ва силоҳи навини ҳарбӣ шинос мешавем.
Ният дорам баъди хатми академия ба мамлакатамон баргашта, дар қисмҳои ҳарбии кишвар хидмат намоям ва дар муҳофизати Ватанамон саҳм гузорам.

Ҳусниддин 
САЛОҲИДДИНОВ,
курсанти Академияи ҳарбию ҳавоии кайҳонии 
Твери Русия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: