МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ВА МУШКИЛОТИ ОН

Қариб ҳамаи мамлакатҳои рӯи заминро муҳоҷирати меҳнатӣ фаро гирифтааст.

Одамон аз як кишвар ба кишвари дигар бо мақсадҳои гуногун: кору зиндагӣ, истироҳату табобат, сайру саёҳат, таҳсил ва ғайра сафар мекунанд. Бархе муҳоҷирати меҳнатиро ба вуҷуд меоваранд. Муҳоҷирати маҷбурии меҳнатӣ ҳамаро ба ташвиш овардааст.
Муҳоҷирати маҷбурии меҳнатӣ ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро поймол мегардонад. Бадтар аз ҳама савдои одам содир карда мешавад. Қишри калони муҳоҷирони меҳнатиро ҷавонон ташкил менамоянд. Мутаассифона, як тоифа аз паи гурӯҳҳои ифротӣ мераванд, дар задухӯрдҳои ҳарбии кишварҳои ноором иштирок намуда, силоҳ ба даст мегиранд.
Дар ҷумҳуриамон ба тартиб андохтани муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ва пешгирӣ намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ масъалаи муҳим ба шумор меравад. Дар ин бора якчанд ҳуҷҷати ҳуқуқӣ низ ба имзо расидааст. Чунончи, 5 марти соли 2018 қарори Президент «Дар бораи чораву тадбирҳои таъмин намудани амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вақти ба хориҷи кишвар бо нақлиёт барои амалӣ гардондани фаъолияти муваққатии меҳнатӣ рафтан» баромада буд.
Мувофиқи ин қарор тӯли моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Ҷиззах зиёда аз шаш ҳазор нафар шаҳрвандон барои ба Федератсияи Русия ва мамолики Аврупо рафтан ба шуъбаи ҳудудии Агентии муҳоҷирати меҳнатӣ муроҷиат намуданд. Аз ин 5255 нафар аз чиптаҳои имтиёзноки қатора ва тайёраҳо истифода бурдаанд.
Имрӯзҳо барои мубориза бурдан ба муқобили савдои одам ҳамкории ҳамаи ташкилоту муассисаҳо зарур аст. Бинобар ин дар чаҳорчӯбаи реҷаҳои муштарак ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи савдои одам ҷабр кашидаанд, як андоза сиҳатии худро гум намудаанд, тавассути марказҳои реабилитатсионӣ кӯмаки иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ расонида мешавад.
Савдои одам таърихи дуру дароз дорад. Ин иллат, яъне истисмори одам аз тарафи одам дар ҷомеаи ғуломдорӣ ҳолати муқаррарӣ буд. Дар замони ҳозира намудҳои нави савдои одам ба назар мерасад. Барои пешгирӣ намудан аз ин ҷинояти мудҳиш гузаронидани тадқиқотҳои иҷтимоӣ дар мавзӯи «Мубориза ба муқобили савдои одам ва ҷараёнҳои муҳоҷирати меҳнатӣ» миёни ҷомеа шарти зарурист. Ба ғайр аз ин ба ҷавонон фаҳмондани асосҳои қонунии дар хориҷи кишвар кору фаъолият намудан, мубориза ба муқобили савдои одам, таъсири ин иллатҳо ба арзишҳои миллӣ ва маънавиамон яке аз вазифаҳои асосӣ ҳисоб меёбанд.
Ҳоло дар ҳудуди вилоят чаҳордаҳ гурӯҳи тарғиботӣ таъсис ёфтааст, ки маҳз ҳамин вазифаҳоро ба сомон мерасонад. Дар конфронси матбуотӣ, ки хидмати ахбори ҳокимияти вилоят гузаронд, «Дар бораи мубориза алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ, такмил додани масъалаҳои ба хориҷа рафтан, омадан ва ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ, ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ва ҳам ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ зимни ба ҷумҳурӣ баргардондани шаҳрвандоне, ки берун аз кишваранд» ном дошт, дар ин бора сухан рафт. Дар ин мавзӯъ муовини ҳокими вилоят оид ба робитаҳо бо ташкилотҳои ҷамоатӣ ва динӣ Эштемир Исматов, роҳбари бахши вилоятии Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ Баҳодур Қӯшназаров, сармутахассиси он Тоҳир Абдуназаровҳо сухан карданд. Назар ба гуфти онҳо, ҳамкории ташкилоту муассисаҳои гуногун баҳри пешгирӣ намудани муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ ва савдои одам пурзӯр гардонида мешавад. Дар давоми даҳ моҳ аз Русия зиёда аз ду ҳазор нафар ҳамдиёронамон ба ҷумҳурӣ баргардонида шуд, ки аз ин панҷоҳ нафарашон ба таври доимӣ дар вилояти мо зиндагӣ мекунанд. Онҳо ба мушкилиҳои гуногун, гум кардани шиноснома, наёфтани ҷои кор, бадшавии саломатӣ ва ғайра рӯбарӯ омадаанд. Баробари созмону ташкилотҳои давлатӣ, марказҳои иҷтимоӣ-ахбори «Истиқболли авлод», «Истиқлол авлоди» маҳз барои аз нигоҳи иҷтимоӣ, моддӣ, ҳуқуқӣ ёрӣ расондан ба шаҳрвандон ихтисос ёфтаанд. Ба ғайр аз ин ба шаҳрвандоне, ки ба Русия бо муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, буклетҳои «Мо ба шумо кӯмак мерасонем», «Ёддоштҳо» паҳн карда мешавад.
Ҳамаи корҳои тарғиботӣ баҳри такмил додани низоми мубориза зидди савдои одам, меҳнати маҷбурӣ, экстремизм ва терроризм равона карда шудааст. Муҳимтар аз ҳама ҳимояи мафкураи ҷавонон аз таъсири бади маданияти бегона аз вазифаҳои асосӣ ба шумор мераванд,– таъкид карданд дар конфронси матбуот.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: