МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ СОҲАИ ВАРЗИШ

Дар маҷлиси Кумитаи масъалаҳои ҷавонон, маданият ва варзиши Сенати Олий Маҷлис бинобар дар кишвар минбаъд оммавӣ гардондани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамчунин тайёр кардани варзишгарони Ӯзбекистон ба бозиҳои Олимпиадаи тобистона, ки соли 2020 дар шаҳри Токио (Ҷопон) баргузор мешавад, ахбори вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, раиси Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон шунида шуд.

Бо ташаббуси Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамчунин Кумитаи олимпӣ миллии барои дар мамлакат минбаъд оммавӣ кунондани варзиш ва тарзи ҳаёти солим, мусобиқаҳои гуногунмиқёсро ба дараҷаи баланд баргузор кардан, ба муқобили допинг амалӣ намудани назорат корҳои муайян татбиқ мешаванд.
Ба хусус, дар ин ҳол барои пурзӯр кардани  тайёрии варзишгарон, бардоштани малакаи мураббӣ ва ҳакамон ва байни аҳолӣ васеъ тарғиб намудани тарбияи ҷисмонӣ эътибори  алоҳида дода мешавад.
Дар асоси Барномае, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  «Дар бораи чорабиниҳои минбаъд ривоҷ додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши оммавӣ» аз 3 июни соли 2017 тасдиқ шудааст, дар ҳамаи ҳудудҳои кишвар мусобиқаҳои варзиш барои ҷоми Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш байни ҷавонон гузаронда мешавад. 
Таъкид гардид, ки дар бозиҳои олимпияи тобистона ва Паралимпӣ, ки соли 2020 баргузор хоҳад шуд, бинобар 21 намуди варзиш иштирок кардани 97 нафар варзишгарони мо пешбинӣ шудааст. 
Таъкид баҷост, ки бинобар намудҳои олимпия ташкил кардани назорати саломатии варзишгарон ва муаммои тиббии онҳо аз масъалаҳои муҳимест, ки назди вазорати номбурда ва кумитаи миллии олимпӣ  қарор дорад. Доир ба ин самт бо 24 федератсияи  ба рӯйихати Олимпиада воридшуда шӯрои семинарӣ ташкил гардида, дар он масъалаҳои дахлдор муҳокима ва вазифаҳои дар пешистода муайян карда шуданд.
Дар маҷлис зикр шуд, ки дар баробари корҳои иҷрошуда баъзе супоришҳо аз ҷониби вазорат дар амал татбиқ нашудаанд, барои иҷрои баъзе вазифаҳо ба сусткорӣ роҳ дода шудааст. Мисолан, айни замон бояд мураббиёни муассисаҳои таълими варзиш наздик ба 11200 нафарро ташкил медод ва ба туфайли он ки беш аз 5200 нафари онҳо (46,5 фоиз маълумоти олӣ доранд, дар соли 2019 ба 8330 нафар ё 60 фоиз расондани ин нишондод муайян гардида буд.
Ҳамчунин, бинобар 21 намуди варзиш, ки дар Олимпиадаи тобистонаи XXXII дар шаҳри Токио (Ҷопон) соли 2020 баргузор мешавад, барои ба даст овардани литсензияҳо бинобар таъмин кардани иштироки ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон, ки наздик ба 100 нафар мебошанд, муайян гардида буд. Айни замон бошад, танҳо 3 нафар варзишгар литсензия ба даст овардаанд, ки барои ширкат дар Олимпиадаи тобистона имконият медиҳад. 
Дар чорабинӣ бинобар бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби сенаторҳо тавсия ва пешниҳодҳо баён шуданд. 

Х. ҲАМИДОВ, хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: