МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАҒТӢ ОИДИ САРМОЯҲО

16 августи соли равон «мизи мудаввар» таҳти мавзӯи «Омилҳои ба воридшавии сармояҳо халалрасон: маҳдудиятҳо дар роҳи сармояҳои бевоситаи хориҷӣ» баргузор гардид.

Тадбирро Кумитаи масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, робитаҳои берунии иқтисодӣ, сармояҳои хориҷӣ ва туризми Сенати Олий Маҷлис дар доираи лоиҳаи USAID оиди рақобат, тиҷорат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар Осиёи Марказӣ (CTJ) ташкил намуд.
Дар кори «мизи мудаввар» аъзои кумитаи номбурдаи Сенат, намояндагони вазорат ва идораҳо, секторҳои хусусӣ, мутахассисони созмонҳои байналхалқӣ, лоиҳаҳои USAID дар Ӯзбекистон, ҳамчунин вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Қайд карда шуд, ки ояндаи Ӯзбекистон ва статуси он ба сифати давлати саноатӣ бо модернизатсияи иқтисодии мамлакат дар асоси технологияҳои замонавӣ вобастагии қавӣ дорад.
Ин, дар навбати худ, таъминоти васеътари сармояҳои маҳаллию хориҷиро талаб менамояд.
Барои афзун гардондани ҳаҷми сармояҳои хориҷӣ ва ҷалби онҳо ба иқтисодиёти мамлакат, дар навбати аввал, муътадилсозии  иқлими сармоявӣ ба дараҷаи стандартҳои байналхалқӣ талаб карда мешавад.
Баромадкунандагон қайд намуданд, дар нимаи аввали соли 2019 назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда дар Ӯзбекистон 1,6 баробар бештар сармояҳо азхуд карда шуданд. Воридшавии сармояҳои бевосита 2,7 баробар, ҷалбсозии институтҳои молиявии байналхалқӣ 3,7 баробар афзуд. Солҳои пештара чунин нишондиҳандаҳо ҳатто ба 25 фоиз намерасиданд.
Айни замон гуфта шуд, имрӯзҳо саддҳое мавҷуд, ки ба воридшавии бемайлони сармояҳои хориҷӣ халал мерасонанд. Ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои бартарафсозии монеаҳо чун яке аз масъалаҳои муҳими иқтисодӣ  таъкид ёфт. 
Аз ҷумла, хотирнишон карда шуд, ки воридоти бевоситаи сармояҳо муҳимтарин омили молиявигардонии берунии мамлакат мебошад. Аз нуқтаи назари татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва беҳсозии идоракунии он низ воридоти бевоситаи сармояҳо аҳамияти муҳим касб менамояд.
Дар рафти тадбир масъалаҳо дар ин самт мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Қайд ёфт, ба ҷойҳое, ки коррупсия реша давондааст, маҳалбозӣ ва бюрократия барҳам нахӯрдааст, ҳеҷ вақт сармоягузорон  таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд. Дар ин гуна вазъият пешравии корҳоро дар чанд соли оянда пешгӯӣ кардан душвор.
Ғайр аз ин, гуфтанд баромадкунандагон, дар чунин ҳолат харҷҳои зиёдатӣ меафзоянд.
Аҳамияти алоҳидаи такмили базаи қонунгузорӣ дар ин ҷабҳа қайд карда шуд. Маҳдудиятҳо дар истифодаи мулк, фоидабарӣ аз замин, таъмини шаффофӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳсноки тиҷоратӣ дида баромада ва норасоиҳо дар ин самт бояд бартараф карда шаванд. Маҳдудиятҳои истифода аз имкониятҳои захираҳои молиявӣ, ставкаи баланди фоизӣ дар кредитҳо, рушди номусоиди инфрасохторӣ садди воридоти сармоя ва тараққиёти иқтисодиёти мамлакатанд, таъкид ёфт дар «мизи мудаввар», омӯхтани таҷрибаи пешқадами кишварҳои рушдёфта оиди мувофиқсозии инвентаризатсияҳо дар ҳифзи сармояҳои хориҷӣ, ҳаракатҳои муштарак алайҳи коррупсия талаботи рӯз мебошад. Дар тадбир таклиф ва тавсияҳои мушаххас бобати беҳсозии иқлими сармоявӣ, такмил ва мустаҳкамсозии механизмҳои воситаҳои рақобат пешниҳод карда шуданд. 

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: