Чанд рӯз аст, ки ҳокими вилояти Бухоро Ботир Зарипов ба ноҳияҳо баромада, бо ҳудудҳо аз наздик шинос шуда, бо раисони маҳаллаҳо, фаъолон мулоқот мекунад.
Чанд рӯз аст, ки ҳокими вилояти Бухоро Ботир Зарипов ба ноҳияҳо баромада, бо ҳудудҳо аз наздик шинос шуда, бо раисони маҳаллаҳо, фаъолон мулоқот мекунад.
Чунин як вохӯрӣ дар ноҳияи Шофиркон сурат гирифт.
– Мақсад аз ин вохӯрӣ омӯхтани масъалаҳои иҷтимоӣ, талабу дархост ва эҳтиёҷоти аҳолии ноҳия ва андешидани чораю тадбирҳои ҳалли он иборат аст, – гуфт ҳокими вилоят.
Дар тадбир ҳамаи 50 нафар раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия, намояндагони халқ, ҷонишинони ҳокими но-ҳия ва муовинони дахлдори ҳокими вилоят, роҳбарони секторҳо, сарварони идораю ташкилот ва корхонаҳо иштирок карданд. Ҳокими ноҳия Ҷамшед Шарофов дар бораи масъалаҳои муҳимтарини аҳолӣ ва ҳудудҳои ноҳия таваққуф намуда, аз ҷумла чунин гуфт: бо мақсади ба аҳолӣ фароҳам овардани шароити қулай ба 139,1 км роҳҳои дохилӣ партофтани шағал, асфалтпӯш кардани 134,5 км чунин роҳҳо, бунёд кардани биноҳои нави муассисаҳои таълими томактабӣ дар маҳаллаҳои «Искогаре», «Чуқурак», «Чуқураки Поён», «Янгиқишлоқ», «Доругар», «Қайрағоч», «Пахтаобод», «Котиён», «Ҷилвон», «Навбаҳор», «Бобоҳайдар», «Саврак», «Хоркаш», «Қӯрғони Вардонзе», «Ҷӯи-нав», «Мингчинор», «Некишӣ», барпо намудани се мактаб (ҳар кадом дорои 250 ҷой) дар маҳаллаҳои «Вардонзе», «Боғиқӯрғон», «Мирзоқул», дар маҳаллаи «Пашмон» созмон додани китобхонаи электронӣ ва маҷмӯи варзишии бокс, дар ҳудудҳои дурдасти «Талисангобод», «Чуқураки Поён», «Қайрағоч», «Паттахон», «Шибирғон» ва ғайра гузоштани вагонҳо бо ҷиҳоз-ҳои тиббӣ, таъмир намудани поликлиникаи оилавии №48, бунгоҳи тиббии ои-лавии «Ҷилвон», бетонфарш намудани рӯди «Шофиркон-1»(3 км), дар 31 маҳалла бо мақсади мӯътадил гардондани обёрии заминҳои наздиҳавлии аҳолӣ бунёди 102 чоҳи обтаъминкунӣ, ҳамин тариқ, дар бинои бекормондаи коллеҷи кишоварзии маҳаллаи «Шодлик» ташкил кардани мактаб, бо оби ошомиданӣ таъмин намудани 26 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо, сохтани манзилҳои бисёрошёна, таъмири 14 кӯпрук дар маҳаллаҳои «Ҷӯинав», «Ғуломте», «Талисафед», «Янгиқишлоқ», «Мазлахон Чандир», «Ҷӯ-шӯра», «Бобур», «Зарчабек», «Ш.Рашидов», «Қӯрғони Вардонзе», «Мингчинор», «Читгарон», «А. Навоӣ» ва «Котиён» хеле зарур аст...
Ҳокими вилоят роҳбари ҳар як маҳалла, депутат, ҷонишини ҳоким, роҳбари сектор, мутасаддиёни дахлдорро аз ҷо хезонда масъалаҳои ҷодоштаи ҳар кадоми онҳоро алоҳида - алоҳида пурсид ва баҳри ҳаллу фасли он чӣ қадар лозим будани маблағро бо мутахассисони соҳа муҳокима кард. Ба роҳбарон ва мутасаддиёни соҳа супориш дод, ки баҳри аз байн бурдани масъалаҳо ва иҷрои талабҳо чораҷӯӣ намоянд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.