Дар вилояти Бухоро таҳти роҳбарии ҳокими вилоят аз ҷониби роҳбарони секторҳо муҳокима гардидани ҷиноятҳои вазнин ва хеле вазнин дар маҳаллаҳо ҳамчун «Таҷрибаи Бухоро» эътибор пайдо кардааст.
Дар маҷлисгоҳи ҳокимияти ноҳияи Ғиждувон муҳокимаи навбатӣ, ки бо усули видеоконфронсалоқа ба амал омад, ҳокими вилоят Б. Зарифов, прокурори вилоят У. Ҳамдамов, масъулони мақомоти ҳуқуқу тартибот таҳти роҳбарии сардори Садорати корҳои дохилии вилоят И. Турсунов иштирок карданд. Дар он сабабҳо, омилҳои ҷиноятҳои хеле вазнине, ки дар маҳаллаҳои «Пахтаобод»-и ноҳияи Ғиждувон ва «Тинчлик»-и ноҳияи Қаравулбозор сар задааст, ҳаматарафа таҳлил ва муҳокима карда шуд. Дар айни замон бобати пешгирӣ ва профилактикаи чунин ҳолатҳо фикру ақидаҳо баён гардид. Дар тадбир масъулони ин ҳар ду маҳалла, ки шомили «Тоифи сурх» гаштаанд, аз хусуси корҳояшон оиди татбиқи тамоюли «Маҳаллаи обод ва бехатар» дар ҳудудашон ҳисобот доданд. Сипас камбудию нуқсонҳои аз ҷониби онҳо содиргашта дар рӯҳи танқидӣ таҳлил ёфт ва нисбати масъулони маҳалла, инчунин роҳбарони секторҳои ҳудудӣ ва мутасаддиёни дигар бобати дидани чораи интизомӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Икромҷон Турсунов бобати вазъи ҷиноятҳо бо мақсади пешгирии онҳо ташкил намудани корҳо дар маҳалҳо бо низоми «хонадонбайъ», «оилабайъ» ва «фуқаробайъ», инчунин вазифаҳои пешистода дар асоси тамоюли «ҳавлии бехатар» таваққуф кард.
Улуғбек Ҳамдамов ҳангоми суханрониаш номураттабии алоқаҳои байниҳамдигарии роҳбарони секторҳо, масъулони идораҳо, кормандони маҳаллаҳоро боиси чунин воқеаҳои манфӣ ҳисобид ва нисбати шахсони мансабдоре, ки лоқайдӣ зоҳир мекунанд, дар чорчӯбаи қонун дида шудани чораҳои қатъиро таъкид кард.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.