МУҲОКИМАИ ҚОНУНШИКАНИҲО ДАР МАҲАЛЛА

Маҳаллаи Мироби ноҳияи Қарокӯл дар ноҳия ҳамчун ҳудуди аз ҷиҳати ҷиноӣ вазнин шомили тоифаи сурх шудааст. Ба ибораи дигар, сатҳи қонуншиканиҳо дар ин ҷо баланд аст.

Ба қарибӣ ҷинояти вазнинтарин низ дар ҳамин маҳалла рух додааст. Ин ҳолат мутасаддиёни соҳаи вилоятро водор намуд, ки ин масъаларо ба худи маҳалла рафта, бо иштироки аҳолии ҳудуд якҷоя муҳокима кунанд. Аз ин рӯ, 27 апрели соли ҷорӣ прокурори вилоят Маҳмуд Истамов, сардори Садорати корҳои дохилии вилоят Шӯҳрат Алиев, ҷонишини ҳокими вилоят – сардори Садорати оила ва занону духтарони вилоят Фирӯза Иброҳимова, ҳокими ноҳия ва мутасаддиёни дигар ба маҳаллаи номбурда рафтанд. Онҳо бо иштироки вакилони деҳаю кӯча, фаъолон ва аҳли ҷамоат масъалаи қонуншиканиҳо дар ҳудудро муҳокима карданд. Сабабҳои сарзании ҷиноятро батафсил таҳлил намуда, дар бораи роҳҳои пешгирӣ ва бартарафсозии онҳо изҳори ақида карданд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: