Дар ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи Бордонкӯли ноҳияи Юқори Чирчиқ бо контингентҳои махсуси колонияи 47-уми минтақавӣ-ҳудудии якум таҳти мавзӯи «Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» мулоқоти кушод баргузор шуд.
Фаровонҳолӣ ва фардои сайёраамон ба чӣ гуна камол ёфтани ҷавонон вобаста аст. Вазифаи асосии мо аз фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои намоён кардани салоҳияти ҷавонон иборат аст.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шавкат МИРЗИЁЕВ.
Дар ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи Бордонкӯли ноҳияи Юқори Чирчиқ бо контингентҳои махсуси колонияи 47-уми минтақавӣ-ҳудудии якум таҳти мавзӯи «Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» мулоқоти кушод баргузор шуд.
Дар мулоқот ба иштирокдорон дар бораи қурбониёни солҳои табъид, бо машаққатҳои зиёд ба даст дароварда шудани истиқлолият, ислоҳоти навбатӣ, тағйироти куллие, ки дар доираи «Стратегияи амалиёт» ба амал татбиқ гардиданд ва нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ маълумоти муфассал дода шуд. Бояд таъкид намуд, ки доир ба рушду равнақи мамлакат дар панҷ соли гузашта ислоҳоти муназзам ба амал татбиқ гардида, натиҷаҳои мусбӣ ба даст оварда шуданд.
Дар натиҷаи ҷорӣ шудани механизмҳои «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон», «Дафтари ҷавонон» дар соҳаи иҷтимоии мамлакат тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Агар дараҷаи бо таълими томактабӣ фаро гирифтани бачагон дар соли 2017 27,7 фоизро нишон дода бошад, ҳоло ин нишондод ба 62 фоиз расидааст. Бо таълими олӣ фаро гирифтани хатмкунандагон соли 2016 9 фоизро ташкил карда бошад, ба соли 2021 омада ин рақамҳо ба 28 фоиз расид.
Ғайр аз ин, дар давоми чорабинӣ ба иштирокдорон дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2026, зина ба зина ба амал татбиқ намудани ислоҳот ва чорабиниҳое, ки дар доираи он пешбинӣ шудааст, маълумоти муфассал дода шуд.
Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев Стратегияи рушди Ӯзбекистони Навро дар асоси тамойили «Инсон – ҷамъият – давлат» чунин барномарезӣ кард:
– Бо баланд бардоштани қадри инсон ва рушди ҷамъияти шаҳрвандии озод бунёд кардани давлати халқпарвар. Тамоюли якум 12 мақсадро дарбар гирифта, мазмуни мухтасари он аз ин иборат мебошад: бо рушди ҷамъияти шаҳрвандии озод давлати халқпарвар бунёд карда мешавад, ислоҳоти васеъмиқёсе, ки ба қадру қимати инсон ва таъмини манфиатҳои қонунии он нигаронида шудааст, ба зинаи нав бардошта мешавад.
– Дар мамлакат ба вазифаи асосӣ ва зарурӣ баргардондани тамоюлҳои устувори адолат ва қонун. Мазмуни мухтасари тамоюли мазкур, ки 8-то мақсад пешбинӣ шудааст, аз инҳо иборат мебошад: устувории адолат ва қонун – шарти асоссии бунёди давлати халқпарвар ва таъмини қадру қимати инсон мебошад.
– Рушди баландсуръати иқтисодиёти миллӣ ва таъмини босуръати афзоиш. Тамоюли сеюм аз 16 мақсад иборат буда, мазмуни мухтасари он чунин аст: иқтисодиёти миллӣ ва ба дараҷаи талаботи замон рушди баландсуръати афзоиши он яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.
– Сиёсати иҷтимоии боадолат ва рушди капитали инсон. Мазмуни мухтасари тамоюли мазкур, ки 34 мақсадро дарбар мегирад, аз инҳо иборат мебошад: сиёсати иҷтимоии боадолат ва масъалаи таълиму тарбияи босифат, ки омили муҳимтарини рушди капитали инсон ба шумор меравад, пас аз ин низ, дар маркази эътибори доимист.
– Таъмини рушди маънавият ва ба зинаи нав баровардани он. Тамоюли панҷум аз 8 мақсад иборат буда, мазмуни мухтасари он чунин аст: Ислоҳоте, ки дар соҳаи маънавият ва маърифат амалӣ мешаванд, дорои аҳамияти муҳим буда, онро ба зинаи нав мебардорад.
– Ба мушкилоти умумбашарӣ манфиатҳои миллиро дар назар дошта, муносибат намудан. Тамоюли мазкур 10 мақсадро таҳти назар дошта, мазмуну мундариҷаи мухтасари он чунин аст: ҳаллу фасли тағйироти иқлимӣ, мушкилоти экологӣ, радикализм, экстремизм, терроризм, савдои одам ва ғайра ҳамчун мушкилоти умумбашарӣ долузарб мемонад.
– Пурзӯр гардондани салоҳияти мудофиа ва бехатарии мамлакат, сиёсати берунии фаъол, прагматик ва кушод. Мазмуни тамоюли ҳафтум, ки 12 мақсадро дар бар мегирад, чунин аст: Пурзӯр гардондани қудрати Қувваҳои Мусаллаҳ, ки кафолати боварибахши таъмини бехатарӣ ва осудагӣ дар мамлакат аст, ҳамчун мақсади устувор боқӣ мемонад.
Завқибек МАҲМУДОВ,
ходими илмии хурди Донишкадаи таърихи АУ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.