МУҲОРИБАИ ДАСТӢ

Дар шаҳри Бухоро байни наврасон ва ҷавонон чемпионати ҷаҳон оид ба ҷанги дастӣ ба амал омад.

Дар он, ки бо ташаббуси Федератсияи ҷанги дастии Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояти Бухоро сурат гирифт, аз Русия, Белорус, Молдавия, Чехия, Олмон, Туркия, Эрон, Испания – қариб 20 давлат 300 нафар варзишгарон қувваозмоӣ карданд. Байни онҳо 74 нафар спортчиёни мамлакатамон баҳри ҳифзи шарафи диёр мубориза бурданд. Дар қувваозмоиҳо духтарон ва ҷавонони наврас аз рӯйи 38 тоифаи вазн мусобиқа  карданд. 
Бинобар ҷамъбасти ниҳоии мусобиқа байни ҷамоаҳо ҷойи якум ба командаи яккачини Ӯзбекистон, ҷойи дуюм ба варзишгарони Русия ва ҷойи сеюм ба спортчиёни Қазоқистон насиб кард.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: