МӮҲСИНИ ҶАҲОНПАҲЛАВОН

Одатан, дар хусуси варзиш, воқеаҳои сиёсӣ ва баъзе мавзӯъҳо мақолаҳои ҷиддӣ, пур аз факту рақам, вале беобуранг навиштан урф шудааст.

Вале мехоҳам дар бораи ӯ нанависам тасвирҳои сохтаву бофта, тавсифҳои ночаспон. Бинависам дар борааш чун як ҳамватан, ки бо ӯ ифтихор мекунанд.
Инак, муваффақиятҳои ӯро як- як пеши назар оварда, муҳорибаҳои ӯро чун навор бори дигар хаёлан тамошо карда ва бо ҳисси фахру ифтихор аз он, ки  ӯ ҳам як инсони меҳнатӣ асту ҳамаи заҳматҳояш барои баландтар бардоштани парчами ватан нигаронида шудааст, мехоҳам қалам ба даст гирам. Гузаштагони  ӯро, ки аз волидон шунидаам, ба ёд меорам: Эшони халифа Бобоҷон, Маҳдуми Ҳисомиддин, усто Наҷмиддин, Саъдуллои падараш ва худи Мӯҳсин.
Рақамҳоро чида бо ӯ сӯҳбати телефонӣ мекунам. Бо вуҷуди он ки ҳамааш аз наворҳои телевизионӣ, рафти мусобиқаҳо ва сӯҳбатҳоям бо холааш Давлатҷон Азизова, ки касбаш муаллимӣ асту ҳоло чун маслиҳатчии маҳаллаи Қарашиқ фаъолият дорад, маълум аст, мехоҳам ҳамаро аз худаш шунавам.
Ӯ ҳоло дар шаҳри Тошканд аст. Мудом машқ мекунаду машқ мекунад. Ҳамаи ин меҳнат аст.
– Пас аз хатми синфи чорум дар мактаби варзишии маркази ноҳияи Сариосиё таҳсилро давом додам, – мегӯяд ӯ. – Устоди аввалинам Ҳайдар Мингқулов буд, ки аз ӯ ҳамеша миннатдорам.
Пас ӯ бо завқ аз иштирокаш дар мусобиқаҳои ватанӣ ва хориҷӣ нақл мекунад. Ӯ бори аввал соли 2013 дар чемпионати ҷаҳон аз рӯи гӯштии миллӣ дар Туркия иштирок намуда, соҳиби медали  биринҷӣ гардид.
Вале аз ҳама хотирмону хурсандибахш вохӯрӣ бо рақибон дар Эрон буд, ки соли 2015 баргузор гардид. Мӯҳсин Ҳисомиддинов дар Ӯзбекистон аллакай чемпион буд. Ҳоло дар кишвари хориҷӣ ҷаҳонпаҳлавон гардид, медали тиллоро соҳиб шуд. 
Ҳамдеҳагонаш – мардуми деҳаи Телпакчинор ӯро бо хурсандӣ истиқбол намуданд. Ин ҳанӯз ибтидои роҳ буд. Баъд моҳи августи соли 2017 дар бозиҳои варзишии Ашқобод – пойтахти  Туркманистон ширкат варзида, боз як медали тиллоро соҳиб гардид. Ӯ он замон ба саволҳои мухбире чунин ҷавоб гуфта буд: Ҳар як ғалаба барои ман воқеаи хурсандибахш аст. Аз хурдӣ бо варзиш машғулам. Ба гӯштӣ аз 17 солагӣ шуғл меварзам. Аз рӯи намуди дзюдо чемпиони Ӯзбекистон ва соҳиби мукофотҳои зиёд ҳастам. Гӯштии навъи кураш яке аз муҳорибаҳои қадимӣ ба шумор меравад. Ин на танҳо муҳориба, балки анъанаест, ки рӯҳи миллӣ дорад. Он ифодагари мардонагӣ, худдорӣ, хулқ, инсондӯстӣ, рӯҳи ҷангӣ мебошад. Дар гӯштӣ ин ҳаракат манъ аст, яъне ҳангоми хобидан муҳориба кардан. Ҳарбу зарб танҳо дар ҳолати рост истодан мумкин аст. Ҳаракатҳои беҷо мисли зарбаҳои дардовар, хафа кардани гулӯи ҳариф, аз миён поёнро қапидан мумкин нест.
Мӯҳсин он ҷо мегӯяд, ки барои иштирок дар Бозиҳои Ашқобод чор моҳ тайёрӣ дидам. Ӯ аз ҳарифони худ наметарсад. Гоҳо онҳо ба таври рӯҳӣ ва ҷисмонӣ тарсондан мехоҳанд. Лекин  дилаш аз худаш пур аст. Агар ҳамин тавр намешуд, ғалаба аз паи ғалаба ба ӯ ёр намегашт. Декабри соли гузашта дар Бозиҳои Осиё дар Туркия низ ба ғалаба ноил гардида, соҳиби медали тилло шуд.
Имсол Мӯҳсин Ҳисомиддинов боз ду бор ҷаҳонпаҳлавонии худро исбот намуд. Аввал дар Ҳиндустон ва моҳи август дар Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуданд, бомуваффақият иштирок карда, соҳиби медалҳои тиллоӣ гардид.
Мегӯянд, ки тақдирро тақдирҷунбон лозим. Оре, бародари калониаш Шамсиддин доимо ӯро дастгирӣ мекунад.
Ӯ як ҷавонмарди тадбиркор асту дар шаҳри Тошканд фаъолият дорад. Бародарони дигараш  Ҳусниддину Нуриддин низ доимо ҳомию мададгори ӯ буданду ҳастанд. Ин ду нафар ҳам бо соҳибкорӣ машғуланд.
Ҳоло номи Мӯҳсини 29 сола, ки зодаи деҳаи Телпакчинори хоҷагии ба номи Бобури ноҳияи Сариосиё мебошад, вирди забони мардум аст. Ин ҷаҳонпаҳлавон боз чандин маротиба парчами Ӯзбекистони азизро баланд хоҳад бардошт.

Ӯғилой ҶӮРАБОЕВА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: