Дзюдочӣ Музаффарбек Тӯрабоев, ки дар вазни то 100 кг шарафи Ӯзбекистонро ҳимоят мекунад, муборизаро барои медали олимпӣ идома медиҳад.
Дзюдочии мо дар бозии дуюм бо иппон ғалаба карда, ба нимфинал роҳхат гирифт. Ҳамватани мо дар даври чаҳорякниҳоӣ ба Михаил Коррел аз Ҳолланд ҳеҷ имконияте нагузошт.
Акнун ӯ барои роҳхат ба финал бо Зелим Котсоеви озарбойҷонӣ рақобат хоҳад кард. Вохӯрӣ баъд аз соати 19:00 оғоз мешавад.
Бояд гуфт, ки Зелим яке аз паҳлавонони пурқувват ба шумор меравад.