МУЗЕЙ ДАР МАКТАБ

Синтоб бузургтарин деҳа мебошад дар бағали қаторкӯҳҳои Нурато.

Синтоб бузургтарин деҳа мебошад дар бағали қаторкӯҳҳои Нурато. Мавзеъҳои Қӯрғон, Фозилмон, Кадбон, Ҷавак, Козбон ва чашмаҳои Аккову Туфан ва чанди дигар аз таърихи куҳани деҳаи Синтоб шаҳодат медиҳанд. Мардум аз таърихи қадими деҳаи худ ифтихор доранд. 
Синтоб деҳаест ҳамеша ҷавон. Деҳа ду муассисаи таълимӣ, кӯдакистон, китобхонаи оммавӣ дорад. Чорто биноҳои сайёҳӣ дорад, ки ҳоло дутои он фаъолият мебарад. Борҳо шоҳид будем, дар тӯю маъракаҳои Синтоб сайёҳон аз Фаронса, Олмон, Британиёи Кабир ва дигар давлатҳо иштирок намуда, рақсу бозӣ кардаанд. Ба шодию хурсандии синтобиён шарик шуда, аз фарҳангу маданияти мардум баҳра бурдаанд.
Чанде пеш ба мактаби рақами 49 рафтам, бо омӯзгорон оиди обуна ба рӯзномаҳои  «Овози тоҷик» ва «Ховар» суҳбат доштам. Чун аз мактаб берун омадам, ҷавоне наздам омада, худро муаррифӣ намуд:
– Ғолиб Мирзоев, хатмкардаи факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Тошканд. 
Дар мактаб аз фанни таърих дарс мегузаштааст. Маро ба коргоҳи фанни таърих таклиф намуд. Ҳамроҳ бо роҳбари муассисаи таълимӣ Боймаҳмад Ниёзов вориди коргоҳ шудем. Дар тааҷҷуб мондам. Дар се ҷевони сехонадор ва бурҷи синфхона экспонатҳо гузошта шудаанд. Музей тақрибан 700 коллексия дорад. Асбобҳои рӯзгор, кӯза, чархҳои ресандагию бофандагӣ, омоч, пулу тангаҳо чун экспонат ба намоиш гузошта шудаанд. Музей рамзи пайванди дирӯз, имрӯз ва оянда аст. Коллексияҳои он чун сарчашмаи моддии таърихӣ хизмат менамоянд. Ҳар як хонанда метавонад пас аз шиносоӣ бо асбобҳои рӯзгори гузашта аз ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо, тарзи зиндагию намудҳои ҳунармандӣ огоҳ шавад.
– Ман дер боз дар орзуи ташкил намудани осорхонаи мактаб будам, – мегӯяд муаллим Ғолиб, – ба орзуям расидам. Коллексияҳои музейро аз хонадонҳои одамон дарёфт кардем. Роҳбарияти мактаб ба ташкил намудани музей аз наздик мадад намуданд. 
Ғолиб ҷавони ҷӯянда будааст. Бо шавқи пурифтихор аз таърихи куҳан ва навини Синтоб ҳарф мезанад. Аз дастпарварони мактабҳои деҳа ифтихор дорад. Ҷонибеки Қувноқ, профессор Додо Нозил, шоирон Паймон, Абдулло Субҳон, Пайғом, ки волидонашон синтобианд, устод Бекназари Тӯйназар ва даҳҳо нафар шахсони варзида мактаби Синтобро хатм намудаанд. Ӯ тавонистааст дар қалби шогирдон шарораҳои илму донишро фурӯзон гардонида, эҳсоси арзишҳои миллиро дар шуури хонандагон бедор намояд. 
Омӯзгори ҷавон ҳамеша дар ҷустуҷӯ, пайваста меомӯзад, месӯзад то бисозад. 
– Орзу дорам, – мегӯяд Ғолиб Мирзоев, – то ҷавонони соҳибмаърифат, донишманду худшинос, озодандешро таълиму тарбия диҳам.  

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: