«МУЖДА ДИҲЕД САДА ОМАД, ХАБАР АЗ БАҲОР ОМАД»

Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мавсимии халқҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки 10-уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ таҷлил мегардад.

Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мавсимии халқҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки 10-уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ таҷлил мегардад. Он мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз чил шабонарӯзи Шаби ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу рӯзро фаро мегирад. Ба таъбири Абурайҳони Берунӣ гузаштагони бузурги мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил медод. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон, одатан ба сифати муждае аз наздик расидани баҳор истиқбол мешуд. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасониданд.
Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар байни гузаштагони мо ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» (Фарохнои Ориёно) падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаи бурҷҳои фалак ҳаракати Офтоб ва дигар ҷисмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. 
Подшоҳ рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ ба мори сиёҳи дарозе дучор омад, ки ба одамон ҳамла меоварад. Санги калонеро бардошта, сӯйи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба роҳ монд. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фарорасиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шох он 
гурӯҳ. 
Яке ҷашн кард он шабу бода 
х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда 
кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ниёгони мо афрӯхтани оташро омӯхта, барои нигоҳдории он мекӯшиданд. Сараввал нигоҳдории оташ андаруни ғорҳо ва дигар ҷойҳои мусоид роиҷ гардида, сипас ин ҷойҳо ба оташкада табдил ёфтанд. Одатан, оташи муқаддасро атарбонҳо, яъне оташбонҳо андаруни оташкада нигаҳдорӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, парастиши оташ ва бузургдошти он ба ҳукми анъана даромада, бунёди оташкадаҳо дар минтақаҳои гуногуни буду боши орияттаборон роиҷ гардид, ки оташкадаҳои овозадори Навбаҳор дар Балх, Озарфаранбарх дар Кориёни Форс, Озармеҳрбарзин дар Реванди Хуросон, Озаргушасб дар Шизи Озарбойҷон аз ин ҷумла мебошанд.
Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташфирӯзии ойини Сада нисбат медиҳад. Ҳамин тариқ, пазироии ҷашни Садаро ба шоҳони пешдодӣ Ҳушангу Фаридун нисбат дода, онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса, бо афрӯхтани гулхан ва дар гирди он рақсу бозӣ кардан пешвоз мегирифтанд. Беҳуда нест, ки яке аз шоирони тавоно Манучеҳрии Дамғонӣ чунин менависад:
Инак, биёмадаст ба панҷоҳ 
рӯз пеш,
Ҷашни Сада талояи Наврӯзи 
навбаҳор.
Ба андешаи фолклоршинос Дилшод Раҳимов ҷашни Сада, ҳарчанд суннати хоси зардуштӣ нест, марбут ба бузургдошти оташ аст ва оташ назди зардуштиён муқаддасу арҷманд мебошад.
Зардуштимазҳабони минатақаҳои Кирмону Язди Эрон ва умуман зардуштиёни ҷаҳон ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомот пазироӣ менамоянд. Дар шаҳри Кирмон то имрӯз суннати мардумии Садасӯзӣ барҷо мондааст, ки баландиаш тақрибан ба 5-6 ва қутраш ба 12-14 метр мерасад. Замони гулханафрӯзии онҳо ба 10-уми баҳманмоҳ, ба ғуруби Офтоб рост меояд. Дар ҷашн ҳазорҳо нафар ҷамъ омада хурсандӣ мекунанд ва сайру гашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ баъзе деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонҳосилӣ бо худ бурда ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба фарорасии баҳорро ифода мекунад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки иди Сада баробари бузургдошти Митра рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз аст.
Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукӯҳи тамом истиқбол мегардид. Беҳуда нест, ки дар бузургдошти Сада шоири бузург Фаррухӣ (асри XI) чунин овардааст:
Сада омад, ки туро мужда диҳад 
аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату 
кораш ба тироз.
Ҷашни Сада – панҷоҳ шабонарӯз пеш аз иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад. Аз ҳамин рӯз сар карда буғ (ҳавр)-и замин мебарояд. Яъне об шудани барфу яхи ҷӯйҳо оғоз мешавад, гулҳои давраи Сада – бойчечак, қоқу, алафҳои ҷағ-ҷағ, зуфтурум ва ғайра нишонаи Сада мебошанд. Бачаҳо гули бойчечакро гирифта хона ба хона рафта, сурудхонӣ мекунанд. Оби чашмасорон бисёр шуда, рӯду ҷӯйҳо пуроб мешаванд. Мардум рӯзи иди Сада болои хонро бо мавизу туршаку ҷигидаву чормағзу пиставу бодом, меваҳои хушк, нони гандум, пичак ё бичаки алафӣ оро медиҳанд.
Ба ҷуз густурдани хони идона ва гузоштани таомҳои лазизу гуногун рӯйи дастурхон яке аз мушаххасоти он оташсӯзӣ аст.
Мутафаккири бузурги форсу тоҷик Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и хеш навиштааст, ки вақте Фаридун бар Заҳҳоқ ғалаба кард ва мардум аз ҷабру ситами ӯ озод шуданд, ин ҳодисаро фоли нек донистанд ва бо фармони Фаридун ин рӯзро бо оташсӯзии бузург ҷашн гирифтанд.

Толиб ЮНУСЗОДА, 
шаҳри Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: