Музокироти президентҳои Ўзбекистон ва Туркия дар доираи танг ба амал омад

  • Музокироти президентҳои Ўзбекистон ва Туркия дар доираи танг ба амал омад
  • Музокироти президентҳои Ўзбекистон ва Туркия дар доираи танг ба амал омад

Дар қароргоҳи "Кӯксарой" Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған дар доираи танг музокирот намуданд.

Сарони ду кишвар доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Туркия, ки ба пояи эҳтиром, дӯстӣ ва эътимоди мутақобила асос ёфтаанд, табодули афкор намуданд.

Зимни суҳбат ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои шарикии стратегӣ, тавсеаи равобити сиёсӣ, байнипарлумонӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ду кишвар таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир гардид.

Солҳои охир ҳамкории дуҷониба ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфт. Созишномаҳое, ки дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, пайваста амалӣ мешаванд. Дар сатҳи ҳукуматҳо, вазорату идораҳо, инчунин минтақаҳои ду кишвар робитаҳои доимӣ барқарор карда мешаванд.

Шавкат Мирзиёев ва Реҷеп Таййип Эрдоған қайд намуданд, ки самти муҳими ҳамкории  Ўзбекистон ва Туркия минбаъд вусъат додани равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ тавассусти татбиқи лоиҳаву барномаҳои кооператсионӣ мебошанд.

Дар ин замина зарурати татбиқи иқтидори бузурги мавҷуда ва имкониятҳои ҷонибҳо, аз ҷумла тавассути фаъолона ба кор бурдани механизми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ қайд карда шуд.

Зимни табодули афкор роҷеъ ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷонибҳо шабоҳати мавқеъҳои худро баён доштанд. Азми идомаи ҳамкориҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби ниҳодҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ изҳор гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: