Музокироти Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҳайати танг

  • Музокироти Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҳайати танг
  • Музокироти Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҳайати танг
  • Музокироти Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҳайати танг

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати маҳдуд мулоқот намуданд.

Сарони ду кишвар масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ӯзбекистону Тоҷикистонро, ки ба риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки халқҳои бародари мо асос ёфтаанд, баррасӣ карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими робитаҳои дуҷониба, тавсеаи куллии рӯзномаи ҳамкориҳои амалӣ дар бахшҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту логистика, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавқеи марказӣ доштанд.

Дар давоми шаш соли охир дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ пешравӣ ба даст омад. Созишномаҳое, ки дар рафти гуфтушунид дар сатҳи олӣ ҳосил гардиданд, бомуваффақият татбиқ мегарданд. Мубодилаи байни ҳукуматҳо, вазорату идораҳо, инчунин минтақаҳои ҳар ду мамлакат ба таври доимӣ сурат мегирад.

Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон пайравиашонро ба таҳкими минбаъдаи шарикии бисёрҷанбаи стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистон тасдиқ карданд.

Сарони давлатҳо омодагии худро барои ғанӣ гардондани муносибатҳо тавассути афзоиши фаъолонаи тиҷорат ва таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ, рушди иқтидори логистикӣ ва транзити ду кишвар, инчунин татбиқи лоиҳаҳои обу энергетика изҳор доштанд.

Доир ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.

Азми устувор ва минбаъд идома додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ карда шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: