Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дар доираи васеъ сурат гирифт

  • Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дар доираи васеъ сурат гирифт
  • Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дар доираи васеъ сурат гирифт
  • Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дар доираи васеъ сурат гирифт
  • Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дар доираи васеъ сурат гирифт
  • Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дар доираи васеъ сурат гирифт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар доираи васеъ бо иштироки ҳайати ду кишвар мулоқот анҷом доданд.

Сарвари давлатамон вохӯриро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Озарбойҷон дӯсти наздик ва шарики боэътимоди стратегии бо мурури замон санҷидашудаи Ӯзбекистон мебошад.

Ин ду кишварро  дини муштарак, арзишҳои маънавӣ, анъанаҳо, забон ва фарҳанги ба ҳам монанд мепайвандад.

Шавкат Мирзиёев аз сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни кишварҳоямон изҳори қаноатмандии амиқ кард. Вай азми худро ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ва бо мазмуни нави амалӣ ғанӣ гардондани он тасдиқ кард.

Президенти Ӯзбекистон таъкид кард, ки бояд зарфияти бузурги мавҷудаи ҳамкориро ба кор бурда, аз омилҳои мутақобилан ғанӣ гардондани иқтисодиёти ду кишвар истифода бурд.

Аз ҷумла, ба онҳо пешниҳод карда шуд, ки ҳаҷми савдои тарафайнро зиёд гардонанд, кооператсияи саноатиро густариш диҳанд, дар соҳаҳои мошинсозӣ, электротехникӣ, бофандагӣ, винопазӣ, хӯрокворӣ, сохтмон, нафту газ, нафту кимё, дорусозӣ, агросаноатӣ ва ғайра як қатор лоиҳаҳоро татбиқ намоянд. Оид ба созмон додани Фонди муштараки сармоягузорӣ ба мақсади коркард ва пешбурди лоиҳаҳои пешомадноки кооператсия дар кишварҳоямон мувофиқа ҳосил шуд.

Ҳамчунин аҳамияти муҳими татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии воқеъ дар қаламрави ду кишвар ҷиҳати содироти маҳсулот ба бозори кишварҳои сеюм зикр гардид.

Дар ин замина тадбирҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи низоми коммуникатсияи нақлиёт, аз ҷумла роҳи оҳани «Боку – Тбилиси – Қарс» низ мувофиқа карда шуданд. Барои сари вақт барҳам додани монеаҳо дар тиҷорати дуҷониба ва транзити молҳо таҳти роҳбарии вазирони нақлиёт гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад.

Соҳаи дигари пешомадноки кооператсия кишоварзӣ мебошад. Бо ишора ба имкониятҳои мавҷуда дар ин ҷо ба вазирони дахлдор супориш дода шуд, ки «харитаи роҳ»-ро оид ба ташкили кластери истеҳсоли абрешим, пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаи пахтакорӣ, ҷорӣ намудани коркардҳои инноватсионӣ ба мувофиқа расонанд.

Дар густариш додани ҳамкории гуногунҷанба робитаҳои бевоситаи байниминтақавӣ нақши муҳим доранд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги ду кишвар ҳамкориҳои шарикиро ба роҳ монанд. Сарвари давлатамон пешниҳод кард, ки имсол дар Тошканд нахустин Форуми минтақаҳо ва намоишгоҳи иқтидори саноатии онҳо баргузор шавад.

Таъкид гардид, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ ва башардӯстона хидмат хоҳад кард. Президентҳо аз қабули барномаи алоҳида ва баргузории ярмаркаи муштараки сайёҳӣ ҷонибдорӣ карданд.

Зимни суҳбат як қатор созишномаҳои дигар ба имзо расиданд, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла доир ба баргузории Рӯзҳои фарҳанг ва кино, пурзӯр гардондани робита байни мактабҳои олӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои варзишӣ ва ҷавонон нигаронда шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: