Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳайатҳои ду кишвар дар ҳайати васеъ мулоқот намуданд.
Сарвари Ӯзбекистон пешрафти бузургро дар тамоми соҳаҳои ҳамкориҳои гуногунҷанба бо қаноатмандии бузург қайд намуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамсояи наздик, дӯсти ҳақиқӣ ва шарики боэътимоди стратегии бо мурури замон озмудашуда мебошад.
Роҳбари кишварамон омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳамаҷониба ба манфиати кишварҳову халқҳоямон изҳор намуд.
Солҳои охир ҳамкории дуҷониба ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфт. Муомилоти мол қариб 40 баробар афзуда, ба 600 миллион доллар расид. Шумораи корхонахои муштарак 10 баробар афзуд.
Натиҷаҳои бомуваффақияти ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва форуми соҳибкорон, ки дар остонаи сафар баргузор гардид, дар ҷараёни он созишномаву қарордодҳои нав ба маблағи 1 миллиард доллар ба имзо расидаанд, бо қаноатмандӣ қайд гардид.
Дар соҳаи нақлиёт, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, робитаҳои парлумонӣ ва фарҳангию гуманитарӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд.
Миёни пойтахтҳои ду давлат – Тошканду Душанбе, вилоятҳои Сурхондарёву Хатлон, ҳамчунин Тошканд, Фарғона, Самарқанд ва Суғд робитаҳои судманд барқарор шудаанд. Дар ҷараёни боздиди ҷорӣ “Харитаи роҳ”-и ҳамкорӣ аз ҷониби вилоятҳои Ҷиззах ва Суғд низ қабул карда мешавад.
Президентҳо афзалияти шарикии иқтисодии байни кишварҳои бародариро бори дигар тасдиқ намуда, имконоти назаррасро барои чанд баробар афзоиш додани ҳаҷм ва доираи савдо қайд карданд.
Сарони давлатҳо дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои мошинсозӣ, электротехникӣ, нассоҷӣ, чарм, дорусозӣ, хӯрокворӣ, агросаноатӣ, истихроҷи маъдан, металлургӣ ва ғайра мавҷудияти дурнамои бузургро қайд карданд.
Татбиқи лоиҳаҳои ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва саноатӣ бо истифодаи фаъоли иқтидори Ширкати сармоягузории Ӯзбекистону Тоҷикистон актуалӣ номида шуд.
Дар бораи таҳкими ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ созишҳо ҳосил шуданд. Президентҳо зарурати эътибор додан ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, таълим, санъат, кино ва сайёҳиро қайд намуданд. Рушди неруи зеҳнӣ ва ҷаҳони маънавии ҷавонон ба сифати афзалияти махсус муайян шуд.
Омили муҳими расидан ба ҳадафҳои гузошташуда қарори таърихии ду роҳбар дар бораи таҳкими дӯстии абадӣ ва барқарории иттифоқӣ дар байни кишварҳои мо хоҳад буд.
Зикр гардид, ки сафари Президенти Тоҷикистон, ки дар соли истиқрори 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ ҷараён дорад, далели равшани мустаҳкамии риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки байни халқҳои бародари мо мебошад.