НА «АТО»-Ш ЛОЗИМ АСТУ НА «ОТА»-Ш

Бешак, ҳар як ҷойноми ҷуғрофиёӣ асолати таърихӣ дорад.

Номи макон, яъне ҷойном, беҳуда гузошта намешавад. Он метавонад шоҳиди саргузашт, нишона ва ҳатто бренди ҳамон макон бошад.
Мардум ба муҳиту маҳалли зисти худ таваккул ном намегузорад. Ҳар як исми падидомада маънӣ дорад, моҳияти табиӣ ё ҷуғрофиёӣ ва ё дигар вижагии равшану бесобиқае дорад, ки дили мардум роҳ меёбад. Аз ин хотир, худсарона, кӯр-кӯрона иваз кардан ё изофаю пасвандҳо ҳамроҳ намудан ба исми ин ё он макон иштибоҳи маҳз аст. 
Пӯшида нест, ки обхури ҳувиятии мо дар ибтидо аз номи маҳалли зистамон маншаъ мегирад. Мо бо такя ба номи ҷойи зист худро мешиносонем ва танҳо пас аз ин мавридҳои дигар, мисли касбу кор, зинаҳои камолот, оиладорӣ ва ғайра матраҳ мешавад. Бо гузашти айём ва ба наҳви табиӣ тағйирёбии номҳо амри воқеӣ аст, вале номгузориҳои таҳмилӣ ва худсарона амалест нобахшиданӣ.
Вақтҳои охир бисёр ба мушоҳида мерасад, ки масъулони идораҳои марбутаи давлатӣ ба ҷойномҳо аз ҳад зиёд дастдарозӣ мекунанд. Дар маҳалҳо асолати номҳои мавҷудро нодида гирифта, худсарона исмҳоро иваз менамоянд ё пешванду пасванду изофаҳо ва ҳатто калимаю таркибҳои номуносибро часпонда ҷойномҳои нав месозанд. Ин падидаи наҳс аст, билфосила пеши он бояд гирифта шавад. Дар ин робита мақолаи таърихдон Ӯзбакбойи Раҳмон, ки таҳти унвони «Кай адолати таърихӣ барқарор мегардад?» дар рӯзномаи «Овози тоҷик» (07.09.2022, №70-71) ба чоп расидааст, хонданӣ ва ҷолиби диққат аст.
Ӯзбакбойи Раҳмон ёдоварӣ менамояд, ки бино ба пешниҳоди муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ Лазизҷон Бозоров, ки намояндагони мардумии ноҳияи Нурато масъалаи тағйир додани исми кунунии Нуротаро ба Нурато матраҳ кардаанд, дубора ба баҳси аввала рӯ овардааст. Ӯ дар мақолаи хеш муҷаддадан бо далелу буҳронҳои таърихӣ собит мекунад, ки дар ҳақиқат ҷойноми дуруст Нурато аст ва Нурота, ки чандин сол ҳамчун исми шаҳр дар ҳама мадорики расмӣ навишта мешавад, иштибоҳ мебошад. 
Бояд гуфт, ки чунин як бархӯрди намояндагони мардумӣ ва ноҳиядории Нурато қобили дастгирист. Пеш аз он, ки дар хусуси ҷойноми Нурато ҳарф занем, хеле бамаврид аст аз дигар маҳалҳои зисти ноҳия, ки аз пайи иқдоми худсарона тағйири ном кардаанд, ёдовар шавем. Ин эроди мо феълан ба деҳоти тоҷикнишин марбут аст.
Синтаб (Синтоб) яке аз деҳаҳои калонтарини кӯҳистони Нурато ба шумор меравад. Наздик ба 2300 нафар ҷамъият дорад. Вожаи «синтаб» аз ду ҷузъ: синт (синд) ва аб (об) таркиб ёфтааст. Азбаски «синт» ҳеч маънӣ надорад, шакли қадимаи он «синд», тавре ки Ёқути Ҳамавӣ дар «Муъҷам-ал-булдон» менависад, ба маънии қисми болоомади замин дар пеши кӯҳ ё дара ва маҳалли ҷамъшавии об аст. Аз ин рӯ шарҳи луғавии «синтаб» низ ба маънии кӯли обе мебошад, ки дар бағали кӯҳ қарор дорад. Мардуми деҳа ва тамоми кӯҳистони Нурато ин деҳаро Синтаб (Синтоб) ном мебаранд, вале, мутаассифона, дар санадҳои расмӣ ҳамеша шакли таҳрифшудаи он – Сентоп ё Сентопсой қайд мегардад. Барои чӣ? Оё масъулини идораҳои коргузорӣ ҷойноми истилоҳкардаи худ «сентоп»-ро шарҳ дода метавонанд? Магар дар забони ӯзбекӣ овозҳои и ва б вуҷуд надорад, ки онҳо ба е ва п иваз шудаанд?
Дигар деҳаи кӯҳпояи Нурато, ки исмаш ба таҳрифи сахт дучор шудааст, Эҷ аст. Ин деҳа дар қадим Эг ном дошт ва дар забони суғдӣ ҳамчун қалъа, бору, истеҳком маънидод мешавад. Бо гузашти чанд аср, таҳти нуфузи забони арабӣ ба шакли «эҷ» тағйир меёбад. Баъдан, дар натиҷаи омадурафти туркзабонҳо ва дар муқоиса бо деҳаи ҳамшафаташ Сойхурд, ки Эҷи хурд низ ном дошт, ҷойноми Каттаэҷ вирди забонҳо мегардад. Инҳо ҳама дарди бахайр, чаро ки одамон ҳам ба Эҷ, ки мардуми маҳаллӣ чунин ном мебаранд ва низ ба Каттаэҷ, ки дар асноди расмӣ нивишта мешавад, хӯ гирифтаанд. Ҳоло он чиз нигаронкунанда аст, ки нисбат ба деҳаи Эҷ дар асноди идораҳои ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ ва шуъбаҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ номҳои булаҷаберо сабт кардаанд – Катта-эҷсойтепа ва Каттасойтепа. Воқеан, ба ин гуна бетаносубӣ гӯянд шутурговпаланг! Бо чашми сар мебинем, ки қалъаи «хуштолеъ» ҳам калон шуд, ҳам сойдору теппадор. 
Дар мавриди деҳаи Сойхурд бошад, мутасаддиёни номгузорӣ ҳиммати бузурге нишон додаанд. Ин ҷо бараъло мебинем, ки мардуми тоҷики таҳҷойиро билкул аз ихтиёри номгузорӣ ба забони модариашон маҳрум кардаанд. Аз ин пас ҷойноми барои эҷиён ва тамоми кӯҳистониён азизи «Сойхурд» на дар асноди расмӣ ҳасту на дар нақшаҳои ҷуғрофиёӣ. Ба ҷойи ин ҷойном калимаи тозаи ӯзбекӣ – Кичиксой падид омадааст. Барои чӣ, оё ном тарҷума мешавад? Дар кадом дастури илмӣ ё фарҳангӣ, ё сиёсӣ ба ин амал иҷоза дода шудааст?
Агар мавзӯи болоро пайгирӣ кунем, мисолҳо фаровон аст. Дар ҳамон маҳдудаи ноҳияи Нурато ҳамчунин деҳаҳои тоҷикнишини Соб (ба Сопсой), Симбулоқ (ба Сумбулоқтеппа) тағйири ном кардаанд. Бо эҳтиром ба намояндагони мардумии ноҳияи Нурато, хоҳишманд ҳастем ба ин масъала аз назари холисонаи таърихшиносӣ ва бар асоси усули дурусти ҷойномсозӣ бархӯрд намоянд ва аз идораю созмонҳои масъул дархост кунанд, ки иштибоҳоти ҷойдошта ҳарчи тез ислоҳ шаванд.
Дар мавриди ҷойноми Нурато бошад, ду пешниҳод қобили ироа аст. Аввал ин, ки ҷойноми мазкур на ба «ато» ниёз дорад ва на ба «ота». Бояд исми пешинаи он, ки хеле муҷаз ва қобили фаҳм аст ва ҳеч баҳсеро ба миён нахоҳад овард, зинда гардад – Нур. Яъне, шаҳри Нур. Далел лозим аст? Далел чӣ, мо ҳуҷҷат дорем! Он ҳам китоби муътабари Абӯбакр Муҳаммад бинни Ҷаъфар Наршахӣ «Таърихи Бухоро». Донишманди маъруф ҳанӯз дар асри даҳ нивишта: «...Ва Нур ҷойи бузург аст. Дар вай масҷиди ҷомеъ аст ва работҳои бисёр дорад. Ба ҳар соле мардумони Бухоро ва ҷойи дигар ба зиёрати он ҷо раванд. Ва аҳли Бухоро дар ин кор такаллуф кунанд ва касе, ки ба зиёрати Нур равад, фазилати ҳаҷ дорад. Ва чун боз ояд, шаҳрро хавоза банданд, ба сабаби омадан аз он ҷойи мутабаррик. Ва ин Нурро дар вилоятҳои дигар нури Бухоро хонанд ва бисёр кас аз тобеин он ҷо осудаанд...». 
Ва низ яке аз донишмандони улуми ҷуғрофиё ва таърихи асри XII-XIII Ёқути Ҳамавӣ, ки бо лақаби «Шайх-ул-имом» шинохта шудааст, чунин фармуда: «Нур ба замми нун шаҳракест байни Бухоро ва Самарқанд, дар наздикии кӯҳе воқеъ аст, ки дар он ҷо мақобир ва машоҳиди  сулаҳо  аст ва мардум барои зиёрат ба он ҷо раванд». 
Дигар, бояд зикр намуд, ки «нур», дар асл, сифати чашмаи бузурги шаҳри Нур аст ва ба шаҳр рабте надорад. Маҳз чашмаи шаҳр, ки аз он дар як они воҳид ду ҳазор калбез об мебарояд, ширмоҳиҳои антиқа дорад, бо ҷӯйборҳои Оби Роста ва Оби Чаппа бурун омада шаҳрро обшор месозад, ба ақидаи мардум манбаи нуру рӯшноӣ аст. Девори қадимаи Нур бошад, Пероста ном дошт. Ин ҳисори бузург аз чор тараф хатти дифои маҳалли зисти нуриён будааст. Эй кош, ақидаю назарҳо воруна гардаду исми шаҳрро ба шарафи ҳамон девори мудофиа Пероста гузоранд ва дар дохили шаҳр низ исми чашмаи бузургаш бо номи Нур зинда бимонад!

Юнуси ИМОМНАЗАР, 
адиб.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: