НА ҲАМАИ КОРМАНДОНИ ХИДМАТҲОИ ДАВЛАТӢ ПОКУ БЕОЛОИШАНД

— мегӯяд директори Агентии хидматҳои давлатӣ

Ин матлаб ва матолиби дигари вобаста ба кору фаъолияти Агентии хизматҳои  давлатии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷараёни як нишасти хабарӣ маълум карда шуд. Директори Агентии хидматҳои давлатии назди Вазорати адлия Халилилло Тӯрахӯҷаев ба хабарнигорони дохиливу хориҷӣ гуфт, ки мутаассифона, на ҳамаи шахсони ба идораи хизматҳои давлатӣ барои кор ҷалбшуда аз рӯи виҷдон ва ҳалолу покиза вазифаи худро иҷро мекунанд. Ӯ таъкид намуд, ки танҳо соли гузашта 113 нафар кормандони маркази хизматҳои давлатии шаҳру вилоятҳо ба иллати нагузаштан аз аттестатсия, муомилаи дағал бо корафтодагон ва майл ба ришвахӯрӣ аз кор сабукдӯш карда шуданд.
– Идораи хизматҳои давлатӣ яке аз ҷавонтарин идораҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад, бо вуҷуди ин дар ду соли охир ин идора ба яке аз узвҳои ҷудонашавандаи ҳаёти мардуми мо табдил ёфтааст. Ҳадафи асосӣ ба он нигаронида шудааст, ки аз бюрократия, коғазбозиҳои иловагӣ сарфи назар шавад ва мардум ҷиҳати ба даст овардани ҳуҷҷатҳои гуногун овораву сарсон нашаванд,– изҳор кард Халилилло Тӯрахӯҷаев.  
Тавре ки вай тазаккур дод, бовариву эътимоди мардум ба идораҳои давлатӣ меафзояд ва дар ин ҷода нақши хизматҳои давлатӣ хеле калон мебошад. Рӯзмарра аз хизмати кормандони идораи хизматҳои давлатӣ падару модарони зиёд ҳангоми гирифтани гувоҳномаи таваллуд, ба боғча додани кӯдакон, ба мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ шомил кардани фарзандонашон, ба даст овардани варақаи рақами идентификатсионии пардохти андоз (ИНН) ва амсоли он ба таври фаровон истифода мекунанд.
 Ҳамчунин шахсони алоҳида барои гирифтани маълумотнома дар бораи он ки ба додгоҳ кашида нашудаанд ё ки зимни ифтитоҳи ягон намуди соҳибкорӣ, ривоҷ додани он  ба ин идора муроҷиат мекунанд ва мушкили худро осон мегардонанд. Аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳо теъдоди умумии истифодабарандагони хизматҳои давлатӣ ҳадди ақалл бештар аз 70 дарсади аҳолии Ӯзбекистонро ташкил мекунад.
– Дар оғози фаъолият аз хизмати идораи мо асосан, соҳибкорон истифода мебурданд. Ҳоло дар 201 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриамон идораи хизматҳои давлатӣ ташкил карда шудааст ва кормандони он талош ба харҷ медиҳанд, ки одамон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои даркорӣ вақти зиёди худро ройгон сарф накунанд,– мегӯяд директори Агентии хизматҳои давлатӣ.
 Гуфтан ҷоиз аст, ки соли 2017 марказҳои “Равзанаи ягона” ташкил карда шуд. 120 ҳазор аҳолии шаҳру ноҳияҳо аз хизмати он бархурдор шуданд. Аммо баъди ташкил шудани идораи хизматҳои давлатӣ то кунун ин рақам ба 15 миллион нафар расидааст.   Барои гирифтани ин ё он санади лозима ҳуҷҷатҳои аз тарафи аҳолӣ пешниҳодшаванда аз 112 ба 52 адад коҳиш ёфтааст. Дар саросари кишвар барои хизматҳои давлатӣ беш аз 60 бинои замонавӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд. Дар ин биноҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. 
– Соли равон ҷавонони зиёд ба панҷ донишгоҳ ҳуҷҷатҳоро ба воситаи идораи хизматҳои давлатӣ супурданд.  Ин кор ба таври таҷрибавӣ ба амал бароварда шуд. Акнун бо назардошти пайдо шудани эҳтиёҷ пешниҳод шуд, ки барои ҳамаи донишгоҳҳо супурдани ҳуҷҷатҳо аз тариқи хизматҳои давлатӣ роҳандозӣ шавад ва ҷавонон ба ин кор вақти зиёд сарф накунанд. Ин масъала низ бояд ҳаллу фасл шавад. 
Муҳим нест, ки ин ё он шахс дар куҷо таваллуд шудааст ва ҷои зисташ куҷост. Вай метавонад ба шаҳру ноҳияи дилхоҳ раваду ба кормандони идораи хизматҳои давлатӣ муроҷиат кунад ва ҳуҷҷати даркориашро ба даст оварад. Гузашта аз ин, дар натиҷаи ташкил кардани автобусҳои сайёр ба беш аз 500 ҳазор сокини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хизмати беминнат расонида шуд.
– Ба идораҳои мо барои кор одамони касбу кори гуногун ҷалб шудаанд. Маълумоти онҳо миёна, миёнаи махсус ва олӣ мебошад. Мониторинг нишон медиҳад, ки 33 дарсади коркунони мо малакаи хуб надоранд ва аз салоҳиятҳои мавриди зарурӣ бархурдор нестанд. Мо дар ин замина пешниҳод кардем, ки дар Донишгоҳи ҳуқуқшиносӣ факултаи алоҳида ифтитоҳ ёбад ва дар он ҷавононе ба таҳсил фаро гирифта шаванд, ки дар оянда ба идораи хизматҳои давлатӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Ҳоло мо ҷиҳати таъмини идораи хизматҳои давлатӣ аз омӯзиши ҷавонон дар курсҳои кӯтоҳмуддат ва такмили касб кор гирифта истодаем. Аммо ин кадрҳо наметавонанд ба таври ҳаққонӣ ба талаботи қоидаҳои мавҷуда ҷавоб диҳанд. Пешниҳоди мо дар мавриди таъсиси факулта низ ҳанӯз ҳалли мусбати худро пайдо накардааст, – иброз дошт Халилилло Тӯрахӯҷаев.
Директори Агентии хизматҳои давлатӣ баҳои аҳолӣ ба кормандони ин ниҳодро баҳо ба кору фаъолияти давлат ар-зёбӣ кард. Вай гуфт, ки 170 ҳазор қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз тарафи масъулони идораҳои мухталиф содир шудаанд. 
– Ин чӣ маънӣ дорад? Ҳанӯз роҳбарону ходимони баъзе идораҳо хилофи қонун ба одамон ҳуҷҷатҳои гуногун тақдим мекунанд. Ин дар ҳолест, ки чунин ваколат аз онҳо гирифта шудааст. Маҳз ҳамин раванд ришвахӯриро вусъат медиҳад. Барои ҳамин ба манзури ҷилавгирӣ аз иллатҳои ногувор мо талоши зиёд ба харҷ медиҳем ва самараи он низ хушҳолкунанда мебошад. Дар айни ҳол бештар аз 15 ҳазор шаҳрванд аз тариқи идораи мо гувоҳномаи ронандагӣ гирифтанд. Ҳоло масъалаи аз тарафи идораи мо додани рақами давлатии мошин баррасӣ мегардад, ки тибқи шакли электронӣ сурат хоҳад гирифт,– гуфт Халилилло Тӯрахӯҷаев. 
Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин, аз тариқи саволу ҷавоб масъалаҳои зиёди марбут ба кору фаъолияти кормандони Агентии хизматҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба доираи баҳсу баррасӣ кашида шуданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: