Намояндаи сабки миёнаи ҳиндӣ — Калими Кошонӣ аз бузургтарин суханварони қарни XVII форс-тоҷик буда, дар Ҳиндустон ба мартабаи маликушшуарои Шоҳиҷаҳон (1627 - 1658) расидааст.
Баландии суханаш дар он поя аст, ки муаллифони сарчашмаҳо ӯро «Халлоқулмаонии сонӣ» номидаанд.
Шеър аз анвои ҳунар аст. Шоир маъниеро бо зевари сухан ороста ба хонанда пешниҳод менамояд. Қабои рангин ва маънии дилнишин сабаби мондагории шеър мегардад. Суханшиносон ҳангоми баҳо додан ба шеър ё байти дилнишине ибораи «сухани ҳамешасабз» ё «мондагор»-ро мавриди корбурд қарор медиҳанд, ки ишора ба абадияти он аст. Вале на ҳамаро гуфтани «сухани мондагор» насиб мегардад. Сухани мондагор сари дастгоҳи сухан резакориҳои зиёдро тақозо дорад. Чуноне ки ба ин маънӣ Калими Кошонӣ фармудааст:
Аз печутоби фикр танам сад шикан гирифт,
Осон наметавон сари зулфи сухан гирифт.
Калими Кошонӣ дар қарни XVII умр ба сар бурдааст. Аммо мо бар онем, ки каломи ҳамешасабзи ӯ баъди ҳабдаҳ қарни дигар низ хушкиҳои зеҳни алоқамандони каломи бадеъро шодоб месозад.
Таърих шоҳид аст, ки басе сарлашкарон бо ҳамҳамаю дамдама лашкар кашида, бо зӯри сипоҳ мамлакатеро ба тасарруфи худ даровардаанд. Дар байти зерин шоир аз таҷрибаи зиндагӣ баромада, маъние халқ кардааст, ки хонандаро ба ҷамъ овардани сарвати маънавӣ водор месозад ва бо донишу ҳунар тасхир намудани мамлакати дилҳо даъват менамояд:
Саҳл бошад мамлакатгирӣ ба имдоди сипоҳ,
Номи ман танҳо тамоми иқлими Эронро гирифт.
Бале, Доро, Искандари Мақдунӣ, Чингизхон, Наполеон, Гитлер ва дигар сарлашкарон бо зӯри сипоҳу силоҳ ними дунёро гирифта, дар таърих сабти ном кардаанд. Вале Рӯдакӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Умари Хайём, Ҳофизу Саъдӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ, Ҳуте, Пушкин, Байрон ва дигарон тани танҳо, бо зӯри сухан, ҷаҳони дилҳоро забт намуда, дар таърих сабти ном кардаанд. Шоҳбайти мазкур пеши назарҳо ин ду манзараро ҷилвагар месозад. Дигар натиҷагирӣ аз хонанда.
Яке аз маъниҳои вожаи «ғараз» қасди бад, нияти бад ба манфиати шахсии худ мебошад. Бино ба ақидаи Калим агар инсон занги ғаразро аз дил дур созад, ҳар он чӣ ба назар зишту бад аст, дар оина — дилаш зебо менамояд. Байт:
Аз дили хеш агар занги ғараз дур кунӣ,
Ҳар чӣ зишт аст, дар ин оина зебо ёбӣ.
Яъне, дили инсон бояд мисли оина бегарду ғубор бошад, агар бегарду ғубор аст, суратҳоро дар он равшан метавон дид. Ин байт имрӯз низ дар хидмати мост.
Ободию харобии дунё аз сухан аст. Бисёр шоирони классик ба хонанда пургӯйӣ ва ҳарзагӯйиро маслиҳат надодаанд. Бино ба фикри шоир, дар мавридҳое сукут варзидан суди зиёде дар пай дорад. Зеро гуфтори зиёд шояд хатар эҷод кунад. Байт:
Сабақи нутқ ба пеши ҳама хондем,
Калим,
Озмудем, хамӯшист, ки хуштақдир аст.
Яъне, ба ҳама дарси сухан додему таҷриба кардем, ки дар мавридҳое сукут варзидан (хомӯшӣ) тиллост (хуштақдир аст).
Санъати талмеҳ (оина сохтани Искандар) ба шукӯҳи байти зерин афзудааст:
Равшандилон хушомади шоҳон нагуфтаанд,
Оина айбпӯши Сикандар намешавад.
Яъне, равшандилон — донишмандон, барои ато ё ҷоҳу мансаб, ба шоҳон хушомад намегӯянд, ин кори сабукмағзон аст. Искандар худ оинаро сохт — офарид, вале оинаи равшандил, ба ин хотир, айбҳои ӯро намепӯшид, «рӯйирост гуфт». Имрӯз низ равшандилон ба шоҳони замон хушомад намегӯянд... Ин байт шоҳони замонро ба дастгирии донишмандон ва мутахассисони соҳа, ки пешрафту тараққиёти мамлакат ба онҳо бастагии зич дорад, даъват менамояд. Бигузор, онҳо мисли оина, дар баробари комёбиҳо, каму костиҳоро низ бинамоянд.
Меҳмони нохонда дар ҳама давру замон боиси ташвиш будааст. Имрӯз низ меҳмонони нохонда, баъзан бе пӯшт-пӯшт, вориди хонаи тӯю маъракадорон мегарданд. Биноан, Калим ба хонандааш панд додааст, ки:
Нохонда марав бар дари кас, то зи гаронӣ,
Бори дили як шаҳр чу селоб нагардӣ.
Санъати ташбеҳ ба ҷолибияти байт афзудааст. Шоир меҳмони нохондаро ба селоб монанд мекунад, ки бе огоҳкунӣ омадани ӯ нобасомониҳое дар пай дорад.
Дар урфият мегӯянд, ки таги сабр тиллост. Доир ба паёмадҳои хуб доштани сабру қаноат ва бурдборӣ бисёр шоирон гуфтаанд. Аз ҷумла, бо такя ба мушоҳидаҳо Калим низ дар ин мавзӯъ байте дилнишин офаридааст:
Сабр гуворо кунад ҳар чӣ туро нохуш аст,
Соате аз каф манеҳ оби гилолудро.
Калим аз зумраи шоиронест, ки фикри андешаҳояшро бо ҳодиса ё воқеае аз табиат ва зиндагӣ тақвият мебахшад. Воқеан, агар оби гилолудро як муддат дар каф ё зарфе нигоҳ дорем, гилаш такшин шуда, шаффоф мегардад. Мисли ҳамин, сабр ҳар як нохушии зиндагиро гуворо месозад.
Чуноне ки девори гулистон ба наққош (мусаввир) эҳтиёҷ надорад (зеро гулҳои рангоранги гулзор худ нақшҳои олиянд), инсони ботинаш зебо – некботин низ ба ороиши зоҳирӣ: либос, холу хат ва ҳоказо эътибор намедиҳад. Байт:
Набошад некботин дар пайи ороиши зоҳир,
Ба наққош эҳтиёҷе нест девори гулистонро.
Қимати ин байт дар он аст, ки инсонҳои зоҳирпараст дар рӯзгори мо низ кам нестанд. Ҷавонписароне ёфт мешаванд, ки ба духтарони хушрӯву камақл дил мебанданд, ё баръакс. Ва ё духтароне ҳастанд, ки барои ба зебоии зоҳирии худ афзудан, соатҳо дар рӯ ба рӯйи оинаи барқад менишинанд. Ҳол он ки зебоии ботинӣ зебоии ҳақиқист.
Аксарияти шоирони классики мо доир ба қаноат ва қаноатпешагӣ, ки аз ҳадиси Расули акрам: «Қаноат сармояи тамомнашуданист» бармеояд, байтҳои обдор гуфтаанд. Калими Кошонӣ низ дар ин боб шоҳбайте дорад, ки дарки маънии он ба кас ҳаловат мебахшад:
Гар ба қисмат қонеъӣ, бешу ками дунё якест,
Ташна чун як ҷуръа хоҳад, кӯзаву дарё якест.
Яъне, агар ту инсони қаноатпеша бошӣ, фарқ надорад, ки молу дунёят бисёр аст ё кам. Зеро, вақте ташнагии ташнаро як ҷуръа об мешиканад, чӣ фарқ дорад онро аз кӯза хӯрд ё дарё? Аҳамияти тарбиявии ин шоҳбайт кам нест. Баски ноқонеъон имрӯз низ ёфт мешаванд...
Гоҳо мешавад, ки иззатталабон дар меҳмонӣ ва дигар мавридҳо ҷой талош мекунанд, инсонҳоро ба поённишину болонишин ҷудо мекунанд. Аз нигоҳи Калим ин қафас (дунё) болову поине надорад, барои одами доно остонаву маснади (тахт) он як аст. Чаро дунё қафас аст? Зеро, чун вақту соаташ расид, ҳама аз он як-як парида мераванд, фарқ байни пешгоҳу пойгоҳи он намемонад. Байт:
Дар қафас болову поине намебошад, Калим,
Остону маснади дунё бари доно якест.
Ин гуна шоҳбайтҳои пурмаънӣ ва ҳикматомез дар ғазалиёти шоири маъниофарин ва ҷодусухан Калими Кошонӣ фаровонанд. Инҷониб, барои ҷалб намудани хонанда ба хазинаи маънии ӯ чанде аз онҳоро дар партави нигоҳ бозтоб кард. Умед аст, ки ғаввосони каломи бадеъ дар баҳри сухани «Халлоқулмаонии сонӣ» жарфтар фурӯ мераванд ва дуру гуҳари бештар берун меоваранд.
А. СУБҲОН.