Айни замон дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё 57 таълимгоҳ мавҷуд буда, байни онҳо мактаби рақами 33 ҷову мақоми хешро соҳиб аст.
Дар ин мактаб 52 нафар омӯзгорон ба 773 нафар шогирдони хеш асрори илм меомӯзонанд.
Таълимгоҳи номбурда таърихи ғанӣ дошта, дастпарварони он дар ҷабҳаҳои гуногун кору фаъолият мекунанд.
Дар мактаб устодони арҷманде (рӯҳашон шод бод!) чун дорандаи ордени «Дӯстлик», шоир Равшани Эҳсон, Иброҳим Бозоров, Халил Холов, Салом Сатторов, Холмат Авазов, Фармон Раҳмонов дарс гуфтаанд.
Анъанаи неки онҳоро имрӯзҳо устодони масъулиятшиносу заковатманд, Аълочиёни таълими халқ Р. Шоҳимардонов, П. Мамараҳимов, Н. Ёдгоров, Р. Ҷӯрақулов идома дода истодаанд.
Шогирдони мактаб чи дар озмунҳои фаннӣ, чи дар озмунҳои варзишӣ мунтазам ҷойҳои фахриро ишғол карда меоянд. Ба хусус, ишғол кардани ҷойҳои муносиб аз фанни забон ва адабиёти тоҷик солиёни зиёд аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Дар олимпиадаи даври дуюми ноҳиявӣ аз фанҳои гуногун, ки моҳи январи соли ҷорӣ баргузор гардид, шаш нафар толибилмони ин даргоҳ ғолибиятро ба даст оварда, ба вилоят роҳхат гирифтанд.
– Натиҷаи заҳмату талошҳои омӯзгорон Қ. Эшонқулов, Р. Шоҳимардонов, З. Хурсандов, Г. Абдураҳимова, Ф. Раҳмонова аст, ки хонандагони мо Ҳикоят Турдиева (синфи 11), Моҳичеҳра Бекмуродова (синфи 10), М. Худойберганова (синфи 9) аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, Маҳбуба Амонова (синфи 11) аз фанни забони давлатӣ, Мафтуна Холова (синфи 10) аз фанни забони немисӣ, Парвиз Ёқубов (синфи 10) аз фанни информатика дар озмуни ноҳиявӣ ғолибиятро ба даст оварданд. Бояд таъкид сохт, ки ҷараёни таълим ва тарбия дар таълимгоҳ қатъӣ ба роҳ монда шуда, ҳама омӯзгорон масъулият ҳис мекунанд. Иқтидору салоҳиятнокии устодону шогирдон баланд буда, бо боварии комил гуфта метавонем, ки минбаъд низ зинаҳои баландтарро тасхир хоҳем кард, – мегӯяд директори мактаб П. Мамараҳимов.
– Дар таълимгоҳи мо дар савияи баланд гузаронидани тадбирҳои маънавию маърифатӣ, моҳонаҳои фаннӣ, мусобиқаҳои варзишӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Натиҷаи масъулиятшиносии омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ Б. Тӯрақулов, Р. Ҷӯрақулов, Х. Хоҷаев аст, ки шогирдони мактаб аз рӯйи намудҳои гуногуни мусобиқаҳои варзишӣ чун шашка, шоҳмот, баскетбол, волейбол, ҷанги дастӣ, гӯштин, тенниси рӯйи миз ғолибиятро ба даст овардаанд, – изҳори ақида мекунад ҷонишини директор оиди корҳои маънавию маърифатӣ Р. Шоҳимардонов.
Накӯ кардан аз пур кардан аст, мегӯяд халқ. Умед аст, таълиму тарбия дар мактаб боз бештар самара хоҳад дод.
Шамсуллоҳ МАҶИДОВ,
омӯзгори мактаби рақами
33-юми ноҳияи Бойсуни
вилояти Сурхондарё.