НАДОНИСТАНИ ЗАБОНИ МОДАРӢ АЙБ АСТ!

Забони тоҷикӣ аз забонҳои қадимаи ҷаҳон аст, ки бино бар фидокорӣ ва саъю талошҳои фарзандони фарзонааш дар тӯли асрҳо аз ҳаводиси замона ва аз харобкориҳои бесобиқа эмин мондаву то кунун асолати худро нигоҳ доштааст.

 Мо – тоҷикон бояд аз он ифтихор кунем, ки чунин як забони ғаниву рангин ва дорои таърихи хеле қадима дорем.
Аммо ин забони дорои таърихи куҳанро чӣ тавр эҳтиром мекунем? Онро чӣ гуна омӯхтаву чӣ сон бо ҳамон асолаташ ба наслҳои оянда мегузорем? Дар ин самт чӣ корҳоро ба сомон мерасонем? 
Чун аз ин хусус биандешем, ин ва ҳамчунин саволҳо зуд зеҳни моро фаро мегиранд. Агар дурусттар биандешем ва ба вазъи кунунии он баҳои ҳаққонӣ бидиҳем, дарк мекунем, ки дар замони истиқлол решаҳои забони мо дар Ӯзбекистон заиф гаштаанд. Чаро? Зеро мо нисбати забони худ зиёд бепарво шудем. Дар боби омӯзишу парвариши он саҳлангорӣ намуда, мактабҳои худро яке паси дигаре аз даст додем. Чунончи, дар замони пеш аз истиқлол дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё 14 мактаби таълимашон соф ба забони тоҷикӣ амал мекарданд. Ҳоло чӣ? Алҳол дар ин ноҳияи тоҷикнишин, ки як замон дабистонҳояш шогирдони хуб тарбият менамуданд ва шоиру нависандагон, олимони бешумораш машҳури даврон гаштаанд, ягон мактаби таҳсилоташ пурра ба забони тоҷикӣ вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки дар ноҳияи ҳамҷавори мо – Деҳқонободи вилояти Қашқадарё 28 мактаби соф тоҷикӣ то имрӯз амал мекунанд.  Мутаассифона, дар деҳаҳои Кӯшкак, Сариосиё, Авлод, Сайроб, Дарбанд, Бибиширин, Пасурхӣ ва боз чандин деҳкадаҳои кӯҳпораи Бойсун, ки тоҷикон дастаҷамъона зиндагӣ мекунанд, мактабҳо тағйири забони таълим карданд. Ҳарчанд, дар бархе аз ин макотиб синфҳои тоҷикӣ вуҷуд доранд, ҳоли онҳо низ хеле бад буда, гӯё рӯйи қил қарор доранд. Чаро чунин ҳол рух дод? Яке аз сабабҳои асосии он  эътироф нагардидани дипломҳои донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон, ки дар замони истиқлол ҳама он ҷо рафтаву таҳсил мегирифтанд, мебошад.
Аз нигоҳи ман якчанд омил вуҷуд доранд, ки ба пойдории забони мо мусоидат мекунанд.
Аввалан, дар ҳама деҳаҳои тоҷикнишин ба таври фаврӣ ташкил намудани муассисаҳои таълими томактабӣ ба забони тоҷикӣ аст. Бигзор онҳо дар навбати аввал оилавӣ, яъне ғайридавлатӣ бошанд. Зеро ҳукумати ҷумҳурӣ хушбин аст, ки дар маҳалҳо кӯдакистонҳо кушода шаванд. Мо – тоҷикон низ бояд дар канор намонда, сари ин масъала фавран биандешем. Дар деҳаи Кӯшкаки ноҳияи Бойсун чунин як боғчаи оилавии ғайридавлатиро кушодем, ки он ҳоло барои кӯдакони маҳал ба забони тоҷикӣ таълими аввалияро фароҳам сохтааст. Роҳҳои ташкил намудани чунин боғчаро камина дар як навиштаи худ бо номи «Чӣ тавр боғчаи тоҷикӣ ташкил намудем?», ки дар шумораи 7-уми феврали соли ҷории «Овози тоҷик» дарҷ гардид, нишон додаам. Таҷриба собит сохт, ки агар мо худ бихоҳем, касе монеаи ташкил додани боғчаҳои тоҷикӣ намегардад.
Баъдан, хатоҳои рафтаро ислоҳ намуда, он дабистонҳоро ба забони таълими азалиашон – тоҷикӣ баргардонем. Дар ин кор зиёиён, хоса муаллимон бояд саъй кунанд. Аз идораҳои мутасаддӣ бояд дархост намуд, ки соатҳои дарсии фанҳои забон ва адабиёти тоҷикро дар мактабҳои ба ин забон зиёд кунанд. Агар фарзандони мо дар мактаби худ таълими забон ва адабиёти тоҷикро ба таври бояду шояд фаро нагиранд, забони худро чӣ тавр омӯзанд? 
Мо –  тоҷикон низ дар бунёди Ӯзбекистони нав саҳим ҳастем. Дар моддаи 4-уми Сарқонуни Ӯзбекистон, ки ҳаққи раъяш дар гардани мо ҳам ҳаст, чунин сатрҳоро мехонем, ки ҳуқуқҳои моро чун оина инъикос мекунад: «Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ мебошад. Ҷумҳурии Ӯзбекистон эҳтироми забон, урфу одат ва анъанаҳои миллату халқҳои  дар ҳудуди худ истиқоматкунандаро таъмин менамояд ва ба пешравии онҳо шароит фароҳам меорад.» Ҳамчунин дар моддаи дуюми «Қонун дар бораи забони давлатӣ» омадааст: «Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забони давлатӣ ва забонҳои дигари ҳудуди худ гирифтани маълумоти миёна, миёнаи махсус ва олиро таъмин мекунад». Мо бояд аз имконият, ки қонунҳо фароҳам овардаанд, бархурдор бошем.
Президенти кишварамон дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис ва мардуми ҷумҳурӣ дар авохири моҳи декабри соли 2022 таъкид кард, ки аз ин баъд ба замони модарӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ба андешаи раҳбари давлат дар оянда донистани забонҳои хориҷӣ барои пешрафти кишвар хеле заруранд, аммо омӯхтани забони модарӣ ҳатмӣ ва чун обу ҳаво зарур аст. Пас, мо тоҷикон ҳам бояд забони модарии худро эҳтиром карда, ба таври бояду шояд биомӯзем. 
Надонистани забони модарӣ айб аст. Агар ин айбро эҳсос ва дарк кунем, ҳаргиз  нисбати забони худ бепарво намешавем.

Ғаффор НОРБОЕВ, 
раиси Маркази миллии маърифат ва санъати тоҷикони ноҳияи Бойсун.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: