НАФАСИ НАВИ ЧОДАКИ ҚАДИМӢ

  • НАФАСИ НАВИ ЧОДАКИ ҚАДИМӢ
  • НАФАСИ НАВИ ЧОДАКИ ҚАДИМӢ
  • НАФАСИ НАВИ ЧОДАКИ ҚАДИМӢ

Деҳаи Чодак дар минтақаи кӯҳии ноҳияи Поп ҷойгир буда, бо табиати зебо, ҳавои тозаву мусаффояш фарқ карда меистад.

Ин ҳудуд, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 2000-2100 ҷойгир шудааст, дар мавсими тобистон сайёҳонро бо фароҳам оварда шудани шароити барои истироҳат мусоид, инчунин бо назаррабоии гирду атроф ҷалб менамояд. Ба манбаъҳои боэътимод такя карда, гуфтан мумкин аст, ки синни ин деҳа аз 4550 сол зиёд аст. 
Дар баробари шароит, меҳмонхонаҳои замонавӣ, кемпингҳои ин маскани қадимӣ, дар ин ҷо ҷойгир шудани зиёратгоҳҳои таърихӣ шавқу рағбати ташрифоварандагонро боз ҳам меафзояд. Бо дарназардошти ин ҷиҳатҳо, дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 июни соли 2018 «минтақаи хурди сайёҳии Чодак» ташкил карда шуд.
Бинобар маълумоти ҳокимияти ноҳия мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 апрели соли 2021 «Дар бораи чораҳо оид ба рушди маҷмӯгии иҷтимоиву иқтисодии деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангон дар солҳои 2021-2022»,  дар ин ҷо татбиқи 257 лоиҳаи арзиши умумиаш 279,1 миллиард сӯм ба нағқша гирифта шудааст. Аз ҷумла, ба ҷамъ 98  лоиҳа дар бобати рушди шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ 109 миллиард сӯм маблағ равона карда, таъмир кардани инфрасохтори роҳ, шабакаҳои қувваи барқ, газ, оби ошомиданӣ ва канализатсия, объектҳои ирригатсионӣ, инчунин манзилҳои бисёрошёна ва ободонии ҳудудҳои шафати онҳо ба назар гирифта шудааст. Ба мақсади беҳтар гардондани таъминоти қувваи барқ 11 трансформатори дар ҳудуд воқеъбуда таъмир карда шуд. 
Пешбинӣ шудааст, ки сохтани меҳмонхонаҳои замонавӣ, масканҳои фароғатӣ, биноҳои бисёрошёна, минтақаи саноатӣ, маҷмӯи варзишӣ, ташкилоти таълими томактабӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар тӯли солҳои 2020-2030 зина ба зина ба амал татбиқ карда шаванд. 
Дар деҳа якчанд қадамҷоҳои муқаддас ҷойгир шудааст. Аз ҷумла «Чир-чир момо» – бо забони маҳаллӣ «Ашки модарон», зиёратгоҳҳои Исмоил Атойӣ, Бобои Самосӣ, Бӯсмат ота, Шоҳ Сулаймон, Оқ мозор бува, Шодмон бобо, Лангар бува, Бобо Юсуф Ҳамадонӣ, мазори пошшоҳ Хӯҷа ва Муғхона, мақбараи Шайх Сулаймон Маҳҷур, инчунин обидаҳои таърихӣ бо номи «Келинчак тош» ба зиёраткунандагон имкони шинос шудан бо таърихи ҳудудро фароҳам меорад. 
Дар деҳаҳои Чодак ва Парда Турсун, ки дар ҳудудҳои кӯҳистон ҷойгир шудаанд, инчунин ағбаи Қамчиқ қариб 600 масканҳои дамгирӣ мавҷуданд. Аз ин ҷо роҳи оҳан гузаштааст. Ин барои сайёҳоне, ки аз худудҳои гуногуни ҷумҳурӣ меоянд, боз як  имконияти қулай аст. 
Дар деҳа барпо намудани 300 меҳмонхонаҳои хонагӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин бобат дар доираи барномаи давлатии «Ҳар як оила соҳибкор» якҷоя бо раёсати рушди сайёҳии вилоят,  ҳокимияти ноҳия ва бонкҳои тиҷоратӣ дар маҳаллаҳои «Гулистон», «Чодакбошӣ», «Боғишамол», «Шайхон» ва «Боён» хонаҳои меҳмон ташкил карда шудаанд. Дар ҳамкорӣ бо хоҷагии ҷангал оид ба барномаи истеҳсолӣ дар доираи 15 лоиҳаи сармоягузории арзиши умумиаш 120,8 миллиард сӯм корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуданд. Дар натиҷа, шуғли 266 нафар бекор таъмин карда шуд. Ҷиҳати эътиборноки лоиҳаи мазкур дар он аст, ки чортои он бо кумаки ҳамкорон аз Федератсияи Русия ба амал татбиқ карда шуд. 
Аз ҷониби роҳбари ҶММ «Оқтепа Хаус» Камолиддин Фаёзов шаш котеҷи дамгирӣ ба истифода супурда шуд. Корхонаи муштараки ҶММ «Поп Экспорт Строй» бошад, дар ағбаи Қамчиқ меҳмонхонаи дорои 20 ҷой, кемпингҳо ва ресторани замонавӣ сохта ба истифодабарӣ супурд. Арзиши умумии лоиҳа 1,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 
Бобомурод Турсуналиев ҳам дар ин бобат аз ҳамдеҳагони худ қафо монданӣ нест. Пешниҳоди ӯ оиди дар як вақт ташкил кардани маскани «Экосайёҳӣ», ки имкони ба оғӯш гирифтани 40 нафар сайёҳро дорад, маъқул дониста шуда, корҳои амалӣ оғоз ёфтанд. 
Искандар Мадғозиев низ бо нияти нек дар соҳили Сирдарё меҳмонхона ва маскани дамгирии арзиши умумиаш 4 миллиард сӯмро барпо кард. 

Аз ҷониби ҶММ «Поп Экспорт Строй» дар 70 гектар майдони ҳудуд ташкил кардани «минтақаи сайёҳии шикорӣ» ба назар гирифта шудааст. Лоиҳаи мазкур дар семоҳаи сеюми соли 2023 ба кор дароварда мешавад. Дар ин ҷо дар асоси дизайни ландшафт шикори паррандаву ҳайвонот ташкил карда мешавад. Дар соҳили Сирдарё маскани дамгирӣ бунёд гардида, ба воситаи заврақҳои муҳаррикдор ташкил кардани сайёҳат ба назар гирифта шудааст. 
Меҳмонхонаи «Apart Hotel Kosmos», ки аз ҷониби соҳибкор Дилшод Тӯрахӯҷаев бо усули табиӣ сохта шудааст, хусусияти экологии Чодакро ифода менамояд. Ҷиҳати ҷолиби ин маскан дар он аст, ки дар қисми баландтарини Чодак, аз сатҳи баҳр 2500 метр ҷойгир шудааст. Хонаҳо бо лою кох дар асоси дизайни замонавӣ бунёд шудаанд. Ба ҳар як хонаи меҳмонхонаи якошёна бо истифода аз санги табиӣ ва лой  ҳаммомҳо низ сохтаанд. Дар деворҳо бошад, намунаҳо аз асарҳои рассомони моҳир, ки ҳаёти деҳа инъикос ёфтааст, овехта шудааст. Дар боми ин хона ресторани замонавии дорои 800 ҷой мавҷуд аст. Аз ин ҷо табиати хушманзараи Чодакро тамошо карда, аз ҳавои мусаффояш баҳраманд шудан мумкин. Барои сайёҳон имконияти аз баландӣ назорат намудани Чодак фароҳам оварда шуд. Яъне бо таҷҳизоти мотопараплан сайр кардан мумкин. Хоҳиши онҳое, ки мехоҳанд маҳорати кӯҳнавардии худро озмоянд, ба эътибор гирифта шуда, барояшон таҷҳизоти зарурӣ тайёр карда шудааст. 
Дар деҳаҳои Парда Турсун ва Чодак, ағбаи Қамчиқ, инчунин дар соҳилҳои Сирдарё дар бобати рушди экосайёҳӣ ва сайёҳии тиббӣ миқёси имкониятҳо васеъ аст. Дар давоми шаш соли охир дар натиҷаи ислоҳот дар соҳаи сайёҳӣ як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Танҳо дар тӯли солҳои 2019-2021 67 лоиҳаи арзиши умумиаш 144,4 миллард сӯм ба кор дароварда шуд. Дар натиҷа 460 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуд. 8 меҳмонхонаи дорои 450 ҷой, кемпингҳо ва коттеҷҳои оғӯши кӯҳ, масканҳои замонавии дамгирӣ ташкил карда шуданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Чодак дар соли 2017 танҳо меҳмонхонаи Рамз фаъолият нишон дода бошад, дар тӯли солҳои 2018-2021 дар ноҳия боз 6 меҳмонхона сохта, ба истифода супурда шуд. Дар айни ҳол дар Чодак 430, деҳаи Парда Турсун беш аз 70, ағбаи Қамчиқ бошад, зиёда аз 50 маскани фароғатӣ ва хонаҳои меҳмонӣ мавҷуданд. Ба мақсади фаро гирифтани сайёҳони хориҷӣ ташкил кардани объектҳои сайёҳии дорои тамоми инфрасохтор ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, ба мақсади ривоҷ додани  салоҳияти сайёҳӣ ва офаридани минтақаҳои экосайёҳӣ дар деҳаи Парда Турсун низ оид ба ташкил кардани минтақаи сайёҳӣ лоиҳаҳо таҳия шуданд.
Маркази замонавии фароғатӣ, хаймаҳои дуҳуҷрагӣ ва ошхонаҳои ҶММ «Ҷаҳонгир Олимп», ки аз ҷониби соҳибкор Наимхон Абдураҳимов бунёд ёфтааст, Чодакро боз ҳам зеботар гардонд. Дар маҷмӯъ, ки тамоми шароит муҳайёст, зиёда аз 20 нафар кормандон кор мекунанд. 
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ғор булоқ» ва ҶММ «Истамбул текс» дар ҳамкорӣ дар 2,5 гектар замини арзиши умумиаш 7 миллиард сӯмина оид ба ташкили лоиҳаи меҳмонхонаи замонавӣ ва маскани фароғатӣ корҳоро оғоз намудаанд ва ният доранд, ки дар охири соли 2023 ба истифода супоранд. 
Корҳое, ки дар саросари шоҳроҳҳои нақлиёти автомобилии ноҳия ба амал бароварда шуданд, 70 километр, дар роҳи ҳалқаинаи Фарғона бошад, 40 километр масофаро ташкил медиҳад. 
Аз ҷониби ҶММ «Поп Файз Стом» меҳмонхонаи дорои 26 ҷой ва шахобчаҳои хидматрасонии арзиши умумиашон 7 миллиард сӯмина барпо шуда бошанд, корхонаи «Поп дизайн строй» меҳмонхонаи дорои 16 ҷой ташкил кард ва барои ин 2 миллиард сӯм  маблағ харҷ намуд. Дар айни ҳол дар бобати дар канори роҳҳо ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои сайёҳӣ ва хидматрасонӣ беш аз 50 майдони холии замин ба низоми электронии Е-ауксион ҷойгир карда шуда, бо ташаббускорон нақшаи шартнома тартиб дода мешавад. 
Баъд аз ба амал татбиқ намудани лоиҳаи ташкили боғи интенсивӣ аз ҷониби ҶММ «Nuran Uz», ки ҳангоми ташрифи Президентамон ба ноҳия соли 2020 муаррифӣ шуда буд, шумораи сайёҳоне, ки мехоҳанд бо боғи замонавӣ шинос шаванд, ниҳоят афзуд. Аз ин рӯ, ба нақша гирифта шудааст, ки ҳудуди мазкур ба агросайёҳӣ ихтисосонида, дар ин ҷо растаниҳои доруворӣ рӯёнда шавад. 
Манзараҳои табиати  Чодак зебо аст. Аммо аз сабаби мавҷуд набудани инфрасохтори роҳ онҳо истифода намешаванд. Аз ҷумла, дар масофаи аз деҳа 15 километр дуртар «Беш қулсой» мавҷуд буда, дар атрофи он минтақаҳои экосайёҳӣ ташкил кардан мумкин аст. 
Барои беҳтар гардондани инфрасохтори роҳ бояд шабакаи об кашида, сипас роҳҳо зина ба зина таъмир карда шаванд. 
Имрӯз Чодак мувофиқи навсозиву дигаргунсозиҳои кишвар аз нав ривоҷ меёбад. Дар ин ҷо дар роҳи мақсадҳои бузурги Ӯзбекистони Нав имконияту шароитҳои бешумор зиёданд. Имконияти чодакиҳои аз ин навсозиҳо рӯҳбаланд, аз насими ҳаловатбахши истиқлол баҳраманд низ ба мисли ин калон аст. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: