Тӯли се соли охир дар бисёр ҷабҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд.
Дар бораи навгониҳо, ки ба манфиати халқ, таъмини муҳофизати ҳуқуқи шаҳрвандони мо созгоранд, бисёр ҳарф задан мумкин. Доири ислоҳоти муомилоти пулӣ ва конвертатсия низ, ки ба ҳалли мушкилоти мардум нигаронида шуда, вақтҳои охир самараи дилхоҳ мебахшанд, метавон бо мамнуният сухан ронд.
Чанд сол муқаддам баъзе амвол бо пули миллӣ не, танҳо бо доллари ИМА ба фурӯш бароварда мешуданд, ки ин пӯшида нест. Чун шаҳрванд ва истеъмолгари оддӣ борҳо шоҳид шудаам, ки ин масъала аҳолӣ, хусусан одамони оддиро чӣ гуна ба ҳоли ногувор мегузошт.
Ҷамъомади яке аз кумитаҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис як андоза тезутунд сурат гирифт. Раиси кумитае аз муовини аввали роҳбари «Ӯзавтосаноат» суол кард «барои чӣ баъзе сабукравҳо бо доллар, баъзе бо сӯм фурӯхта мешаванд? Масалан, «Ласетти», ки қиматтар ва баҳри хариди он имконияти моддии на ҳама созгор аст, бо сӯми миллӣ, «Нексия», ки нисбатан арзонтар ва талаб ба он бештар, бо валютаи хориҷӣ ба фурӯш бароварда мешавад?» Намояндаи масъули «Ӯзавтосаноат» суханро ба ҳар сӯ гардонд, ҷавоби аниқ надод. Раис сахттар пурсид: «Маоши аксарияти томи шаҳрвандони мо бо сӯм пардохта мешавад. Пас чаро ӯ автомобили ватаниро аз дохили кишвар бо доллар харид кунад?»
Баъди он «Бо кадом валюта ба фурӯш бароварда шудани автомобилҳоро мо не, «боло» муайян мекунад», изҳор намуд намояндаи идорае, ки ба саволҳо ҷавоб медод.
Дар воридгоҳи яке аз бонкҳои тиҷоратӣ шаҳрванде бо вакили бонк сурху сафед мешуд. Мегуфт: «Мошин хариданиам. Доллар даркор. Сӯми худро бо доллар иваз карданиам. Шумо мегӯед, дар мо ин гуна имконият нест». Намояндаи бонк «оҷизӣ»-и идораи худро тан мегирифт: «Шуморо фаҳмидам, лекин бонкҳои мо сӯми ҳар мошинхарро бо нархи давлатӣ ба доллар иваз карда наметавонанд».
Онҳое, ки ба баҳс гувоҳ буданд, ба мошинхар маслиҳат доданд «ин ҷо истоданат бефоида, доллар лозим бошад, ба «бозори сиёҳ» рав».
Ин гапи чанд сол пештара. Шохобчаҳое, ки валюта иваз менамуданд, аз фаъолият бозмонда ва танҳо дар ҳолатҳои заруртарин қисми муайяни сӯми шаҳрвандони мо бо асъор иваз карда мешуду халос. Азбаски байни курси давлатӣ ва «бозори сиёҳ» тафовут хеле баланд буд, одамони оддӣ аз хидматҳои давлатӣ қариб тамоман бебаҳра монда буданд. Корчаллон ва найрангбозҳо, айни замон, аз вазъият «устокорона» истифода бурда, байни баъзе ходимони сустимони бонк ва валютафурӯшҳои «бозори сиёҳ» миёнрав мешуданд. Шароити мураккаб ба қонуншиканиҳо роҳ мекушод. «Валютчик»-ҳо нуқтаҳои хариду фурӯши худро доштанд. Кас ҳайрон мемонд чӣ тавр онҳо дар рӯзи равшан, дар ҳузури ҳама аз қонун натарсида, ба амали мамнуъ даст мезананд. Назорат аз болои онҳо чаро суст? Ҳолдонҳо мегуфтанд, назорат суст нест. Гап сари он ки онҳо «одам»-и назоратчиҳоанд, ҳақ месупоранд. Одами бегона ин ҷо пулфурӯшӣ карда наметавонад.
Байни «валютчик»-ҳо, баробари ин, одамони «пок» ва «нопок» ёфт мешуданд. Ба «пок» вохӯрӣ, чӣ хуб: пулҳои дохили «пачка» бехато мебароянд. Ба нопок дучор оӣ-чӣ...? Ба муҳофизони қонун арз кардан – дасти худро баста додан...
Солҳои 2004-2005 кушода шудани шохобчаҳое, ки валюта иваз мекунанд, айни муддао гашт. Бо вуҷуди он ки мизоҷонро лозим меомад дурудароз навбатро интизорӣ кашанд, онҳо қонеъ аз он ки бо роҳи қонунӣ пули худро иваз карда метавонанд. Айни замон ҳаннотони пул ба ҳар восита обро лой карда ва моҳӣ доштан хоста, барои «бе навбат» пул иваз кардан, аниқтараш, асъори хориҷиро бо нархи давлатӣ харида, дар «бозори сиёҳ» бо нархи гарон фурӯхтан имкон меёфтанд. Баъдтар бинобар рӯикороии мушкилоти иқтисодӣ, тафовути калон ҳис шудан байни курси давлатию «бозори сиёҳ» шохобчаҳо, тавре дар боло таъкид сохтем, дари худро бастанд. Ҷабрро бештар мардуми оддӣ кашид. Вақтҳое ҳам, ки мубориза ба муқобили ҳаннотони асъор авҷ гирифт ва онҳо нопайдо шуданд, шахсоне, ки ба доллар эҳтиёҷ доранд, ба мушкилии нав рӯбарӯ шуданд. Масалан, иҷоранишинҳо, ки ҳақи иҷораро бо сӯм не, бо доллар мепардохтанд: дар бозор «валютчик» нест, дар бонкҳо иваз кардани сӯм душвор, соҳиби хона бошад, доллар металабад...
Имрӯзҳо мушкилот дар ин самт пурра ҳаллу фасл шудаанд. Бинобар татбиқи амалии худ ёфтани ҳуҷҷатҳо дар масъалаи муомилоти пул ва конвертатсия ҳар як шаҳрванд дар бонкҳои тиҷоратӣ ва шохобчаҳои онҳо, ки сари ҳар қадам вомехӯранд, метавонад пули худро аз рӯи курсҳои ягонае, ки муқаррар шудаанд, иваз намояд. Чанд моҳ пештар мувофиқи қоидае, ки ҷорӣ гашт, шахсе, ки сӯмро бо доллар иваз карданист, ба бонки тиҷоратӣ бо ариза муроҷиат месохт, аризааш омӯхта шуда, ба вай карточкаи махсус дода мешуд. Пули нақди ӯ боз мувофиқи аризааш ба карточкаи пластикиаш гузаронида ва ниҳоят аз карта ба карта сӯм дар шакли доллар мегузашт. Тавассути он карта мизоҷ аз шохобчаҳои ивазкунандаи асъор сӯми ба доллар бадалёфтаашро гирифта метавонист. Тавре мебинем, мизоҷ андаке сарсониҳо аз сар гузаронда ва вақт гум мекард. Ҳоло ба хотири осон шудани кори мизоҷ низоми нав ҷорӣ шуда, вай хоҳ бо пули нақд ва хоҳ бо карточкаи пластикӣ дар ҳар гуна шохобчае, ки ба ивази асъор машғуланд, сӯми худро иваз карда метавонад.
Масъалаи ба хориҷ бо чӣ қадар асъор баромадани мизоҷ низ ба нафъи ӯ гардид. Давраҳое буд, ки мардум дар киса асъори хориҷӣ дошта бошад, мисле ҷинояткор метарсид.
Дигар масъалаи ба карточкаи пластикӣ гузаронидани қисми муайяни музди меҳнат аҳолиро ба ташвиш намегузорад.
Чанд сол қабл маош асосан ба карточкаҳо гузаронида мешуд. Муаллимон ва тарбиятгарони муассисаҳои томактабӣ аснои муздгирӣ ҳатто рӯи пули нақдро надида монданд. Маҷбур мешуданд ба ходимони савдои кӯчагӣ сар хам карда, ба 15-20 фоизи зарарашон карточкаҳояшонро ба пули нақд иваз кунанд. Нафақагирҳо бошанд, дар даст карточкаҳои пластикӣ, роҳи ҳалли мушкилот наёфта ва бо он аз бозор чизе харида натавониста (хусусан дар шароити деҳот) саргум мемонданд.
Ҳоло бо қарори Президент дар якчанд ноҳияи дурдаст ва баландкӯҳ музди меҳнат пурра нақд пардохта мешавад. Нафақаҳо нақд ва дар вақташ дода мешаванд, ки ҳамаи ин далел ба рӯикороии қулаиҳо дар қабул ва муомилоти пулист.
М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».