«НАФОСАТ»

Дар қасри фарҳанги байналхалқии Икуо Хироямаи Академияи бадеии Ӯзбекистон бахшида ба 33-солагии Истиқлолият намоишгоҳи шахсии рассом Анвар Бобобеков кушода шуд.

Дар намоишгоҳ намунаҳо аз асарҳои дар солҳои 2007-2024 эҷодкардаи рассом ҷой доранд. Тамошобин аз лавҳа ва аксҳои имрӯзаву дирӯзаи ҳаёти мардум, тасвири табиат, ҳунармандӣ  ва дигар соҳаҳои ҳаёт, ки бо маҳорати баланд иҷро шудаанд, як олам таассурот мегирад. 
Тамошобин метавонад  дар экспозитсия бо корҳои эҷодии рассом «Оҳанг», «Садои най», «Дар оғӯши баҳор», «Шаби моҳтобӣ», «Сеҳри оҳанг», «Нафосат», «Бӯйи гулҳо», «Нолаи муҳаббат», «Илҳом», «Гулшани санъат» ва ғайра  ошно гардад. 
Рассом соли 1978 дар ноҳияи Оққӯрғони вилояти Тошканд таваллуд шудааст. Дар мактаб-интернати ихтисосонидашудаи санъат, Институти рассомӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзод таҳсил гирифтааст. 

Ҳ. АБДУНАЗАРОВ.          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: