НАФС, ҶИСМ, РӮҲ

Душмани инсон

Инсон дар асл аз ҷисм ва рӯҳ ташкил ёфтааст. Ҷисм бошад, нафс дорад. Ҳайвонҳо низ ҷисм ва нафс доранд. Вале дар онҳо руҳ нест. Инсон бо ин ҷиҳатҳояш аз як тараф ба ҷонварон, аз ҷониби дигар ба фариштагон монанд аст. Зеро фариштагон нафс надоранд. Онҳо танҳо бо тоату ибодат машғуланд. 
Ин ҷо суоле ба миён меояд: агар ҷиҳати ҳайвонии инсон ба назар гирифта шавад, магар ӯ дар назди Худо баъди фариштагон дар ҷойи дуюм қарор намегирад? Вагарна чаро бино ба амри Худои мутаол фариштагон низ ба Одам Ато саҷда карданд? Бартарии инсон дар он аст, ки ҳарчанд нафс дорад, тавассути тоату ибодат ба Худо фаришта шудан мехоҳад. Фариштагон бе ҳеч ишкол ибодат мекунанд.
Шояд бигӯед: тавассути тоату ибодат ба Худо магар фаришта шудан ишколе дорад?
Бале, басе мушкил аст...
Барои куллан ба Худо итоат кардан ва аз ҳамаи наҳйҳо (манъкардашуда) даст кашидан инсон бояд ба нафси худ пирӯз гардад. Биноан, душмани шадиди ҳар як инсон дар даруни ӯст, ки номаш нафс аст.

Роҳи камолот

Сӯфиён моҳияти зиндагиро дар мубориза алайҳи нафс дидаанд. Зеро бад-ин васила ба камолот расидаанд. Онҳо алай-ҳи нафс ҷанг эълон кардаанд. Зеро аз нигоҳи сӯфӣ рӯҳ неъмати бузург аст. Тасаввуф роҳи якумриест иборат аз тарбияи рӯҳ. Барои ривоҷу равнақи рӯҳ бояд ба ҷисм пирӯз омад. Аз ин дидгоҳ ниёзҳои рӯҳу ҷисм батамом зидди якдигаранд. Барои қонеъ кардани ниёзи рӯҳ ҳар як қадам бояд ба хотири пирӯзӣ ба ҷисм гузошта шавад. Барои пирӯз омадан ба ҷисм, қабл аз ҳама, бояд нафсро маҳв кард. Яъне ба рӯҳоният танҳо бо риёзат, бурдборӣ дар баробари ранҷҳо, тавассути маҳв кардани нафс мерасанд. Сӯ-фиён, аз ин рӯ, риёзатро ба ҷону дил мепазиранд. Аз нигоҳи онҳо ин аст мазмуни умр. Нафс ҷамъи бадиҳост. Бо роҳи раҳоӣ ёфтан аз нафс ба сарчашмаи некиҳо — рӯҳоният мерасанд.

Шарафи аз байн бурдани ахлоқи бад

Бад-ин тариқ, пирӯзӣ ба нафс маънои аз ҳамаи бадиву бадкориҳо фориғ гардидани инсон, танҳо ба некӯкорӣ рӯ овардани ӯро дорад. Мо дар осори Навоӣ, ки тасаввуфро мафкураи худ ҳисобидааст, ба ин гуна тарғибот бисёр дучор меоем. Мисолан, чанд байте аз «Лисон-ут-тайр» метавонад далели гуфтаи мо бошад:
Ранҷ чун боло барад 
рӯҳоният,
Салб гардад з-одамӣ 
нафсоният.
Ҷуз рӯҳоният намонад 
бо ту ҳеч,
Аз тахаллуф сар аз ин маънӣ 
мапеч.
Он қадар бошад ҳар инсонро 
шараф.
Гар бисозад хулқи зишташ 
бартараф.
Ҳам ба фиръавнаш насозад 
пайравӣ,
Зам шавад дар ӯ сифоти
 мусавӣ.
Фиръавн дар ин ҷо рамзи кофирӣ, Мусо бошад, рамзи мусалмонист. Аз ин ҷо низ ошкор мегардад, ки сӯфиён, аз ҷумла яке аз тарғибгарони он Навоӣ, нафсро махлуқе ҳисобидаанд, ки ба самти кофирӣ мебарад. Онҳо бар онанд, ки тавассути пирӯзӣ ба нафс метавон мусалмони ҳақиқӣ шуд. Аз ин дидгоҳ «роҳи фақру фано» роҳест пирӯзӣ ба нафс. Болидан аз фақр меросест аз паёмбари ислом ба сӯфиён.

Нафси одам балояст

Набояд нафсро ба он маънӣ фаҳмид, ки урён бояд гашт, батамом чизе нахӯрд, тарки дунё гуфт. Рӯҳи инсонро бояд ба он  дараҷа тарбия кард, ки вай ба ҳеч гуна дороӣ дил набандад, аз ҳамаи он чизе ба ин дунё алоқаманд аст, бипарҳезад. На ӯ ғуломи нафс, балки нафс ғуломи ӯ гардад. Вагарна нафс дасту пойи ӯро баста, мутеи худ мегардонад. Магар каманд онҳое, ки ба ғуломи нафс табдил ёфтаанд? Хеле зиёданд. Халқ дуруст гуфтааст:
Нафси инсон балояст,
Сарманшаи ҷафояст.

Ҷазои «қонуншиканон»-и биҳишт

Нафс чизест, ки аз азал бо инсон аст. Саҳеҳтараш, Худо барои имтиҳон ба инсон нафс дод. Ёд дорем, ки Одаму Ҳавво барои пирӯз наомаданашон ба нафс аз биҳишт ронда шуданд. Зеро онҳо «қонун»-и биҳиштро шикастанд. 
Падарам равзаи ризвон ба ду 
гандум бифурӯхт,
Нохалаф бошам агар ман ба 
ду ҷав нафрӯшам.
(Ҳофизи Шерозӣ).
Аммо дар ин ҷо чизи дигаре низ ҳаст. Он чиз — Шайтон. Шайтон бо нафс зуд улфат мегузинад. Нафс бо Шайтон чун як ҷо шуд, Худо мезанад. Дигар рӯҳ ба ин ду (Нафс ва Шайтон) ба осонӣ пирӯз намегардад.

Шер, Шайтон ва Нафс

Ин ҷо суоле табиӣ пайдо мешавад: Шайтон зӯр аст ё Нафс? Дар суҳбати байни сӯфиён гоҳо чунин суол ба миён меояд. Ҳаким Тирмизӣ ба ин суол аз ҷумла чунин посух додааст: «Коре, ки як шайтон тӯли як соат дар ҳалоки як рама анҷом додааст, сад шери гурусна дар ҳалоки як рама карда наметавонад». Пас, Шайтон аз сад шери гурусна даҳшатангезтар аст. Нафс бошад, хавфноктар аз сад Шайтон.
Ин ҳикмати Шайх Абубакри Абуварроқ аст, ки фармуда: «Чаҳор душман ва чаҳор роҳи халосӣ аз онҳо вуҷуд дорад: Шайтон, нафс, муҳаббати дунё ва даромехтан бо халқ. Ба Шайтон ва нафс бояд мухолифат кард, аз дунё ва халқ канора ҷуст. Инсон бо ин чор ёвари худ наҷот меёбад, вагарна ҳалок мешавад».
Ин ҷо бояд шарҳ дод, ки аксарият бандаи нафсанд. «Аз халқ бояд канора ҷуст» ба он маънӣ бошад, ки инсон бояд аз бандаҳои нафс канора ҷӯяд.

Дев — рамзи нафс

«Фарҳод ва Ширин» мисли дигар достонҳои Навоӣ асарест, ки ҳанӯз асрораш ошкор нагаштааст. Дар достон воқеаи ба дев — Аҳриман пирӯз омадани Фарҳод тасвир ёфтааст. Шояд баъзе инро чун афсонаи одӣ қабул кунанд. Ҳол он ки дар адабиёти ирфонӣ дев рамзи нафс мебошад. Касе, ки тасаввуф — роҳи инсони комилро пеш гирифтааст, бояд қабл аз ҳама ба нафси худ пирӯз ояд. Фарҳод низ тимсоли сӯфист. Ӯ дар роҳи боз кардани тилисми Искандар девро маҳв месозад. 
Дар ин ҷо як масъалаи нозук ба миён меояд. Оё инсон ба деви нафс худ аз худ пирӯз омада метавонад? Гап сари он аст, ки ин кор аз дасти инсон намеояд. Зеро нафс чизи ширинест. Он дар қаъри ҷисм маъво гирифтааст. Ба берун андохтани он аз дасти одами танҳо намеояд.
Дар тасаввуф пирию муридӣ ба қоидаи устувор табдил ёфтааст, ки бевосита ба пирӯзӣ ба нафс иртибот дорад. Барои ин мурид  дар роҳи тарбияи нафс инони ихтиёрашро ба дасти пир месупорад, пир барномаи ботил кардани нафси муридро тарҳрезӣ менамояд ва бо иҷрои пайгиронаи он зиёд машғул мешавад.
Чунин ба назар мерасад, ки акнун нафсро аксарият фаҳмиданд. Фаҳмиданд, ки он аз хӯрдану нӯшидан ва хуфту хез иборат нест. Кибру ҳаво низ нафс аст. Пирӯзӣ бар он аз ворид шудан ба роҳи бад бозмедорад...

Султонмурод ОЛИМ,
Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: