НАГУЗОРЕД, КИ РӮЗНОМАИ "ОВОЗИ ТОҶИК" ПӮШИДА ШАВАД

Омӯзгорон, хонандагон, донишҷӯён, шифокорон, соҳибкорон, мансабдорон, устодони донишкадаву донишгоҳҳо, олимон, шоирон, нависандагон, зиёиён – ҷонсӯзу ҷоннисорони забону фарҳанги худ, мо намехостем дар ин шароити вазнин ва тақдирсоз ба шумо муроҷиат намоем. Аммо, ба баҳонаи обуна ихтиёрист, на маҷбурӣ, хавфи пӯшида шудани ёдгори абармарди сухан, минбари мову шумо – рӯзномаи наваду панҷсолаи “Овози тоҷик” ба миён омадааст.

Омӯзгорон, хонандагон, донишҷӯён, шифокорон, соҳибкорон, мансабдорон, устодони донишкадаву донишгоҳҳо, олимон, шоирон, нависандагон, зиёиён – ҷонсӯзу ҷоннисорони  забону фарҳанги худ, мо намехостем дар ин шароити вазнин ва тақдирсоз ба шумо муроҷиат намоем. Аммо, ба баҳонаи обуна  ихтиёрист, на маҷбурӣ, хавфи пӯшида шудани  ёдгори абармарди сухан, минбари мову шумо – рӯзномаи наваду панҷсолаи  “Овози тоҷик” ба миён омадааст.  
Таърих гувоҳ аст, ки миллати донишписанд ва сабури мо аз имтиҳонҳои таърих на як бору ду бор сарбаландона гузаштааст.           Абармарди сухан – Садриддин Айнӣ фармудааст: “Қавме (миллат), ки рӯзнома надорад – забон надорад”.  Бузургон рӯзномаро шиносномаи миллат низ номидаанд.                                                                                                                             
Бино ба маълумотҳои расмӣ  дар Ӯзбекистон беш аз 1,5 миллион тоҷик умр ба сар мебарад.  Ба сабабҳои гуногун пӯшида шудани рӯзномаи “Овози тоҷик”  маънои онро дорад, ки дар ҷумҳурӣ тоҷикон зиндагӣ намекунанд. Ҳол он ки мо дар оилаи сермиллати Ӯзбекистони офтобрӯя вуҷуд дорем, дар мактабҳо ба забони модариамон таҳсил мегирем. Тоҷикон аз рӯйи саршумори аҳолӣ дар Ӯзбекистон дар ҷойи дуюм меистанд.  
Конститутсияи ҷумҳурӣ,  дар қатори дигар миллатҳо, ба тоҷикон низ ҳуқуқи  рӯзномаву маҷалла кушодан, китоб чоп кардан ва дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба забони худ хонданро додааст.  Чаро аз ин ҳуқуқи худ истифода набарем, дигар миллатҳо ба забони  худ рӯзнома хонанду мо нахонем, аз воқеа ва ҳодисаҳои олам бехабар монем?  Оё дастгирӣ накардани минбари худ ба решаи худ табар задан нест?                                                                                                                                       Бино ба маълумотҳо, дар сартосари ҷумҳурӣ 250  мактаби тоҷикӣ вуҷуд дорад ва дар ин мактабҳо омӯзгорони зиёде таълиму тарбия медиҳанд. Агар онҳо рӯзнома нахонанд, донишҳои сиёсиашонро аз куҷо зиёд мекунанд,  забони меъёриро ба онҳо кӣ меомӯзад, омӯзгорони тоҷик мақолаҳои услубиро, ки дар рӯзномаи “Овози тоҷик” муттасил  чоп мешавад, аз куҷо мехонанд?  Дили нохоҳам – узри бисёр, пештар баъзе омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ баҳона пеш меоварданд, ки  моро аз “боло” маҷбурӣ ба дигар рӯзномаҳо обуна мекунанд.  Имрӯз чӣ баҳона пеш меоварда бошанд?                                                                                
Бино ба маълумоти дастрасшуда,  барои соли 2020 ба  рӯзномаи “Овози тоҷик”  ҳамагӣ  680 нусха обуна шудаанд, аксарияти он ҳам якмоҳа... То моҳи апрел ин нишондиҳанда ба 420 нусха поин мешавад... Агар дастгирӣ нашавад, “Овози тоҷик” соли 2020-ро бо 140 нусха ҷамъбаст менамояд, ки ин маънои пӯшида шуданро дорад.
Дар як суруди халқии тоҷикони Бухоро сатре вуҷуд дорад, ки ин аст: “ Ман дар аҷабу аҷаб ба ман дар аҷаб аст”.  Дар вилоятҳои Андиҷон, Хоразм, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ки  тоҷикон ангуштшуморанд, мардум бештар обуна шудаанд,  вале дар вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Сурхондарё, Қашқадарё ва Фарғона, ки тоҷикон дастҷамъона умр ба сар мебаранд, обуна  хеле кам аст. Дар вилояти Андиҷон – 38 нусха, Намангон – 116 нусха, вале дар вилояти  Бухоро – 32 нусха,  Самарқанд –  46 нусха, Фарғона – 38 нусха, Сурхондарё – 27 нусха обуна шудаанд.                                                                                                      
Мо фикр мекунем, ки дар ҷумҳурӣ соҳибкорон, фермерон корчаллонҳои фарҳангпарвари тоҷик кам нестанд. Шояд  на ҳамаи онҳо  аз вазъи бисёр гарони  “Овози тоҷик” хабар доранд. Бовар кунед, агар  Худо ба дили соҳибкорон   ва фермерони тоҷик меҳри “Овози тоҷик”-ро андозад, теъдоди  хонандагони рӯзнома  ба ҳазорҳо нафар хоҳад расид. 
Омӯзгорон, донишҷӯён, шифокорон, соҳибкорон, фермерон, корчаллонҳо, мансабдорони зинаҳои пасту боло, олимон, шоирон, нависандагон – ҷонсӯзони забону фарҳанг, ҳанӯз вақт ҳаст, моҳияти масъаларо амиқ дарк намоед,  ба дигарон низ фаҳмонед: рӯзномаи худ, минбари худ, забони худ, нангу номуси худро  аз несту нобудшавӣ нигоҳ доред .  Шумо ба ин қодиред!

Ҳайати таҳририяи рӯзномаи  “Овози тоҷик”. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: