НАХУСТИН ЧЕМПИОНИ ШАМШЕРБОЗИ МО

Маълум, ки дар миқёси байналхалқӣ варзишгарони ӯзбекистонӣ қариб дар ҳамаи навъҳои спорт ба комёбиҳо даст ёфтаанд.

Дар ҳамаи навъҳои варзиш пешсафию ливобардории  варзишгарони мо дар минтақа, зимнан, ба касе сир нест.
Аҷдоди мо дар шамшербозию шамшерзанӣ дасти баланд доштанд, ки ин дар достонҳои ҳамосавӣ алоҳида ситоиш ёфтааст. Вале дар солҳои истиқлолият аз байни варзишгаронамон ягон нафар ба дараҷаи қаҳрамони ҷаҳон набаромада буд.
Аз 2 то 10-уми моҳи апрел дар Аморати Муттаҳидаи Араб чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва ҷавонон аз рӯйи шамшерзанӣ баргузор гардид. 
Шамшербози ҷавони мо Зуҳриддин Қодиров номи худро дар таърихи Ӯзбекистон чун нахустин шамшербоз сабт намуд, ки ба унвони баланди “чемпиони ҷаҳон” муяссар гардидааст.
Намояндаи мо аз болои ҳамсиннонаш аз Канада, Миср, Венгрия ва ИМА ғалаба намуд. Дар финал аз болои Колин Хеттоки олмонӣ пирӯзӣ ба даст овард (15:13) ва шарафи варзиши Ӯзбекистонро баланд бардошт. 
Дигар аз шамшербозони мо Самира Шокирова ва Мӯсо Айтмуродов то чаҳорякфинал баромаданд, вале дар мусобиқаҳои навбатӣ, ки бояд тақдири медали биринҷиро ҳал менамуд, мағлуб шуданд.
Дар чемпионат шамшербоздухтар Зайнаб Дайибекова низ ба комёбӣ даст ёфт ва бо медали биринҷӣ тақдиронида шуд.
Зимни чорабиние, ки бахшида ба муваффақияти шамшербозҳои ҷавони мо дар Кумитаи миллии олимпӣ рӯйи кор омад, вазири рушди варзиши ҷумҳурӣ Адҳам Икромов варзишгарҳои муваффақи моро бо ин натиҷаҳои баланд самимона табрик кард. Баъди он вай фармони Президенти ҷумҳурӣ  оиди бо мукофоти давлатии “Мард ӯғлон”  қадр карда шудани Зуҳриддин Қодировро хонд ва ба варзишгар мукофотро тантанавор супурд.
Ба мураббии ҷамоаи яккачин Владимир Назлимов ба миқдори 2 ҳазор, мураббӣ Ёрқин Йӯлдошев як ҳазор, ба Зуҳриддин Қодиров 5 ҳазор, ба Зайнаб Дайибекова бошад 3 ҳазор доллари ИМА мукофоти пулӣ супурда шуд. 

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: