НАХУСТИН ДОНИШГОҲИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ САМАРҚАНД

Дар Донишгоҳи навтаъсиси байналхалқии технологии Самарқанд, ки муваққатан дар бинои омӯзишгоҳи нақлиёт ҷойгир аст, анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар он профессору докторони фанҳои техникӣ аз хориҷ ширкат варзиданд.

Анҷуманро ректори донишгоҳ, доктори фанҳои педагогӣ, профессор Юсуф Абдулло ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки бо сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ба ривоҷу равнақи илму дониш диққату эътибори махсус дода мешавад.
– Ғояи таъсис ва ташкили донишгоҳи мазкур, ки таҳсилоташ ба забони англисӣ аст, соҳиби ширкати Еriell Group Бахтиёр Фозилов мебошад, — гуфт Юсуф Абдулло. – Маҳз ҳамин ширкат дар Самарқанд бинои наву мӯҳташами аэропорт, шаҳраки абадии лаби кӯли заврақронӣ ва бисёр хонаҳои истиқоматиро бунёд намуд.
Ҳоло дар шаш гектар майдони шафати дарёи Зарафшон сохтмони бинои донишгоҳ оғоз ёфтааст, ки барои ҳазор нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Дар ин ҷо китобхонаи сеошёна, майдони варзишӣ, ташхисхона, хобгоҳ барои 300 нафар донишҷӯ бунёд мешавад.
Имсол дар мактаби олии мо гурӯҳҳои тайёр кардани довталабон амал мекунад, ки пардохти ҳаққи хидматрасонӣ  аз 500 ҳазор сӯм беш нест .
Аз соли нави хониш таълими бакалаврӣ ҷараён мегирад. Имтиҳони қабул аз фанҳои математика ва забони англисӣ аст. Дар ин ҷо устодони ботаҷрибаи хориҷӣ сабақ медиҳанд, ки барои он бо бисёр донишгоҳҳои пешсафи Амрико, Аврупо, Осиё, Австралия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
– Таҷрибаи 150-солагии худро бо донишгоҳи навтаъсиси Самарқанд баҳам дидан барои мактаби олии Колорадо бахти бузург аст, – гуфт профессор, доктори фанҳои техникии Донишгоҳи Колорадо Ҷон Брэдфорд, ки барои таҳсилдиҳӣ аз фанни технологияи коркарди газ даъват шудааст,   – университети мо нуфузи ҷаҳонӣ дорад, ки ҳоло донишҷӯёни донишгоҳи навтаъсис аз таҷрибаи он баҳра мебардоранд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

СИНО ВА МЕНДЕЛЕЕВ ДАР МАКТАБИ МАХСУС
Супурдани ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсили 2022-2023 ба мактабҳои ихтисосондашуда-такягоҳии назди Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ, яъне мактабҳои махсусе,ки ба номҳои Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Мирзо Улуғбек ва Абӯалӣ ибни Сино гузошта шудаанд, аз 1 июл то 20 июл дар шакли онлайн сурат гирифт ва дар асоси озмун беҳтарин донишандӯзон аз ҳудудҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба онҳо қабул карда шуданд.
Дар мактаби ихтисосондашудаи ба номи Сино низ, ки дар он фанҳои кимё ва биология амиқ омӯзонда мешавад, занги аввал мутантан садо дод. Қабл аз оғози дарсҳо дар мавзӯи истиқлолият дар саҳни мактаб ҷамъомади идона баргузор гашт. Хонандагони синфҳои болоӣ бо кӯмаки моддаҳои кимёвӣ машғулоти амалӣ намоиш доданд. Иҷрои нақшҳои Сино ва Менделеев дар баромади саҳнавӣ ба ҳозирон таасуроти хуб гузошт.
Мактаби мазкур дар соли таҳсили нав 120 нафар хонандаро ба синфи ҳафтум қабул намуд. Дар ин ҷо асосан бачаҳое таҳсил менамоянд, ки оянда шифокор шуданианд. 

М. ШОДИЕВ, 
мухбири 
“Овози тоҷик”.


САЛОМ МАКТАБ...
Дар қатори мактабҳои дигари ҷумҳурӣ саҳни мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-уми ноҳияи Бӯка низ ранги дигар гирифта буд. Ҳамаи хонандагон, падару модарон ва омӯзгорон сӯи дабистон мешитофтанд, то ки аз чорабинии оғози соли хониши нав “Рӯзи дониш” ва ё рӯзи “Занги аввалин” дер намонанд. Дар ин рӯз ҳамсинфон, дӯсту дугонаҳо, ба қавле, хумори семоҳаи дидори ҳамдигарро мешикананд. Хурсандии хурдсолон, хонандагони синфи якумро ҳадду каноре нест. 
Ҷонишини директори мактаб оид ба корҳои маънавият Холиқбердӣ Додобоев хонандагонро бо оғози соли нави хониш табрик гуфт. Падару модаронро хайру мақдам гуфта таъкид кард, ки баробари соли хониши нав ба фарзандони худ эътибори алоҳида диҳанд, бесабаб ба мактаб наомадан, ба аз ёд кардани машғулиятҳои дарсӣ дар хона шароит фароҳам оварданашонро алоҳида иброз дошт. Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Сулаймонбек Содиқов иштирокдоронро бо ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик гуфт. Дар бораи бурдбориҳои шогирдони мактаб, довталабон ҳарф зад. Баъд аз он бо иштироки маъмурияти мактаб тӯҳфаҳои Президент: ҷузвдон ва лавозимоти хонишӣ ба хонандагони синфи якум ботантана супурда шуданд. 
– Дар соли хониши 2021-2022 мактаби моро 21 нафар хонандагон хатм карданд, ки қариб 13 нафарашон ба донишгоҳҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дохил шуданд, – мегӯяд Холиқбердӣ Додобоев. – Дар соли нави хониш 30 нафар хонандагон қадами худро ба даргоҳи маърифат монданд, ки имрӯз ба хурсандии “хонанда” шудани онҳо ҳар яки мо шарик шудем. Алҳол дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-уми деҳаи мо 256 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд. Ният дорем, ки дар соли хониши ҷорӣ низ бо шогирдони худ дар олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои интеллектуалӣ ва варзишӣ ҷойҳои намоёнро ба даст оварем. 
– Боварам намеояд, ки аллакай имрӯз фарзанди ман хонандаи синфи 1-ум шуд, – мегӯяд Нафиса Боқиева, – ба тӯҳфаҳои Президент ташаккури худро иброз мекунам. 

М. ҚОДИРЗОДА.
Вилояти ТОШКАНД. 

***
Баъди се моҳи таътили тобистона бачаҳо боз ба оғӯши мактаби азизи худ баргаштанд. Вақте ки мадҳияи давлатӣ садо дод, қабл аз ҳама даст рӯи сина монда саф оростанд. Ҳама дар тан бо либоси зебои мактабӣ. Ба хонандагоне, ки нав ба остонаи мактаб қадам ниҳода, акнун ба синфи якум қабул шудаанд, як-як аз ҷониби роҳбарони мактаб тӯҳфаи Президент – сумкаву лавозимоти дарсӣ тантанавор супорида шуд.

Назар ба маълумотҳо имсол ба синфҳои якуми мактабҳои вилояти Ҷиззах ҳамагӣ 24800 нафар қабул карда шуданд.
Бо супориши Президенти кишвар  бекоркунии тарзи иҷораи китобҳои дарсӣ ва аз ин пас ройгон додани онҳо ба мактабиён барои волидайн дар «Рӯзи дониш» тӯҳфаи хеле хуб гардид. Охир, падару модаронро нархи иҷораи китобҳо як андоза нигарон карда буд. Ин ҳол аз ҷониби Роҳбари давлат ба инобат гирифта шуд. Дарҳақиқат, ба гуфтаи Президент «Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб, аз таълиму тарбия оғоз меёбад».
Чаҳ-чаҳи бачаҳо чун булбулакони боғи дониш ба гӯш мерасад. Соли хониш ҳам оғоз ёфт.  Ба қавли шоир:
Эй булбулакони боғи 
дониш,
Шодона таронаҳо 
муборак.
Боз омадааст фасли 
хониш,
Таҳсили нави Шумо 
муборак!

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

***
Имсол дар  1 ҳазору 260 мактаби вилояти Самарқанд дарси нахустин дар мавзӯи «Дар Ӯзбекистони Нав халқ азиз, инсон азиз» оғоз ёфт

Аз субҳи содиқ 773 ҳазору 350 нафар булбулакони боғи дониш ба остонаи мактаб қадам гузоштанд, ки ба онҳо 83 ҳазору 550 нафар омӯзгорон сабақ хоҳанд дод.
Пас аз солҳои тӯлонӣ ниҳоят дар мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд синфи тоҷикӣ ташкил шуд.
Гарчанде 346 нафар ба синфи якум омаданд, ҳамагӣ 10 нафар таҳсилро ба забони модарӣ хоҳанд гирифт.
– Сабаб ҳамин, ки падару модарон мехоҳанд, ки фарзандонашон ба забони русӣ ё ӯзбекӣ таҳсил гиранд, – иброз дошт яке аз собиқадорони таълими халқӣ Фарида Аҳмадова, – умедворам, ки шумораи онҳо меафзоянд.
Дилором Муродхӯҷаева омӯзгори синфи тоҷикӣ буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шогирдонаш шахсони муносиб шуда ба камол расанд.
Боиси хушнудист, ки дар соли хониши нав дар ноҳияҳои Ургут, Нуробод, Тайлоқ ва шаҳри Самарқанд низ синфҳои тоҷикӣ ташкил шуданд.
Ин ҳама сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи сарвари давлатамон мебошад, ки ҳар як шахс метавонад ба забони модарии худ  дониш гирад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 

дар вилояти Самарқанд.

***
Дар вилояти Фарғона ҳамеша ба маросими “Рӯзи дониш” ҷиддан омодагӣ мегиранд. Имсол низ чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят маросими “Занги аввал” бо шукӯҳи хос баргузор гардид. Инро метавон дар мисоли ноҳияҳои Риштон ва Сӯх дид.

Муассисаи таҳсилоти  умумии рақами 11-уми ноҳияи Риштон яке аз муассисаҳои пешсаф дар ноҳия мебошад. Соли таҳсили 2021-2022 Азимхоҷа Каттабеков ва Диёрахон Эргашалиева маҳз ҳамин даргоҳи маърифатро бо шаҳодатномаи аъло ва хулқи намунавӣ хатм кардаанд. Ҳарду бо супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ аз тариқи онлайн ба якчанд донишгоҳи ватаниву хориҷӣ дохил шудаанд. 
Манзараҳои дилфиреби “Занги аввал” дар сӣ мактаби таҳсилоти умумӣ, се мактаби иқтидорнок ва як мактаби Авлоди баркамоли ноҳияи Сӯх ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ноҳия  ба муносибати “Рӯзи дониш” таҳти сарпарастии шӯъбаи таълими халқ маросимҳои бошукӯҳ баргузор гардидаанд. 
Тавре ки иҷрокунандаи мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия Ҳабибҷон Ҷӯраев гуфт, 1 ҳазору 419 омӯзгор ба фарзандони мардум таълиму тарбия медиҳанд, ки 283 нафари онҳоро занҳо ташкил мекунанд. Ҷамъи донишомӯзони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки ба феҳрастҳо ворид шудаанд, ҳудуди 18 ҳазору 100 нафар мебошад. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: