НАХУСТИН ИҶРОГАРИ «МУНОҶОТ»

Мусиқӣ ва шеърияти тоҷикону ӯзбекон, ки решаҳои қадимии таърихӣ доранд, мисле аз як сарчашма об хӯрдаанд.

Модарони ин ду халқ бачаҳои худро бо замзамаи алла ҳанӯз дар гаҳвора бо мӯъҷизаҳои назму наво ошно намекунанд? Чӣ дар мусиқӣ ва чӣ дар аллаи ин ду бародархалқ як оҳанги дилкаш садо намедиҳад?
Мероси бузурги бобоёнамон «Шашмақом» дар сарзамини тоҷик ва ӯзбек болу пар мекушояд.
Матн тоҷикӣ ё ӯзбекӣ шуданаш мумкин, вале савт, ки нозуктарин торҳои эҳсосро ба ларзиш меорад, як хел. Бо ифодаи дигар, зарб ва оҳанг, мусиқию мақоми ду халқро ҷудо кардан инконнопазир.
Яке аз навоҳои пургудоз, ки дар «Шашмақом» мавқеи ба худ хос дорад, «Муноҷот» ё «Савти муноҷот» мебошад. Шашмақомсароёни тоҷик бар ғазали Туғрал «Муноҷот»-и тоҷикиро ба маром расонда иҷро мекунанд.
Эй фалак, дод аз ҷафоят, бар чӣ ҳолам кардаӣ.
Рост будам чун алиф, монанди долам кардаӣ.
Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Барно Исҳоқова барин овозхонҳои номии тоҷик вақте ин сурудро ба иҷро расонданд, дилҳо об мешуд. Вақтҳои охир иҷрои дилпазири Ҷӯрабек Муродов эътибори  ҳаводорони мусиқии классикиро бештар ба худ ҷалб намуд. Қобили таваҷҷӯҳ боз он ки сарояндагони ҷавон низ ба иҷрои «Савти муноҷот» ҷуръат ва то андозае бо ҳунари волои ҳофизӣ ба дили шунаванда роҳ меёбанд. 
Савт ва навои ҳазину дилобкунандаи «Муноҷот» бо ӯзбекӣ низ басо қобили таваҷҷӯҳ.
Ғазал аз Мир Алишер Навоӣ, ки баробари шоир ва мутафаккири бузург будан яке аз донишмандони илми мусиқӣ ба шумор мерафт.
Кеча келгумдир дебон ул сарви гулрӯ келмади,
Кӯзларимга кеча тонг откунча уйқу келмади.
«Муноҷот»-ро имрӯзҳо дар иҷрои Ҳасан Раҷабӣ, Муноҷот Йӯлчиева, Муноҷот Тешабоева ва даҳҳо овозхонҳои машҳури ӯзбек, ки «Шашмақом»-ро маънию мазмуни фаъолияти ҳунарии худ мешуморанд, мешунавем, лаззат мебарем, мутаассир мешавем.
Ба суоли «беҳтарин иҷрокунандаи Муноҷот» кист», ҷавоб додан душвор. Ҳар овозхон ҳунари ба худ хос ва ҳаводори худро дорад. Вале ба суоли он ки «кӣ аввалин шуда «Муноҷот»-ро иҷро кардааст», ҷавоби аниқ ҳаст. Аввалин иҷрогари ин суруд бар ғазали Ҳазрати Навоӣ Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Берта Давидова мебошад.
Сароянда Берта Давидова, ки яке аз номдорон ва номбардорони санъати сарояндагии ӯзбек ба  ҳисоб меёфт ва хусусан, дар тарғибу рушди санъати мақом саҳми муносиб гузошт, кай ва чӣ тавр ба олами мӯъҷизаомези ҳунар қадам гузошт?
Зодгоҳи Берта Давидова – шаҳри Марғелон. Дар оилаи серфарзанд таваллуд ёфт ва бинобар он ки байни 13 писар ягона духтар буд, бо вуҷуди вазнинии давр, аз нигоҳи иқтисодӣ ночор будани хонадон нозпарвард ба камол расид. Яке аз бародаронаш Мордухай дар мактаби мусиқӣ хонд ва байни ҷавононе, ки опера месароянд, мавқеъ ёфт. Берта низ овози дилнишин дошт, хусусан, сурудҳои ҷаззоби Ҳалима Носироваро ҳаводорӣ ва таври худ замзама менамуд. Мехост аз пайи Мордухай ба олами санъат роҳ ёбад, вале бо ҳидояти падару модар ба омӯзишгоҳи тиббии Тошканд ҳуҷҷат супурд. Соли 1943 омӯзишгоҳро хатм намуд ва дар яке аз шифохонаҳои ҳарбӣ ба сифати ҳамшира ба фаъолияти мустақилона оғоз кард. То рӯҳи ҳарбиёни маҷрӯҳ бардошта, шавқи ҳаётдӯстӣ дар онҳо бедор созад, лаҳзаи муносиб чун даст дод, барояшон суруд мехонд. Гӯшу ҳуш шуда, беморон аз замзамаҳои ӯ фароғат мебурданд. 
Рӯзе ба госпитал ансамбли рақсу суруди назди радиои Ӯзбекистон ташриф овард ва консерт дод. Яке аз маҷрӯҳон гуфт: «Мо низ санъаткори аҷиб дорем, номаш Берта, чунон хушовоз, ҳар қадар сурудашро шунавед боз шунидан мехоҳед».
Ҳарбиён суханони ӯ тасдиқ ва бо меҳру ҳавас ба Берта, ки ҳамагӣ 15 сол дошту хиҷолатомез сар ба зер меафканд, нигоҳ карданд. 
Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Имомҷон Икромов ба ансамбл роҳбарӣ менамуд. Вай бо чеҳраи кушод «духтарам, ба саҳна баро» гуфту ҳама аз хушҳолӣ қарсак заданд. Ба ҳолу ҷонаш нагузошта, Бертаро ба байн бароварданд. Вай бо иҷрои суруди он вақт хеле машҳури «Оқ ойдин кечалар, оппоқ ойдин кечалар» шурӯъ намуд. Ҳама мафтуни овоз ва тарзи иҷрои ҳамшираи тиббӣ, ки аз овозхонҳои касбӣ монданӣ надошт.
Имомҷон Икромов ба дуторнавози номӣ Ориф Қосимов, ки паҳлӯяш менишаст, рӯй овард:
– Овозаш хеле ширадор, ба радио таклиф намекунем, устод?
– Надонам, – гуфт дуторнавоз. – Дар ин ҷо ҳамшира будааст, роҳбаронаш ҷавоб медода бошанд?
Имомҷон Икромов ба роҳбари госпитал гуфтугӯ кард. Рухсати ӯ гирифт ва Бертаро ба радио овард. Бародараш он асно дар театри опера ва балети ба номи Навоӣ солистӣ мекард. Хоҳаракашро дар ҷои нави корӣ дастгирӣ намуд.
Берта Давидова, ҳамин тавр, дар радиои Ӯзбекистон солҳои дароз фаъолият бурд. Аз Имомҷон Икромов, Ориф Қосимов, Юнус Раҷабӣ ва дигар устодони савту сарояндагии ӯзбек дарси ҳунар ва маҳорат омӯхт.
Рӯзе устодаш Имомҷонака Бертаро назди худ хонд ва ғазали Навоиро, ки бо мисраи «кеча келгумдир дебон...» оғоз меёбад, ба вай хононд. Пурсид:
– Ғазал мақул?
– Ҳама ғазалҳои Навоӣ маъқул, – гуфт Берта.
– Бале. Вале аз миёни онҳо шумо ҳамин ғазалро иҷро менамоед. Розиед? 
Берта розӣ шуд. Устоду шогирд хеле вақт ҳамроҳ машқ намуданд. Дар болои талаффузи ҳар як калима соатҳо ҷигар хун карда, ниҳоят, бо ҳамдастӣ бо танбӯрнавоз Мақсудхоҷа Юнусов суруде офариданд бо унвони «Муноҷот».
Соли 1946 «Муноҷот»-ро Берта Давидова бори аввал иҷро намуд. Баробари садо додан он мисле дар тамоми Ӯзбекистон болу пар кушод, дилҳоро забт намуд.
Он вақт сурудҳо пешакӣ сабт карда намешуданд. Дар кӯчаҳо радиокарнайҳо гузошта шуда ва мардум сурудҳоеро, ки бевосита иҷро мешаванд, бо мароқ мешуниданд.
Иҷрои пагоҳина соати 16 боз такрор мешуд. Вақте Берта баъди кор ба кӯча баромад, одамони зиёде, ки паси карнайи радиокомитет ғун шудаанд, ба вай менигаристанд ва мегуфтанд: «Ана духтаре, ки «Муноҷот»-ро хонд».
Ҳама ба ҷунбиш даромада ва чашм аз ӯ намеканданд. Тамоми кӯфтагиҳояш фаромӯш менамуд.
Беҳуда «Муноҷот»-ро суруди дард намегӯянд. Вақте Бертахонум онро месуруд, ба чашми шунаванда ашк метохт. 
Бо иҷрои суруд мисле дарду ҳасратҳои ногуфти Навоии бузургвор низ рӯ зада, дилҳои ҳассосро ба риққат меовард.
Соли 1961 дар мавзеи Ҷанггоҳ (ҳоло боғи истироҳати ба номи Қодирӣ) ҳунарпешагони зиёд, ки байнашон Берта Давидова низ ҳузур дошт, консерт доданд. Нафаре «Муноҷот»-ро хонд. Чун навбат ба Бертахонум расид, 4-5 сурудро иҷро кард ва хост аз саҳна равад. Вале нагузоштанд. Хоҳиш карданд «Муноҷот»-ро хонад. Барои он ки каси дигар он сурудро хонд, Б. Давидова аз такрор худдорӣ менамуд. Мукаррама Турғунбоева гуфт: 
– «Муноҷот» суруди шумост. То онро худатон иҷро насозед, аз саҳна намеравед!
Бале, «Муноҷот» аз ҷониби ҳофизаи нотакрор, соҳибаи ордени «Эл-юрт ҳурмати» Берта Давидова ба тарзи дигар садо медод. Беҳуда ҳаводорони «Муноҷот»-и ӯ дар Тоҷикистон низ бешумор набуданд.

Ш. МУҲАММАД,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: