НАХУСТИН ҶАМЪОМАДИ КОМИССИЯИ ҲАВЗАИ РАЪЙПУРСИИ САМАРҚАНД-7

27-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд нахустин ҷамъомади Комиссияи ҳавзаи раъйпурсии Самарқанд-7 баргузор гардид.

Мувофиқи қарори палатаҳои Олий Маҷлис 30-юми апрели соли ҷорӣ дар мамлакатамон доир ба лоиҳаи қонуни Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» раъйпурсӣ гузаронида мешавад. 
Бо қарори  Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ аз 23-юми марти соли 2023 «Дар бораи ташкили комиссияҳои ҳавзаҳое, ки референдуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешавад» барои гузаронидани референдум дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва дар доираи шаҳри Тошканд 14 ҳавзаи раъйпурсӣ, аз ҷумла, дар вилояти Самарқанд ҳавзаи раъйпурсии Самарқанд-7 ташкил гардидааст.
Дар ҷамъомад ба аъзоёни комиссия гувоҳномаҳо супорида шуданд.
Дар асоси қонун «Дар бораи референдуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қарори дахлдори Комиссияи марказии интихобот аз рӯйи ташкил ва баргузории раъйпурсӣ нақшаи кории комиссияи ҳавза, тақсимоти вазифаҳои аъзои комиссия тасдиқ карда шуд.
Инчунин, маркази матбуоти Комиссияи ҳавзаи раъйпурсии Самарқанд-7 иборат аз чор нафар таъсис ёфт.
Дар ҷамъомад ба аъзои комиссия роҷеъ ба тафсилоти семинари таълимӣ, ки 24-25-уми марти соли ҷорӣ аз тарафи Комиссияи марказии интихобот дар шаҳри Тошканд барои раисони комиссияҳои ҳавзаҳо гузаронида шуд, маълумотҳо тақдим гардид.

Ф. ЮЛДОШЕВ,
ш. САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: